Таълиму тарбияи кӯдак — вазифаи ҳар як мост

Тарбияи насли наврас ва таълими дурусти кӯдакон масъалаи муҳиму ҳаётан зарурӣ барои ҳар як ҷомеа мебошад. Кӯдак дар муҳити оилавӣ ба дунё омада, аввалин донишу таассуротҳои худро маҳз дар ҳамин муҳит мегирад. Аз ҳамин сабаб, мақоми оила дар ташаккули шахсияти кӯдак бузург ва ҳалкунанда аст. Вале масъулияти тарбияи кӯдак танҳо ба дӯши оила нест — ин вазифаи муқаддасу муштараки волидайн, омӯзгорон, ҷомеа ва давлат мебошад.

Кӯдакон ояндаи ҷомеа ва идомадиҳандаи арзишҳои фарҳангӣ, ахлоқӣ ва миллии ҳар миллатанд. Агар мо хоҳем, ки ҷомеаи солим, мутамаддин ва пешрафтае дошта бошем, бояд аз имрӯз ба таълиму тарбияи дурусти кӯдакон аҳамияти ҷиддӣ диҳем.

Тарбияи кӯдак бояд фарогири ҳамаи ҷанбаҳои ҳаёт — ахлоқ, ҷаҳонбинӣ, эҳтиром ба бузургон, ҳисси ватандӯстӣ, меҳнати ҳалол ва риояи қонун бошад. Омӯзгори тоҷик гуфтааст: «Кӯдак мисли гули наврӯстанд, ки тарбияи дуруст мисли обу офтоб аст — агар надодӣ, пажмурда мешавад». Муассисаҳои таълимӣ дар қатори оила нақши калидӣ доранд. Омӯзгорон бояд на танҳо донандаи фан, балки тарбиятгари асили инсон бошанд. Муносибати нек, сухани самимӣ ва рафтори шоиста аз ҷониби омӯзгор метавонад таъсири амиқ ба дили кӯдак гузорад ва ӯро ба роҳи дуруст ҳидоят намояд.

Ҷомеаи солим он аст, ки дар он ҳар фарди бомаърифат нисбати кӯдак ва тарбияи ӯ бетараф намемонад. Ҳар сухан, ҳар рафтор ва ҳар амали шахсони калонсол метавонад барои кӯдакон намунаи ибрат гардад — ҳам хуб ва ҳам бад. Аз ин рӯ, ҳар як шахс — хоҳ омӯзгор бошад, хоҳ ҳамсоя, хоҳ роҳгузар — бояд эҳсоси масъулият ва фарҳанги муносибат бо кӯдаконро дар худ тарбия кунад.

Таълиму тарбияи кӯдак танҳо вазифаи падару модар нест — ин рисолати бузурги миллӣ ва инсонӣ мебошад. Ҳар қадами неке, ки барои рушди маънавӣ, ахлоқӣ ва зеҳнии кӯдак гузошта мешавад, сармоягузорӣ ба ояндаи миллат аст. Агар кӯдаконро имрӯз омӯхтем, онҳоро бо муҳаббат, сабр ва илму адаб тарбия кардем, пас фардо аз ҷомеаи солим, босавод ва пешрафта баҳравар хоҳем шуд.

Мо, ҳамчун аҳли ҷомеа, муваззафем, ки нисбати кӯдакон бетараф набошем — зеро кӯдак оинаи оянда ва шиносномаи миллат аст.

Таълиму тарбияи кӯдак яке аз муқаддастарин вазифаҳоест, ки на танҳо бар дӯши падару модар, балки бар гардани тамоми ҷомеа ва ниҳодҳои давлатӣ, аз ҷумла ҳокимияти судӣ низ вогузор шудааст. Таҷрибаи судии солҳои охир нишон медиҳад, ки бештари парвандаҳои марбут ба ҷинояткории ноболиғон, бекорхобӣ, зӯроварӣ дар оила ва бепарвоии падару модар сабаби аслӣ ва решаи умқии тарбияи носолими кӯдак мебошад.

Дар мурофиаҳои судӣ ҳолатҳое ошкор мегарданд, ки кӯдакон ба хотири набудани назорати оилавӣ, муҳити носолим ва ё набудани маърифати ҳуқуқӣ ба роҳҳои нодуруст қадам мегузоранд. Суд, дар ин ҳолатҳо, танҳо мақоми баррасии қонуншиканиҳо нест — балки дар бисёр маврид, суд нақши ислоҳгар, ҳидоятгар, ва ҳатто тарбиятгар-ро бар дӯш мегирад.

Таҷрибаҳо нишон додаанд, ки судяҳо бо муносибати инсонгароёна ва масъулиятшиносона, дар баррасии парвандаҳои ноболиғон, мекӯшанд, ки ҷазо на танҳо воситаи маҳдудкунӣ бошад, балки роҳе барои ислоҳи шахс ва ҳидоят ба зиндагии шоиста гардад. Қарорҳои судӣ дар парвандаҳои кӯдакон ва ҷавонон, ки бо риояи қонуният ва дарки ҳолати равонӣ қабул мешаванд, метавонанд барои дигар кӯдакон низ ҳамчун ибрат ва омӯзиш хизмат кунанд.

Илова бар ин, бо ибтикори баъзе судҳо, дар ҳамкорӣ бо маориф, комиссияҳои ҳифзи ҳуқуқи кӯдак ва ВАО, мурофиаҳои кушодаи судӣ, вохӯриҳо бо хонандагон, барномаҳои тарбиявӣ ва маърифатии ҳуқуқӣ роҳандозӣ шуда истодаанд. Ин амалҳо нишон медиҳанд, ки ҳокимияти судӣ метавонад дар баланд бардоштани сатҳи фарҳанги ҳуқуқӣ ва эҳсоси масъулият дар байни кӯдакон ва волидайн нақши муассир бозад.

Аз ин рӯ, ҳокимияти судӣ на танҳо дар татбиқи қонун, балки дар ҷилавгирӣ аз падидаҳои манфӣ дар раванди тарбияи кӯдакон низ вазифаи муҳими тарбиявӣ ва иҷтимоӣ бар дӯш дорад. Баромадҳои судяҳо дар мактабҳо, таҷрибаҳои ислоҳии сабук, иштирок дар барномаҳои таълимӣ — ҳамаи ин гувоҳи онанд, ки суд метавонад ба як мактаби эҳтиром ба қонун ва ахлоқи ҷомеа табдил ёбад.

Дар ниҳоят, танҳо бо иттиҳоди кӯшиши ҳама — оила, мактаб, ҷомеа ва махсусан ҳокимияти судӣ — мо метавонем фарзандонеро тарбия кунем, ки бо маърифати ҳуқуқӣ, ахлоқи шоиста ва эҳсоси баланди ватандорӣ ба воя расанд. Танҳо чунин кӯдакон метавонанд кафили ояндаи дурахшон ва ҷомеаи адолатпарвари мо бошанд.

 

Судяи суди ноҳияи

Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе           Босхонзода Саида Босхон