Табрикоти роҳбарияти суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ба муносибати Рӯзи Кормандони Мақомоти Судӣ

Роҳбарияти суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе бо камолу ифтихор кулли кормандони судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба муносибати Рӯзи кормандони мақомоти судӣ самимона табрику таҳният менамояд.
Боиси ифтихор аст, ки маҳз бо татбиқи сиёсати созандагиву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистони азизамон сулҳу суббот, ваҳдату ягонагӣ ва рушди бемайлони мустақилияти адолати судӣ таъмин гардидааст.
Дар  Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20-апрели соли 2011 қайд гардидааст, ки «фаъолияти судяҳо бояд мисли оина покиза бошад ва онҳо бо масъулияти баланд дарк намоянд, ки давлат амалӣ намудани адолати судиро, ки бевосита ба ҳифзу ҳимояи муқаддастарин ва муқаддамтарин арзиш, яъне инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ алоқаманд мебошад, ба мақомоти судӣ бовар намудааст ва саҳлангорию бемасъулиятӣ дар иҷрои ин рисолат амали норавост».
Амалӣ намудани адолати судӣ вазифаи пуршараф, бомасъулият мебошад, ки ба зиммаи судяҳо вогузор карда шудааст.
Бобати дар сатҳи баланди касбӣ амалӣ кардани ин рисолат  сиҳатмандии комил, нерӯи қавӣ, умри бардавом, бигзор комёбиҳои беназир дар фаъолияти амалисозии адолати судӣ  ба ҳар як судя ва кормандони суд  насиб гардад.