Зӯроварӣ дар оила амали номатлуби ҷомеа

Судяи суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Исозода Х.И. дар маҷлиси ошкорои судӣ, дар бинои суди ноҳия парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмуриро нисбати Камолов Маъруф Раҷабович, 31.07.1970 сол санаи таваллудаш, зодаи шаҳри Душанбе, миллаташ тоҷик, таҳсилоташ миёна, муваққатан бекор, оиладор соҳиби чор фарзанд, сокини шаҳри Душанбе, кӯчаи Ғанӣ Абдулло, бо моддаи 93(1) Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди баррасӣ қарор дод.

Муайян карда шуд, ки санаи 07.06.2020 сол тахминан соатҳои 22:30 дақиқа дар кўчаи Ғанӣ Абдуллои шаҳри Душанбе Камолов Маъруф Раҷабович нисбати ҳамсараш Обидова Назира Мамадзоировна ва духтараш Камолова Шукрона Маруфовна, зӯроварии ҷисмонӣ нишон дода, дашномҳои қабеҳи таҳқиромез додааст.

Ҳуқуқвайронкунанда Камолов Маъруф Раҷабович дар маҷлиси судӣ худашро гунаҳгор ҳисобида, аз кирдори содиркардааш сидқан пушаймонӣ изҳор намуда, аз суд хоҳиш кард, ки нисбаташ ҷазои сабук таъин карда шавад.

Суд баёноти иштирокчиёни мурофиаро шунида, маводҳои дар қабати парванда мавҷудбударо таҳқиқ намуда, бо назардошти асосҳои зерин хулоса мебарорад.

Мувофиқи талаботи моддаи 25 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зуроварӣ дар оила» шахсони воқеъӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. Мувофиқи моддаи 1-и Қонуни мазкур зӯроварӣ дар оила — кирдори зиддиҳуқуқии қасдонаи дорои хусусияти ҷисмонӣ, рўҳӣ, шаҳвонӣ ё иқтисодӣ, ки дар доираи муносибатҳои оилавӣ аз ҷониби як узви оила нисбат ба дигар узви оила содир шуда, боиси поймол шудани ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ, расонидани дарди ҷисмонӣ ё зарар ба саломатии ў мегардад ё таҳдиди расонидани чунин зарарро ба вуҷуд меорад.

Суд кирдори ҳуқуқвайронкунанда Камолов Маъруф Раҷабовичро бо моддаи 93(1) КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне барои риоя накардани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи пешгирии зўроварӣ дар оила, яъне содир намудани кирдори қасдонаи дорои хусусияти ҷисмонӣ, рўҳӣ ё иқтисодӣ ё таҳдиди содир намудани онҳо дар муносибатҳои оилавӣ, агар ин кирдор боиси поймол шудани ҳуқуқ ва озодиҳои аъзои оила гардад, ҳангоми набудани аломатҳои ҷиноят, бандубаст кард.

Раводиди моддаи 93(1) КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо ҷазои ҷаримаро муқаррар намудааст.

Бо ҳамин суд Камолов Маъруф Раҷабовичро бо моддаи 93(1) Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста, ба ў мувофиқи ҳамин модда ҷазои ҷарима ба андозаи се нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 174 (яксаду ҳафтоду чор) сомонӣ ба фоидаи давлат таъин кард.