Ваҳдат неъмати бебаҳо!

Бо самимияти беандоза ҳамаи Шумоёнро бо фарорасии бузургтарин дастоварди халқу миллати азизамон 25-умин солгарди ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва Ваҳдати миллӣ табрику таҳният гуфта, бароятон сиҳатию саломатии комил, умри дарози пурбаракат, гул-гун шукуфоии Ватани азизамон ва тамоми бурдбориҳои зиндагиро таманно менамоям.
Маҳз Ваҳдати миллӣ барои пойдории истиқлолият ва рушди давлатдориамон заминаи мусоидеро фароҳам овард. Тавассути ин неъмати бебаҳо ва шарофати сиёсати хирадмандонаи Рохбарияти давлату миллатамон ба дастовардхои муҳими иқтисодию иҷтимоӣ, сиёсиву фарҳангӣ ва илмию истехсолӣ ноил гардидем. Вахдату хамдилӣ имкон фароҳам овард, ки давлату давлатдории миллӣ таҳким ёбад, худшиносиву худогоҳӣ, ҳисси ватандустиву ватанпарастии мардум густариш пайдо кунад, маърифати сиёсиву ҳуқуқии аҳолии кишвар боло гардад. Дар муҳити ваҳдату ҳамдили имрӯз мо барои расидан ба ояндаҳои аз ин ҳам дурахшонтару зеботар талош мекунем.
Имсол мардуми шарифи Тоҷикистон 25-умин солгарди ҷашни Вахдати миллиро дар фазои сулҳу суббот ва рушду шукуфои истиқбол мегиранд. Дар замони сохибистиқлоли баҳри таҳкими рукунҳои давлатдории навинамон санаҳои муҳими воқеан ваҳдатофар аз кабили ҷашни Истиқлолият, рӯзи Ваҳдат, рӯзи Парчами давлатӣ ва дигар санаҳои фархундаву муборак таҷлил мегарданд, ки ин арҷгузориҳо дар тақвияти ташаккули шинохти миллӣ, ҳифзи сарзамину садоқат ба он нақши муассир мегузоранд. Дар муҳити ваҳдату ҳамдилӣ, инсон манфиятхои умумимиллӣ ва умумидавлатиро аз дигар манфиято болотар медонад. Дарк мекунад, ки ҳастии ӯ  танҳо ба ҳастии  тамоми мардуму миллат қудрат пайдо мекунад. Мо тавассути Вахдати миллӣ тавонистем ба ҳадафҳои созанда ва зиндагии осоиштаву босаодат бирасем.
Бигзор сулҳу Ваҳдат мақсаду мароми зиндагии тамоми шаҳрвандони Ватани азизамон гардад!

Бо эҳтиром,
Судяи суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, Ҳамидзода М.