Тасарруфи пулу моли ба тариқи кредит додашуда

Суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе дар ҳайати раисикунанда Исозода Х.И. парвандаи ҷиноятиро нисбати Шарифов Муртазо Охунович 12 феврали соли 1971 санаи таваллудаш, зодаи ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд, миллаташ тоҷик, таҳсилоташ миёна, сардори хоҷагии деҳқонии Ғузни Ҷамоати деҳоти Обурдони ноҳияи Мастчоҳ, қаблан суд нашудааст, оиладор соҳиби чор фарзанд, сокини ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд, Ҷамоати деҳоти Обурдон, кӯчаи Н.Юлдошев хонаи 63 дар содир намудани ҷинояти дар моддаи 246 қисми 3 банди “б” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишударо баррасӣ намуда, муайян кард, ки ӯ миёнаҳои моҳи январи соли 2015 бо мақсади машғул шудан ба фаъолияти соҳибкорӣ аз қабили харид ва нигоҳубини чорвои гусфанд, назди Аминзода Бадриддин, муовини раиси БДА Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» дар вилояти Суғд ҳозир гашта, дар хусуси тартиби гирифтани қарзи кредитӣ ва ҳуҷҷатгузории он маълумот пайдо карда, назди шиносаш Ваҳобов Иди Ваҳобович, сокини ноҳияи Мастчоҳ, Ҷамоати деҳоти Обурдон омада, бо роҳи фиреб, ваъдаҳои бардуруғ дода ба боварии номбурда даромада, пешниҳод кардааст, ки ба номаш қарзи кредитӣ гиранд. Ваҳобов Иди Ваҳобович бехабар аз ният ва мақсадҳои Шарифов Муртазо Охунович ба пешниҳоди мазкур ҷиҳати ба номаш ба расмият даровардани қарзи кредетӣ розигӣ додааст. Пас аз ин Шарифов Муртазо Охунович тамоми ҳуҷҷатҳои лозимаро омода карда, ба Муассисаи давлатии “Фонди дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон” пешниҳод намудааст. Дар ҳамин асос санаи 02 феврали соли 2015 байни Ваҳобов Иди Ваҳобович ва БДА Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» шартномаи қарзии №020215/0006-01 бо мақсади таъсис додани сехи коркарди пашм ва истеҳсоли гушти гусфанд бо 12 фоизи солона ба мӯҳлати ду сол ба имзо расонида шуда, аз ҳисоби маблағҳои гардиши Муассисаи давлатии “Фонди дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон” маблағи 700000 сомонӣ ҷудо гардида, баҳри таъминоти маблағи гирифташуда бошад панҷ адад манзилҳои истиқоматии воқеъ дар суроғаи ноҳияи Мастчоҳ, Ҷамоати деҳоти Обурдон мавҷудбуда ба гарав гузошта шудаанд. Шарифов Муртазо Охунович пас аз гирифтани маблағи 700000 сомонӣ аз бонки мазкур 110000 сомони онро ба дасти Ваҳобов Иди Ваҳобович дода хоҳиш кардааст, ки фоизҳои қарзи бонкиро дар мӯҳлат пардохт кунад ва боқимонда маблағро бошад барои пешрафти корҳои хоҷагӣ ва ба манфиатҳои шахсии худ сарфа карда, аз он маблағ 833,24 сомонӣ қарзи асосиро пардохт намуда, боқимонда маблағи 699166,76 сомонии дигарашро тасарруф карда, ба бонк пардохт накардааст, ки бо ин кирдори худ ба Муассисаи давлатии “Фонди дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон” ҷамъ ба маблағи 699166,76 сомонӣ зарари махсусан калони моддӣ расонидааст.

Судшаванда Шарифов Муртазо Охунович дар мурофиаи судӣ бо айби ба ӯ эълоншуда худашро пурра гунаҳгор ҳисобида, аз суд хоҳиш намуд, ки нисбаташ ҷазоисабук таъин карда шавад.

Гуноҳи судшаванда Шарифов Муртазо Охунович бо вуҷуди ба гуноҳи худ пурра иқрор буданаш дар мурофиаи судӣ бо далелҳои дар қабати парвандаи ҷиноятӣ буда исботи худро ёфт.

Суд кирдори судшаванда Шарифов Муртазо Охуновичро бо моддаи бо моддаи 246 қисми 3 банди “б” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷавобгарии ҷиноятиро барои тасарруфи пулу моли ба тариқи кредит додашуда бо аломати ба миқдори махсусан калон содир шудааст банду баст кард.

Ҳангоми таъини ҷазо суд хусусияту дараҷаи хавфнокии ҷамъиятии ҷинояти содиршуда, ҳолатҳои сабуккунанда ва вазнинкунанда ва шахсияти судшаванда Шарифов Муртазо Охуновичро ба инобат гирифта, ӯро бо моддаи 246 қисми 3 банди “б” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста, ба ӯ бо ин модда ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати 9 (нуҳ) сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи машғул шудан ба фаъолияти соҳибкорӣ ба мӯҳлати 4 (чор) сол, бо адо намудани ҷазо дар колонияҳои ислоҳии дорои низоми пурзӯр, таъин кард.