Тавсифи умумии ҷиноятҳо ба муқобили асосҳои сохтори конститутсионӣ ва амнияти давлат

Инкишоф ва мукаммалнамоии низоми ҳуқуқӣ ва қонунгузорӣ доимо сабаби зарурияти ҳалли мухолифатӣ асосӣ байни инкишофи протсесҳои объективии нави  ҷамъият ва давлат ва шакли куҳнашудаи ҳуқуқии инъикоси онҳо мегардад. Ҷиноятҳо ба муқобили асосҳои сохтори конститутсионӣ ва амнияти давлатро, ки то соли 1998 ҳамчун «ҷиноятҳои давлатӣ» ном мебурданд, таърихи куҳан дошта аз замони пайдоиши аввалин давлатҳои тоҷикон ташаккул ва инкишоф ёфтаанд.

Ҳифзи асосҳои сохтори конститутсионӣ ва амнияти давлат яке аз вазифаҳои асосии қонуни ҷиноятӣ ва ҳуқуқи ҷиноятӣ дониста шудааст. Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар боби 29 ҷавобгарии ҷиноятиро барои ҷиноятҳо ба муқобили асосҳои сохтори конститутсионӣ ва амнияти давлат пешбинӣ намудааст.

Дар зери мафҳуми ҷиноятҳо ба муқобили асосҳои сохтори конститутсионӣ ва амнияти давлат кирдор, ҳаракат ё беҳаракатии ба ҷамъият хавфноки бо қонуни ҷиноятӣ пешбинишудае дониста мешавад, ки қасдан ё аз беэҳтиётӣ содиршуда ба асосҳои сохтори конститутсионӣ ва бехатарии давлат, ки дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мустаҳкам ва кафолат дода шуда таҷовуз меоварад.

Ин гурӯҳи ҷиноятҳо ба асосҳои сохтори конститутсионӣ ва амнияти давлат таҷовуз мекунанд, ки дар як вақт онҳо ба сифати объекти намудии (вобаста ба номи боби Кодекси ҷиноятӣ) ин гурӯҳи ҷиноятҳо баромад мекунанд.

Дар адабиёти илмӣ-ҳуқуқӣ вобаста ба мафҳуми асосҳои сохтори конститутсионӣ фикри ягона вуҷуд надорад. Асосҳои сохтори конститутсионӣ ҳамчун падидаи нав бо ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ ва қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон алоқаманд буда, он узвҳои муҳимтарини сохтори ҷамъият, шакли давлат, алоқамандии манфиатҳои кули байни инсон ва шаҳрванд ва ҷамъияту давлатро дар сатҳи олии ҳуқуқӣ муқаррар ва танзим менамояд.

Асосҳои сохтори конститутсионӣ ҳамчун институти ҳуқуқӣ дар боби якуми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон инъикос гардида, фарогирандаи чунин арзишҳою муносибатҳо мебошад: шакл ва моҳияти давлат; рамзҳои давлатӣ;  арзиши олӣ эътироф шудани ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд ва дахлнопазирии ҳуқуқҳои фитрии он; соҳибихтиёрии халқ ва шаклҳои он; тақсимнашаванда ва дахлнопазир будани марзи давлатӣ, соҳибихтиёрӣ, истиқлолият ва тамомияти арзии Тоҷикистон; дар асоси равияҳои гуногуни сиёсиву мафкуравӣ инкишоф ёфтани ҳаёти ҷамъиятӣ; дар таҷзияи он амалӣ гаштани ҳокимияти давлатӣ; эътибории олии ҳуқуқӣ ва мустақиман амал намудани Конститутсияи Тоҷикистон; Қисми таркибии низоми ҳуқуқии ҷумҳуриро ташкил кардани санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст; сиёсати сулҳҷӯёнаи хориҷии Тоҷикистон; асоси иқтисодиёти Тоҷикистонро ташкил кардани гуногун шаклии моликият, баробарҳуқуқӣ ва ҳифзи ҳуқуқии ҳамаи шаклҳои моликият дар шакл ва мазмуни олии ҳуқуқӣ муқаррар шудаанд. Бояд қайд намуд, ки ҳамаи ин муносибатҳо ва арзишҳо бевосита таҳти ҳимояи боби 29 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дода нашудаанд. Баъзеи ин муносибатҳо ва арзишҳо тавассути бобҳои 16, 19, 26, 27, 31 ва 34 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифз карда шудаанд.

Вобаста ба боби 29 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таркиби асосҳои сохтори конститутсионӣ ҳамчун объекти намуди истиқлолияти давлатӣ, сохти конститутсионии давлат, дахлнопазирии арзӣ, ҳокимияти давлатӣ, тамомияти арзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, баробар ҳуқуқии инсон ва шаҳрванд, фаъолияти давлатӣ ё дигар фаъолияти сиёсӣ дохил мешаванд, ки Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро дар моддаҳои 305-313 аз таҷовузи ҷинояткорона ҳифз намудааст.

Категорияи амнияти давлат дар баробари асосҳои сохтори конститутсионӣ ҳамчун объекти намудии ин ҷиноятҳо баромад менамояд. Зери мафҳуми амнияти давлат одатан ҳолати муҳофизатии манфиатҳои ҳаётан муҳими кишвар аз таҳдидҳои воқеӣ ва эҳтимолии дохиливу берунӣ фаҳмида мешавад. Амнияти давлат бо манфиатҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд; нигоҳдории ризоияти ҷомеа ва устувории сиёсӣ дар мамлакат; рушду устувории иқтисодиёти кишвар; тағйирнопазирии сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла истиқлолияти давлатӣ, шакли идораи ҷумҳурӣ, тамомияти арзӣ, дахлнопазирии сарҳади давлатӣ ва ҷудонашаванда будани ҳудуди он; фаъолияти устувори ниҳодҳои давлатдорӣ, таҳким ва самаранокии фаъолияти онҳо; таъмини муҷаҳҳазгардонӣ ва омодагии ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар қўшунҳо ва воҳидҳои ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон; таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ дар асоси ҳамшарикӣ алоқаманд мебошад.

Тарафи объективии ҷиноятҳо ба муқобили асосҳои сохтори конститутсионӣ ва амнияти давлат аз ҳаракат иборат буда, танҳо моддаи 312 аз беҳаркатӣ содир шуда метавонад.

Аз рӯи сохти (конструксияи) худ бештари таркибҳои ҷиноятҳо ба муқобили асосҳои сохтори конститутсионӣ ва амнияти давлат расмӣ мебошанд. Танҳо таркиби қисми 2 моддаи 311 ва моддаи 312 моддӣ буда, онҳо бавуҷуд омадани оқибатро дар намуди “оқибатҳои вазнин” пешбинӣ намудаанд.

Вазъияти содир кардани ҷиноят дар таркиби баъзе ҷиноятҳо бевосита нишон дода шудааст, ба монанди вазъияти ҷангӣ ва замони ҷанг (қисми 2 моддаи 305, қисми 2 моддаи 306).

Субъекти ҷиноятҳо ба муқобили асосҳои сохтори конститутсионӣ ва бехатарии давлат шахси ҷисмонии мукаллафи ба синни 16 расида мебошад. Аксарияти ин ҷиноятҳо субъекти махсусро пешбинӣ намудаанд.  Масалан, хизматчии ҳарбӣ (моддаҳои 305, 306), бо истифода аз мақоми хизматӣ (моддаҳои 305, 306, 307, 3072, 3074), шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон (моддаи 305), шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрвандӣ (моддаи 308), шахсе, ки сирри давлатӣ ба ў бовар карда шудааст ё вобаста ба хизмат ё кор ба ў маълум аст (моддаи 311).

Тарафи субъективии ҷиноятҳо ба муқобили асосҳои сохтори конститутсионӣ ва амнияти давлат бештар дар қасди бевосита ифода мегарданд. Танҳо таркиби моддаи 312 аз беэҳтиётӣ содир шудани ҷиноятро муқаррар намудааст.

Барои як қатор таркибҳо мақсад ва ангеза ҳатмӣ мебошад.

Мақсади ҷиноят – ин тасаввурот оиди натиҷаҳои ҷиноят мебошад, ки субъект барои ноил шудан ба он кӯшиш менамояд. Масалан, мақсади таркиби қисми 1 моддаи 306 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ё бо зӯроварӣ тағйир додани тамомияти арзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақсади тахрибкорӣ (моддаи 309) ноустувор сохтани имнияти иқтисодӣ ва иқтидори мудофиавии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Мақсадҳои мазкур дар моддаҳои дахлдор мушаххасан нишон дода шуда, ба сифати аломати ҳатмии таркиби ҷиноят баромад менамоянд.

Ангеза дар моддаҳои зерин ҳамчун аломати ҳатмӣ омадааст: қисми 3 моддаи 307 бо нияти душманона,  қисми 1 моддаи 3072 нигоҳи бадбинӣ ё кинаю адовати идеологӣ, сиёсӣ, нажодӣ, миллӣ, маҳалгароӣ, ё динӣ, ҳамчунин аз нигоҳи бадбинӣ ё кинаю адоват нисбати кадом як гурўҳи иҷтимоӣ, моддаи 310 интиқом барои фаъолияти давлатӣ ва сиёсӣ.

Тавре қайд гардид, ҷиноятҳо ба муқобили асосҳои сохтори конститутсионӣ ва бехатарии давлат дар боби 29 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шуда аз моддаҳои 305 то 313-ро дар бар мегиранд. Назарияи ҳуқуқи ҷиноятӣ ҳамаи ин ҷиноятҳоро шартан ба чунин гурӯҳ тақсим намудааст, ки дар асоси он таҳлили минбаъдаи таркиби ҷиноятҳои алоҳида анҷом дода мешавад:

  • Вобаста аз мазмуни объекти бевоситаи ин гуруҳи ҷиноятҳо, ҳамаи ҷиноятҳои боби 29 Кодекси ҷиноятиро чунин тасниф намудан мумкин аст:

а) ҷиноятҳо ба муқобили бехатарии истиқлолият тамомияти арзӣ ва дахлнопазирии давлат, ба монандӣ: хиёнат ба давлат (моддаи 305), бо зўроварӣ ғасб намудани ҳокимият ё бо зўроварӣ нигоҳ доштани ҳокимият (моддаи 306), даъвати оммавӣ барои бо роҳи зўроварӣ тағйир додани сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон (моддаи 307), ҷосусӣ (моддаи 308), таҷовуз ба ҳаёти арбоби давлатӣ ё ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (моддаи 310), исёни мусаллаҳона (моддаи 313);

б) ҷиноятҳои хусусияти экстремистидошта, ба монандӣ: даъвати оммавӣ барои амалӣ намудани фаъолияти экстремистӣ (ифротгароӣ) ва сафедкунии оммавии экстремизм (моддаи 3071, ташкили иттиҳоди экстремистӣ (ифротгароӣ) (моддаи 3072), ташкили фаъолияти ташкилоти экстремистӣ (ифротгароӣ) (моддаи 3073), ташкили таълим ё гурўҳи таълимии хусусияти динии экстремистидошта (моддаи 3074);

в) ҷиноятҳо ба муқобили асосҳои амнияти иқтисодии давлат ва иқтидори мудофиавии он (моддаи 309 таҳрибкорӣ);

г) ҷиноятҳо ба муқобили амнияти иттилоотии давлат, ба монандӣ:  ифшои сирри давлатӣ (моддаи 311), гум кардани асноди дорои сирри давлатӣ (моддаи 312).

Таснифи мазкур хусусияти ҳам доктриниалӣ ва ҳам амалиро дорад, зеро таснифи ҷиноят аз рӯи объекти он имконият медиҳад, ки табиати сиёсӣ-иҷтимоии кирдор, инчунин хусусият ва дараҷаи ба ҷамъият хавнокии онро муайян намуд.

  1. Вобаста ба таснифи категорияи «амният» ба амнияти дохилӣ ва берунӣ чунин таснифи ҷиноятҳо ба асосҳои сохтори конститутсионӣ ва бехатарии давлатро додан мумкин аст:

а) ҷиноятҳое, ки ба амнияти (бехатарии) дохилии давлат таҷовуз мекунанд, ба ин гуруҳ дохил мешаванд: моддаҳои 306, 307, 3071, 3072, 3073, 3074, 309, 310, 311, 312, 313;

б) ҷиноятҳое, ки  ба амнияти (бехатарии) берунаи давлат таҷовуз мекунанд, ба ин гуруҳ дохил мешаванд: моддаи 305 ва моддаи 308.

Таснифи мазкур бешубҳа метавонад ба бандубасти ҷиноят дар амалия таъсир расонад ва ҳамчун воситаи тафриқагузории ҷавобгарии ҷиноятӣ дар сатҳи қонунгузорӣ  ва фардикунонии ҷазо дар сатҳи амалӣ истифода гардад.

Котиби судии суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, Зоидбоева М.