Дар асоси супориши рохбарияти Суди Олии Чумхурии Точикистон, санаи 23 августи соли 2025 шанбегии дастачамъона дар суди нохияи Исмоили Сомонии шахри Душанбе баргузор гардида, тозаги ва корхои ободонию созандаги ба рох монда шуд!
Сулҳу ваҳдат ифтихори миллати сохибдилам,
Васфи онхоро намояд, решаи чону дилам.
Дар миёни қавмхо пайвастагӣ моро аз он,
Даҳр бинмояд ситоиши мардуми барнодилам.
Сулҳу ваҳдат ибораҳоянд, ки ҳамеша дилчаспу дилнишин ва бо аҳли шево садо дода, бевосита шунавандаро ба фикр кардан водор месозанд.
Сулх-оштиву фарзонагӣ, якдигарфахмӣ ва толиби осоиштагӣ будани мардумро тачассумгар аст.
Вахдат бошад ба хам омадан , сар аз як гиребон бурун овардан, хамдигарфахму поктинату миллатдӯст будан.
Вахдат-беҳтарин неъмат, хаёти инсон, орзуву армон, тахкими давлат, начоти миллат, рушди точикон , нумуи даврон хастии инсон дар хар замину замон аст.
Вахдат ва сулхи умумибашарии Точикистон ҷонибдории мамлакатхои ҳамзамони берунмарзи мавқеу мақоми онро дар микёси ҷаҳон овозадор менамояд. Имрӯз иттифоқ ва ҳамдилии халқи тоҷик мавриди омӯзиши Созмони Миллали Муттаҳид ва бисёр ташкилотхои олам гардидааст. Худшиносӣ ва худогохии миллӣ гуё пандест аз гузаштаи дурру пешрафти маънавиёти кишвар. Танхо бо рохи вахдат,якдигарфахмии истиқлоли кишварро мухофизату пойдор ва ягонагии мардумро устувор карда метавонем.
Танхо дар сурати вахдат душворихо ва монеахо паси сар мешаванд, рӯзгори мардум рӯ ба бехбуди меорад, кишвари азизамон ба шохрохи пешрафту тараккиёт рӯ меорад. Ба ақидаи Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти мамлакат Эмомалӣ Рахмон «Ҳар касе, ки нихоле сабзонда бошад, медонад, дарахт соле як маротиба ҳосил медихад. Аммо ниҳоле низ хаст, ки хамеша меваи ширин ба бор меорад. Мо меваи ширину сабзонидаамонро чашидем, ҷомеаи мо аз он бахравард гардид, мо ҳаргис роҳ намедихем, ки дигар теша ба решаи он рассад».
Он даарахте , ки Президентамон ба сулху вахдат ташбех додаанд, имрӯзхо мевахои ширину бисёре ба самар оарда истодааст, ки бо онхо мо, точикон фахр мекунем. Муносибати нави давлатӣ, сиёсати сохибистиклол гардидани Тоҷикистон, сохмони роххои нави дохилию берунӣ ва ба хоричӣ кишвар баромадани точиконро ба миён гузошт. Роҳи оҳани Кургонтеппа — Кулоб сохмони шохрохи Вахдат ба мамлакатхои Осиё, ба сӯи укёнуси ҷаҳон, роҳҳои калонтарини хушкигард расонид. Ин ахвол боиси эхёи арзишхои миллии роҳи бузурги Абрешим гардид, ки Бохтару Суғдро бо калонтарин давлатҳои ҷахон мепайвандад.
Ҳақиқатан Ваҳдати миллӣ шукуфоиии Ватан аст, зеро дар давлате, ки сулҳу амонӣ ва дӯсти ҳукумфармост, он давлат рӯз то рӯз гул-гул мешукуфад, иқтисодиёташ тадриҷан меафзояд, ҳам аз ҷихати сиёсӣ ва ҳам аз ҷихати фарҳангӣ пеш меравад.
Маҳз бо кӯшишҳои пайгиронаи Пешвои миллат,Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти кишвар Эмомалӣ Рахмон миллати парешон сарчамъ омад, мамлакат обод шуд, пеш рафт, гул-гул шукуфт ва имрӯз дар чеҳраи ҳар фарзанди тоҷик нишоту хурсандист , ваҳдату сулҳ падидор аст.
Хулоса, чун як фарзанди бонангу номус ва баори миллат бо сулҳу ваҳдати кишвари азизам имрӯз меболам ва ифтихор метавонам гӯям.
Пояи сулҳу осоиштагӣ дар ин сарзамини хамешабаҳор ба ҳадди бузург мустаҳкам гашта, зеро онро фарзанди бузурги ин сарзамин устуворӣ бахшида,такягох аст.
Судяи суди ноҳияи
Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе КАРИМЗОДА РУЗАФЗУН ШОДМОН
Таърихи рушди низоми судӣ ва мақоми судя дар ҷомеа аз давраҳои қадим сарчашма мегирад. Ҳатто дар тамаддунҳои бостонӣ, зарурати як нафар ё гурӯҳи бетараф барои ҳаллу фасли баҳсҳо вуҷуд дошт.
Бо ба даст овардани истиқлолият, Ҷумҳурии Тоҷикистон низоми судии худро таъсис дод. Соли 1994 бо қабули Конститутсия, мақоми судя ҳамчун ҳомии адолат ва кафили риояи ҳуқуқи инсон расман эътироф гардид. Аз он замон то имрӯз, Тоҷикистон дар самти мустақилияти суд, баланд бардоштани сатҳи тахассуси судяҳо ва назорати шаҳрвандӣ нисбат ба адолати судӣ қадамҳои устувор бардоштааст.
Адолати судӣ яке аз рукнҳои асосии давлатдории ҳуқуқбунёд ва ҷомеаи демократӣ мебошад. Маҳз судя ҳамчун шахси соҳибихтиёр ва холис бояд кафили риояи қонун, баробарии шаҳрвандон ва таъмини адолат дар доираи мурофиаҳои судӣ бошад. Ин масъулияти бузург на танҳо дониш ва таҷрибаи ҳуқуқӣ, балки ахлоқи баланд ва одоби касбиро талаб мекунад.
Судя шахсе мебошад, ки бо роҳи таъин ё интихоб (дар баъзе кишварҳо) барои ҳалли парвандаҳо, баррасии баҳсҳои ҳуқуқӣ ва қабули қарорҳои одилона вобаста ба қонун таъин мегардад. Судя дар амалисозии ҳокимияти судӣ нақши калидӣ дорад ва вазифаашро дар асоси Конститутсия, қонунҳо ва виҷдони худ иҷро мекунад.
Судя бояд дар ҳар ҳолат дар баррасии парванда бетараф, беғараз ва бо такя ба далелҳои воқеӣ ва меъёрҳои ҳуқуқӣ амал намояд. Қарорҳое, ки судя қабул мекунад, метавонанд ҳаёти шахсро ба таври куллӣ тағйир диҳанд. Аз ин рӯ, ҳар як қарори судя бояд на танҳо ба қонун, балки ба адолат ҷавобгӯ бошад.
Мустақилияти судя кафолати адолат аст. Бе вуҷуди ин мустақилият, судя наметавонад озодона ва бо эътимоди пурра қарор қабул кунад. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба ин масъала таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир карда, барои ҳимояи мустақилияти судя тадбирҳои муайян пешбинӣ намудааст.
Эътибори судя дар чашми ҷомеа бояд баланд бошад. Вақте ки мардум ба судя эътимод доранд, ба низоми судӣ низ эътимод мекунанд. Рафтори шахсӣ ва касбии судя метавонад намунаи ибрат барои дигар хизматчиёни давлатӣ гардад. Ҳамзамон, масъулияти ӯ низ дучанд бештар аст.
Нақши судя дар таъмини адолати судӣ на танҳо иҷрои вазифа, балки рисолати иҷтимоӣ мебошад. Таъмини баробарии ҳамаи шаҳрвандон дар назди қонун, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳо ва пешгирии золимӣ — ҳамаи ин вазифаҳое ҳастанд, ки аз судя масъулияти бузургро тақозо мекунанд. Бо рушди фарҳанги ҳуқуқӣ ва ҳимояи мустақилияти судя, ҷомеа метавонад ба адолати ҳақиқӣ наздиктар гардад.
Нақши судя дар таъмини адолати судӣ на танҳо иҷрои вазифа, балки рисолати иҷтимоӣ мебошад. Судя ҳамчун намояндаи ҳокимияти судӣ, шахсест, ки бо қабули қарорҳои ҳуқуқӣ сарнавишти инсонҳоро муайян мекунад. Аз ин рӯ, фаъолияти ӯ на танҳо иҷрои вазифаи расмӣ, балки як масъулияти бузурги ахлоқӣ ва иҷтимоӣ низ ба шумор меравад. Ӯ дар маркази низоми адолат қарор дошта, вазифа дорад, ки байни давлат ва шаҳрвандон, миёни ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳо, байни озодӣ ва масъулият тавозуни одилона барқарор намояд.
Таъмини баробарии ҳамаи шаҳрвандон дар назди қонун, новобаста аз мансубияти иҷтимоӣ, миллӣ, диниву ҷинсӣ, яке аз вазифаҳои асосии судя мебошад. Вақте ки шахс ба суд муроҷиат мекунад, ӯ умед дорад, ки адолат дар муҳити бетараф ва холис барқарор мегардад. Судя бояд ин эътимоди мардумро бо адолати воқеӣ пос дорад.
Ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд асоси фаъолияти ҳама судяҳо аст. Дар ҳама гуна ҳолатҳо, ҳатто дар баррасии ҷиноятҳои вазнин, судя бояд ҳуқуқҳои бунёдии инсонро риоя кунад ва аз ҳар гуна фишор, таассуб ё муносибати нодуруст канораҷӯӣ намояд. Ӯ бояд аз қонунҳои миллӣ ва меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, огоҳ ва вафодор бошад.
Пешгирии золимӣ ва татбиқи адолат яке аз вазифаҳои нозуки судя аст. Вақте мақомоти дигар аз ҳадди ваколати худ мегузаранд, маҳз судя метавонад бо қарорҳои қонунӣ ва одилона ҳуқуқи шаҳрвандро барқарор кунад. Ин ҷо судя на танҳо як хизматчии давлатӣ, балки ҳомии ҳақиқат ва адолати иҷтимоӣ мегардад.
Бо рушди фарҳанги ҳуқуқӣ ва таҳкими мустақилияти судя, низоми судӣ метавонад ба сатҳи баландтаре расад, ки дар он ҷомеа ба он бо боварии комил муносибат мекунад. Мардум бояд итминон дошта бошанд, ки қонун баробар барои ҳама амал мекунад ва судя танҳо ба қонун ва виҷдони худ такя мекунад. Мустақилияти воқеии судя ва фарҳанги қонуният дар ҷомеа ду сутуни бунёдии адолати судӣ ба ҳисоб мераванд.
Дар маҷмӯъ, судя на танҳо ба ҳайси қонунгузори амалӣ, балки ба сифати раҳнамои ахлоқӣ ва иҷтимоии ҷомеа фаъолият мекунад. Агар фаъолияти судяҳо пурмасъулият, поквиҷдон ва бо дониш бошад, ҷомеа метавонад ба адолати ҳақиқӣ ва давлати ҳуқуқбунёд наздик шавад.
Ҳамидзода Муҳаммадҷон Маҳмадали
Судяи суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе
Тоҷикистон, ҳамчун кишвари кӯҳистон ва дорои захираҳои бойи об, дар пешбурди ташаббусҳои глобалӣ оид ба масъалаҳои муҳити зист ва захираҳои обӣ нақши калидӣ мебозад. Яке аз муҳимтарин иқдомҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, пешниҳод ва қабул гардидани қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ оид ба эълон намудани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо мебошад.
Пиряхҳо манбаи асосии оби нӯшокӣ ва зироатӣ буда, обшавии онҳо боиси зиёдшавии хавфи офатҳои табиӣ, коҳиши захираҳои об ва мушкилоти иҷтимоию иқтисодӣ мегардад. Тоҷикистон бо доштани зиёда аз 13 ҳазор пирях, аз ҷумла бузургтарин пиряхи Осиёи Марказӣ – пиряхи Федченко, манбаи муҳими об барои тамоми минтақа ба шумор меравад.
Ташаббуси Пешвои миллат дар арсаи байналмилалӣ пазируфта шуда, соли 2025 расман ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон гардид. Ин иқдом на танҳо ҷойгоҳи баланди Тоҷикистонро дар сиёсати ҷаҳонии об нишон медиҳад, балки ба ҳамкориҳои минтақавию байналмилалӣ дар самти ҳифзи муҳити зист такон мебахшад.
Бо роҳбарии Тоҷикистон, конфронсҳои сатҳи баланд ва барномаҳои тадқиқотӣ барои омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳо ба роҳ монда шудаанд. Ин иқдомҳо ба таҳкими амнияти об, мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва рушди устувори кишварҳои минтақа мусоидат мекунанд.
Ташаббуси Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар самти ҳифзи пиряхҳо ва манбаъҳои обӣ на танҳо аҳамияти миллӣ, балки арзиши ҷаҳонӣ дорад. Пиряхҳо, ки манбаи асосии об дар минтақаҳои кӯҳӣ мебошанд, барои экосистемаи кишвар ва ҷомеа нақши муҳим мебозанд. Аз ин рӯ, муҳофизат ва нигоҳдории онҳо аз таъсири манфии тағироти иқлимӣ, бо таъсир ба вазъи экологӣ, кишоварзӣ, иктисод ва ҳаёти мардум, масъалаи хеле муҳим аст.
Пешвои миллат бо ташаббусҳои худ, аз ҷумла ҷорӣ кардани қарорҳо ва барномаҳое, ки ҳифзи пиряхҳоро дар бар мегиранд, ҳиссаи муҳиме дар ташаккул ва таҳкими сиёсати экологӣ ва истифодаи устувори захираҳои оби кишвар гузоштааст. Ин ташаббус як иқдоми беназир аст, ки танҳо ба манфиати Тоҷикистон, балки барои тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ ва ҳатто ҷаҳон манфиатовар аст.
Ташаббус дар самти ҳифзи пиряхҳо ва манбаъҳои обӣ барои кишварҳои кӯҳӣ ва минтақаҳое, ки аз манбаъҳои обии пиряхҳо вобаста ҳастанд, хеле муҳим аст. Пиряхҳо ҳамчун захираҳои стратегӣ барои таъмини оби ошомиданӣ, рушди кишоварзӣ, ва истеҳсоли энергия (аз ҷумла гидроэнергетика) муҳим мебошанд. Барои кишварҳое, ки дар минтақаҳои кӯҳӣ қарор доранд, пиряхҳо метавонанд нишондиҳандаи муҳими равандҳои иқлимӣ бошанд. Танҳо бо истифодаи дурусти имкониятҳо ва ҳифзи пиряхҳо метавон аз таъсири манфии тағироти иқлимӣ на танҳо дар кишварҳои минтақа, балки дар сатҳи глобалӣ пешгирӣ кард.
Ин ташаббус метавонад заминаи мусоид барои рушди ҳамкориҳои илмӣ, экологии ва сиёсӣ дар арсаи байналмилалӣ гардад. Тоҷикистон, бо таваҷҷӯҳ ба зарурати ҳифзи пиряхҳо ва манбаъҳои обӣ, метавонад кишварҳои ҳамсоя ва дигар кишварҳои ҷаҳонро ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, экологии ва илмӣ даъват намояд. Аз ин рӯ, ташаббусҳои Пешвои миллат дар самти ҳифзи пиряхҳо метавонад марҳалаи нави ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва захираҳои обӣ созад.
Ташаббус дар самти ҳифзи пиряхҳо на танҳо барои ояндаи экологии Тоҷикистон, балки барои тамоми минтақа ва ҷаҳон аҳамияти калон дорад. Тавассути эҷоди сиёсати дуруст ва ташкили якҷояи кӯшишҳои миллӣ ва байналмилалӣ, Тоҷикистон метавонад ба як модели пешрафта дар заминаи ҳифзи манбаъҳои оби пиряхҳо ва экосистемаҳои кӯҳӣ табдил ёбад.
Ҳифзи пиряхҳо дар сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ метавонад ба пешрафт ва рушди устувор дар ҷаҳони имрӯз мусоидат намояд. Ташаббусҳои Пешвои миллат дар самти ҳифзи пиряхҳо нишон медиҳад, ки Тоҷикистон на танҳо як кишвар бо манбаи оби бой аст, балки дар арсаи ҷаҳонӣ як пайвандкунанда ва пешрави муҳими масъалаҳои экологии глобалӣ мебошад.
Раиси суди ноҳияи
Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Кабирзода Сарфароз Мизроб
Барои вусъат бахшидан ба равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи имконияти технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт солҳои 2025-2030 дар Тоҷикистон Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия эълон карда шуданд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷодаи гузариш ба рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ ҷиҳати таъмин намудани шаффофияти муносибатҳои иқтисодиву молиявӣ қадамҳои устувор гузошта истодааст ва татбиқи саривақтии ташаббуси мазкур имкон медиҳад, ки дар панҷсолаи минбаъда ба раванди мазкур вусъат бахшида шуда, заминаҳои ҳуқуқӣ такмил ёбад ва санадҳои дахлдор дар самти гузариш ба иқтисоди рақамӣ қабулу амалӣ карда шаванд. Инфрасохтори рақамӣ, рушди марказҳои коркарди маълумот ва таъсиси маҳзани мукаммали миллии маълумот инкишоф ёфта, рақамикунонии пурраи хизматрасониҳои давлатӣ ба роҳ монда мешавад.
Рақамикунонӣ масъалаи замони муосир буда, пеш аз ҳама бо ташкил ва истифодаи технологияҳои муосир вобастагӣ дорад. Дар ҳолати мавҷуд набудани технологияҳои муосир рушд додани рақамикунонӣ мушкил мегардад. Бинобар ин, моро зарур аст, ки ҷиҳати амалигардонии самтҳои дар Паёми имсола пешниҳодгардида ва рушди рақамикунонӣ аз имкониятҳои мусоиди ташкили технологияҳои рақамӣ истифода бурда, ҳар чи зудтар истеҳсоли васеъи онҳоро бо нархҳои дастрас дар кишвар ба роҳ монда, аҳолӣ ва субъектҳои хоҷагидориро бо технологияҳои рақамии баландсифат таъмин намоем.
Иқтисоди рақамӣ дар рушди иқтисодиёт кумаки бевосита мерасонад. Зеро мақсади асосии иқтисодиёт ҳуҷҷатҳои стратегие мебошанд, ки дар ин самт қабул карда мешаванд. Аз ҷумла, дар мамлакат «Консепсияи иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025», «Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040», «Барномаи савдои электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2029» ва тағйиру иловаҳо ба беш аз 100 санади меъёрии ҳуқуқӣ аз ҷониби Ҳукумати мамлакат қабул гардида, мавриди амал қарор доранд. Гузариш ба иқтисодиёти рақамӣ барои беҳтарсозии вазъи иқтисодии давлат қадами муҳим аст. Зеро он имконияти кам намудани вақти барориши маҳсулоти нав ба бозорро таъмин намуда, дараҷаи чандирии истеҳсолотро баланд мебардорад. Он инчунин сифати маҳсулот ва самаранокии ҷараёни истеҳсолотро беҳтар намуда, дар охир ба беҳтар шудани рақобатпазирии саноат ва зиёдшавии маҷмуи маҳсулоти дохилӣ оварда мерасонад.
Истифодаи васеъи иттилоот ва донишҳои илмӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ дар соҳаҳои гуногуни ҳаёт азхудкунии малакаҳои иттилоотӣ ва муносибати арзишнокро ба истифодаи онҳо талаб мекунад. Аз ин рӯ, зарур аст, ки дар оянда мутахассисони на танҳо малакаҳои кор дар муҳити рақамиро омӯзонанд, балки салоҳиятҳои рақамӣ, фарҳанги рақамиро ташаккул диҳанд. Дар айни замон, технологияҳои рақамӣ ҳамчун воситаи муошират ва омӯзиш истифода мешаванд. Аз ин рӯ, масъалаи ташаккули фарҳанги рақамӣ барои ҳаёт дар ҷомеаи муосир дар асоси принсипҳои муайян нав карда мешавад. Диққати махсус бояд ба рушди фарҳанги рақамӣ дар шароити таҳсилоти олӣ дода шавад, зеро кадрҳо бояд мутахассисони рақобатпазир дар бозори меҳнат гарданд.
Аз ин хотир мо бояд фарқ намоем, ки асоси иқтисодиёти рақамӣ- ин маълумот, иттилооти нармафзор, платформаҳои рақамӣ ва шаклҳои нави ҳамкорӣ ба монанди ҳамкории онлайнӣ ва хизматрасонии интернетӣ мебошад. Пас, бояд гуфт, ки тафовути иқтисодиёти рақамӣ аз иқтисодиёти анъанавӣ дар он аст, ки дар иқтисодиёти анъанавӣ кори ҷисмонӣ ва логистика ҳамчун масъалаҳои асосӣ барои рушди иқтисодиёт арзёбӣ мегарданд. Вале иқтисоди рақамӣ- ин ба тарзи васеъ ворид намудани технологияҳои иттилоотӣ, зеҳни сунъӣ ва дигар технологияҳои пешрафта аст, ки барои фаъолгардонии равандҳои фаъолият ва тавсифи модели нави тиҷорат истифода бурда мешаванд.
Аз ҷониби Пешвои миллат барои рушди соҳаи рақамикунонӣ чораҳои таъхирнопазир пешниҳод гардиданд. Мо, пайравони даврони истиқлол ин роҳнамоиро ҳамчун дастурамали фаъолият қабул менамоем. Воқеан ҳам Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия эълон намудани солҳои 2025-2030 дар ҳошияи раванди рақамикунонии ҷаҳонӣ тадбири муҳим ба ҳисоб рафта, муҳимияти масъаларо барои дар 5 соли оянда дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани рақамикунонӣ дар мамлакат тақозо менамояд. Аз ин лиҳоз ҷавононро зарур меояд, ки барои рушду равнақи соҳа дар мамлакат дар арсаи байналмилалӣ талош намуда, бобати дар сатҳи зарурӣ татбиқ намудани рақамикунонӣ дар соҳаҳои маориф, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, нақлиёт, саноат ва дигар соҳаҳои ҳаётан муҳим корҳои таъхирнопазирро амалӣ намоем.
Ҳамин тавр рушди иқтиcoди рақамӣ дар ҷумҳурӣ имкoният фарoҳам меoрад, ки cатҳи зиндагии аҳoлӣ беҳтар гардида, маҳcулoти хушcифат дар бoзoри иcтеъмoлӣ афзoиш ёбад. Мардум, барoи қoнеъгардoнии эҳтиёҷoту талабoти худ аз рoҳу уcулҳoи муocири технoлoгияи рақамӣ иcтифoда намуда, ба ин ваcила вақт ва маблағи худрo cарфа хoҳанд кард.
Судяи суди ноҳияи
Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Искандарзода Меҳрангез Зайниддин
Шитобкориву беэҳтиётӣ ҳамеша пайомади ногувор дошта, беэътиноӣ, риоя накардани қоидаҳо ва худсаронаву дағалона вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ на танҳо ба ҷони худ, инчунин метавонад ҷони дигар нафарони бегуноҳро низ ба хатар андозад. Мисоли ин гуфтаҳо, Самандиёр Зоиров, соли таваллудаш 2000 шуда метавонад. Номбурда санаи 21 декабри соли 2024 бо воситаи нақлиёти махсуси бетонкашии тамғаи «Хово» дар шоҳроҳи “Душанбе-ХуҷандЧанноқ” бехатарии ҳаракат дар роҳро таъмин карда натавониста, бо автомашинаи тамғаи “Тойота-кемри”, таҳти идораи ронанда Илҳомҷон Зувайдов бархурд. Дар натива, ронандаи воситаи нақиёти тамғаи «Тойота-кемри» ва мусофиронаш — Шаҳром Сатторзода, Хадича Ҳабибуллоева ва Беназирбону Иргашева ҷароњатњои гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд. Сипас, мусофир Ш. Сатторзода дар беморхона аз ҷароњатҳои бардоштааш ба ҳалокат расидааст. Суд ҳамаи ҳолатҳоро омӯхта, кирдори Самандиёр Зоировро бо моддаи 212 қисми 2-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бандубаст намуда, ба ӯ ҷазои ниҳоӣ дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 3 сол, бо адои ҷазо дар колонияҳои ислоҳии дорои низоми сукунат таъин кард.
Изатулло МАҲМАДУЛЛОЗОДА,
муовини раиси Суди н. Исмоили Сомонӣ
Ҳокимияти судӣ яке аз рукнҳои асосии давлатдории ҳуқуқбунёд ва демократӣ мебошад. Вақте ки судяҳо ва мақомоти судӣ фаъолият мекунанд, онҳо ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва барқарорсозии адолатро кафолат медиҳанд. Аммо дар ин раванд, ҷавонон — наслҳои ояндасози ҷомеа — метавонанд нақши муҳиму муҳим дошта бошанд. Маҳз ҷавонон бо ҷаҳонбинӣ, дониш, ваъдаҳои нав ва равандҳои инноватсионӣ метавонанд ба тағйирот ва пешрафти ҳокимияти судӣ мусоидат кунанд.
Ҷавонон ба ҳар як соҳа таъсири воқеӣ доранд, ва ҳокимияти судӣ, ки вазифаи асосии он таъмини адолат ва риояи ҳуқуқи инсон аст, низ аз ин қавӣ барҷаста нест. Ҷавонон, ки дар шароити муосир ва таҳаввулоти ҷаҳон қарор доранд, метавонанд дар ҳокимияти судӣ бо фаъолияти худ саҳм гузоранд. Онҳо, ки аз хамаи наслҳои дигар бештар бо технологияҳои муосир ва роҳҳои нави таҳлили иттилоот ошноӣ доранд, метавонанд воситаҳои нав барои таҳқиқ ва баррасии парвандаҳо пешниҳод кунанд.
Рӯзи 23-юми май дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи ҷавонон ҷашн гирифта мешавад. Ин сана барои эътирофи саҳми ҷавонон дар рушди кишвар, таҳкими сулҳ ва субот дар ҷомеа, инчунин баланд бардоштани мақоми ҷавонон дар ҷомеа ва давлат таъсиси ёдоварӣ мебошад. Аз соли 1992, бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ин рӯз ба қадрдонӣ ва шодбоши насли ҷавон ҳар сол ҷашн гирифта мешавад.
Ҷавонон, ки ҳайати аслӣ ва асосии ояндасози кишварро ташкил медиҳанд, нақши муҳим дар ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ доранд. Аз ин рӯ, ҷашн гирифтани Рӯзи ҷавонон на танҳо маъзарат ва эътирофи муҳимияти ҷавонон, балки имконият барои гузаронидани чорабиниҳо ва барномаҳои фарҳангӣ, иҷтимоӣ ва маърифати ҳуқуқии онҳост.
Маърифати ҳуқуқии ҷавонон боиси рушди мунтазами низоми судӣ мегардад. Аз ҷониби дигар, он кӯмак мерасонад, ки ҷавонон ба дониш ва маърифати ҳуқуқии худро ҳам дар мақоми шаҳрвандон ва ҳам дар мақоми судяҳо афзоиш диҳанд. Агар ҷавонон дар мактабҳо ва донишгоҳҳо доир ба ҳуқуқи инсон, қонунҳои миллӣ ва байналмилалӣ маълумоти амиқ гиранд, онҳо метавонанд дар муҳокимаҳои судӣ ва ҳокимияти судӣ беҳтарин қарорҳоро қабул кунанд.
Ҷавонон, ки дар ҷомеа бо ҷаҳони рақамӣ ва технологӣ зиндагӣ мекунанд, метавонанд ба навоварии ҳуқуқӣ ва истифодаи технологияҳо дар ҳокимияти судӣ кӯмак кунанд. Бо истифода аз платформаҳои электронӣ, тасвирҳои виртуалӣ, таҳлили рақамӣ ва дигар воситаҳои технологӣ, ҷавонон метавонанд барои мувофиқ кардани равандҳои судӣ ба талаботи замон кӯмак расонанд. Аз ин рӯ, ин насл на танҳо ба таҳкиму барқарор кардани адолат, балки ба рушди самараноки ҳокимияти судӣ низ нақши муҳим дорад.
Ҷавонон на танҳо ба рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар мусоидат мекунанд, балки дар сохтани ҷомеаи пешрафта, демократӣ ва ҳуқуқбунёд низ саҳм мегузоранд. На хар як мутахассис ва ҷавонони донишманд метавонад дар иҷрои вазифаҳои муҳим, ки барои давлат ва ҷомеа зарур мебошанд, кӯмак расонад. Аз ин рӯ, Рӯзи ҷавонон барои илова кардани ҳисси масъулият дар ҷавонон ва даъват кардани онҳо барои пайвастан ба масъалаҳои муҳими давлату миллат муҳим аст.
Ҷавонон метавонанд дар соҳаҳои гуногуни сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва илмӣ таҷриба андӯзанд ва бо дастгирии дониш ва эҷодкорӣ ба рушду пешрафт кӯмак кунанд. Бо ёрии ҷавонон, ки сазовори дониш ва донишмандии ҷаҳонӣ мебошанд, метавон ҷомеаро бо як назар ба оянда босамар ва пурманфиат табдил дод.
Мустақилияти судияҳо ва адолати онҳо дар ҳокимияти судӣ муҳим аст. Ҷавонон бо дониши нав ва дарк кардани арзишҳои истиқлолият ва адолат метавонанд дар роҳҳои инкишофи мустақилияти судӣ ва ҳифзи он фаъол бошанд. Ба ин маъно, ҷавонон метавонанд ҳамчун судяҳо, ҳуқуқшиносон ва муҳофизони ҳуқуқи инсон аз вазифаҳои ҳалкунанда бароянд ва риояи ҳуқуқи шаҳрвандон ва адолатро дар низоми судӣ таъмин намоянд.
Дар асри технологияи нав ва ҷаҳони рақамӣ, ҷавонон бояд дар рушду инноватсия дар соҳаҳои муосири технологӣ фаъол бошанд. Имрӯз, бо такмили ва пешрафти технологияҳо, насли ҷавон дар истифодаи он ва роҳи шодошудани он дар ҳама соҳаҳо ба як нерӯи бузург табдил ёфтааст. Ҷавонон дар рушду тараққиёти низоми техникӣ ва иқтисодӣ нақши калидӣ доранд, ки метавонанд кишварро ба рушди муосир, истеъдод ва идоракунии замонавӣ роҳнамоӣ кунанд.
Мақомоти судии кишварҳо ва махсусан дар Тоҷикистон барои ҷавонон дар роҳи касбҳои ҳуқуқӣ ва судӣ имкониятҳои зиёде пешбинӣ кардаанд. Мақомоти судӣ метавонанд тавассути барномаҳои махсус ва стажировкӣ, ҷавононро ба роҳҳои касбӣ ва мушкилоти воқеии ҳокимияти судӣ шеносо намоянд. Ин ба ҷавонон имкон медиҳад, ки онҳоро дар фаъолияти судӣ бештар ба коргирӣ ва самаранокӣ ҷалб кунанд.
Нақши ҷавонон дар ҳокимияти судӣ на танҳо дар чаҳорчӯби қонунҳои ҳуқуқӣ, балки дар ҷомеаи демокративу ҳуқуқбунёд як таҳаввули мусбӣ мебошад. Ҷавонон метавонанд бо истифода аз дониш, имкониятҳои технологӣ ва ҳисси масъулият барои адолат ва баробарии ҳуқуқи инсон ба ҳокимияти судӣ мусоидат кунанд. Танҳо бо иштироки фаъол ва муҳиммии ҷавонон дар соҳаи судӣ метавонем ба тараққиёти ҷомеаи соҳибадолат ва қонунӣ ноил шавем.
Ҷашни Рӯзи ҷавонон имконият медиҳад, ки на танҳо мукофоти ҷавонон, балки хидматҳои онҳо дар рушд ва стабилӣ дар тамоми соҳаҳо нишон дода шаванд. Ин як рӯзи махсус аст, ки ба ҷавонон на танҳо беҳтарин натиҷаҳое, ки дар тӯли як сол расонидаанд, балки камбудиҳои мавҷударо дарк мекунад ва онҳоро барои рушд ва беҳбудии минбаъда ташвиқ менамояд.
Дар ин рӯз чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ, маърифати ҳуқуқӣ ва экологӣ барои ташвиқи ҷавонон ва наслҳои оянда гузаронида мешаванд. Ҷавонон дар онҳо имконият пайдо мекунанд, ки худро ба ҷомеа муаррифӣ кунанд ва дар ҳалли мушкилоти ҷойдошта ширкат кунанд.
Судяи суди ноҳияи
Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Босхонзода Саида Босхон
Дар шароити рушди ҷомеаи ҳуқуқбунёд ва демократикунонии ҳаёти ҷамъиятӣ, тарбияи дурусти насли наврас ва ҷавонон ба яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ табдил ёфтааст. Маҳз ҷавонон қувваи пешбарандаи ҷомеа буда, таъмини ояндаи устувори давлат аз сатҳи дониш, ҷаҳонбинӣ ва ахлоқи онҳо вобастагии бевосита дорад.
Дар ин замина, нақши ҳокимияти судӣ ҳамчун як шохаи мустақили ҳокимияти давлатӣ, дар ташаккули маърифати ҳуқуқӣ ва тарбияи ҳуқуқшиносии ҷавонон хеле муҳим мебошад. Суд на танҳо мақоми баррасии баҳсҳо ва мурофиаҳо, балки воситаи тарбиявӣ ва намунаи амалӣ аз риояи қонун ва адолат дар ҷомеа аст.
Натиҷаи фаъолияти судҳо ва қарорҳое, ки аз ҷониби судяҳо қабул мегарданд, бояд натанҳо мушкилоти ҳуқуқиро ҳал намоянд, балки барои шаҳрвандон, бахусус насли наврас, паёми возеҳи эҳтиром ба қонун ва оқибатҳои беэҳтиётӣ нисбати он бошанд.
Ҳодисаҳое ба назар мерасанд, ки ҷавонон бинобар камфаъолӣ дар соҳаи маърифати ҳуқуқӣ ё зери таъсири муҳити носолим даст ба кирдорҳои ғайриқонунӣ мезананд. Дар ин ҳолат, мурофиаи кушодаи судӣ бо иштироки муассисаҳои таълимӣ, вохӯриҳои судяҳо бо хонандагону донишҷӯён ва баргузории чорабиниҳои тарғиботӣ метавонанд таъсири мусбӣ расонанд.
Барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷавонон, судҳо метавонанд дар ҳамкорӣ бо мактабҳо, донишгоҳҳо ва мақомоти дигари давлатӣ барномаҳои тарбиявӣ ва омӯзишӣ роҳандозӣ намоянд. Судяҳо ҳамчун намояндагони қонуният ва адолат метавонанд дар шакли сӯҳбатҳои тарбиявӣ, семинарҳо ва конфронсҳо бо насли наврас дар бораи арзишҳои ҳуқуқӣ, масъулияти шахсӣ ва эҳтироми дигарон баромад намоянд.
Ин гуна ҳамкориҳо метавонад пешгирии ҷинояткорӣ дар байни ҷавононро таъмин намуда, сатҳи масъулиятшиносӣ ва фарҳанги ҳуқуқии онҳоро боло барад.
Дар шароити муосир, ки ҷомеа ба таҳдидҳои гуногун, аз ҷумла ҷинояткории наврасон ва паҳншавии омилҳои хатарзо рӯ ба рӯ аст, ҳокимияти судӣ бояд на танҳо адолатро таъмин намояд, балки дар тарбияи шаҳрвандони арзанда ва худогоҳ низ саҳми назаррас гузорад. Суд ҳамчун сутуни асосии давлатдории ҳуқуқбунёд, метавонад бо ташаббусҳои тарбиявии худ насли наврасро ба роҳи дурусти ҳаёт ҳидоят намояд.
Тарбияи ҳуқуқии ҷавонон на танҳо вазифаи мактаб ё оила, балки масъулияти ҷомеа, аз ҷумла мақомоти судӣ низ мебошад. Танҳо дар ҳамкории зичи ҳамаи сохторҳои давлатӣ ва ҷомеа мо метавонем ҷавононеро ба камол расонем, ки дар оянда поягузори давлати воқеан ҳуқуқбунёд бошанд.
Дар замони муосир, ки ҷаҳонишавӣ, суръати баланди технология ва таҳдидҳои ахлоқӣ ба рушди солими ҷавонон таъсир мерасонанд, нақши ҳокимияти судӣ дар тарбияи ҳуқуқӣ ва ахлоқии насли наврас аҳамияти стратегӣ касб мекунад. Суд бояд на танҳо як низоми барқарорсозии адолат бошад, балки ҳамчун ниҳоди тарбиявӣ ва маърифатӣ низ фаъолият намояд.
Судяҳо, ки посдорони қонуният ва адолатанд, метавонанд бо рафтори шахсӣ, маърифати баланди ҳуқуқӣ ва иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷамъиятӣ намунаи ибрат барои ҷавонон бошанд. Онҳо метавонанд дар замири ҷавонон эҳтиром ба қонун, ҳисси масъулият, худшиносӣ ва ватандӯстиро тарбия намоянд.
Илова бар ин, баргузории мурофиаҳои кушодаи судӣ, мулоқоти судяҳо бо хонандагон ва донишҷӯён, барномаҳои тарғиботии ҳуқуқӣ, ҳамкориҳои суд бо ВАО ва муассисаҳои таълимӣ — ҳамаи ин тадбирҳо метавонанд нақши судро дар тарбияи ҳуқуқии насли ҷавон мустаҳкамтар гардонанд.
Ҳамзамон, зарур аст, ки ҷавонон судро на ҳамчун макони ҷазо, балки ҳамчун маркази адолат, ҳалли қонунии муноқишаҳо ва ниҳоди хизматрасон барои ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон бубинанд. Вақте ҷавонон ба суд боварӣ доранд ва дарк мекунанд, ки қонун пуштибони онҳо аст, онҳо кӯшиш мекунанд, ки дар доираи қонун зиндагӣ ва фаъолият намоянд.
Бинобар ин, ҳокимияти судӣ на танҳо дар соҳаи татбиқи қонунҳо, балки дар ташаккули тафаккури ҳуқуқии насли наврас ва ҷавонон низ масъулияти муҳим дорад. Танҳо дар сурати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва эътимоди ҷомеа, махсусан ҷавонон, ба ҳокимияти судӣ, мо метавонем ҷомеаи солим, адолатпарвар ва устувор бунёд намоем.
Ҷомеаи адолатпарвар аз мактаби адолат сарчашма мегирад — ва ин мактаб суд аст.
Судяи суди ноҳияи
Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Исмонзода Исфандиёр
1. Воридшавии технологияҳои рақамӣ ба судҳо
Солҳои охир, бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарикони байналмилалӣ, як қатор ислоҳот ҷиҳати рақамишавии низоми судӣ роҳандозӣ шудааст. Аз ҷумла:
Ҷорӣ кардани системаи электронӣ барои бақайдгирии парвандаҳо.
Созмон додани веб-порталҳои судҳо барои дастрасии шаҳрвандон ба маълумот.
Барномаи “Суди электронӣ” (E-SUD), ки имконияти пешниҳоди аризаҳо, пайгирии раванди мурофиаҳо ва муоширати тарафҳоро ба таври онлайн фароҳам меорад.
2. Беҳтар шудани дастрасӣ ба адолат
Сокинон метавонанд тавассути веб-сайтҳои расмии судҳо маълумот дар бораи қарорҳои судӣ, санаи мурофиаҳо ва дигар ахборро ба даст оранд. Ин махсусан барои шаҳрвандоне, ки дар минтақаҳои дурдаст зиндагӣ мекунанд, муфид аст.
3. Кам кардани тамоси мустақим
Бо истифода аз системаҳои рақамӣ, зарурати тамоси мустақим бо кормандони суд коҳиш меёбад. Ин як роҳест барои пешгирии фасод ва таъмини шаффофият.
4. Рақамишавӣ дар дигар сохторҳои адлия
На танҳо судҳо, балки дигар сохторҳои адлия (мисли Прокуратура, Вазорати адлия ва адвокатура) низ тадриҷан ба рақамишавӣ рӯ оварда истодаанд. Барои мисол, платформаҳои электронӣ барои бақайдгирии ташкилотҳо, нотариусҳо ва дигар бахшҳо.
5. Челленҷҳо (мушкилот) ва роҳҳои ҳалли онҳо
Ҳарчанд пешрафтҳо ба назар мерасанд, аммо якчанд мушкилот вуҷуд доранд:
На ҳама судҳо бо технология таъминанд.
Кормандони баъзе судҳо ниёз ба омӯзиши кор бо системаҳои нав доранд.
Дастрасӣ ба интернет дар тамоми кишвар яксон нест.
Барои ҳал намудани ин масъалаҳо, зарур аст:
Таҳкими инфрасохтори рақамӣ дар тамоми кишвар.
Баланд бардоштани саводнокии рақамии кормандони суд ва шаҳрвандон.
Роҳандозии курсҳои омӯзишӣ ва маърифатӣ барои ҷомеа.
Судяи суди ноҳияи
Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе КАРИМЗОДА РУЗАФЗУН ШОДМОН
Тарбияи насли наврас ва таълими дурусти кӯдакон масъалаи муҳиму ҳаётан зарурӣ барои ҳар як ҷомеа мебошад. Кӯдак дар муҳити оилавӣ ба дунё омада, аввалин донишу таассуротҳои худро маҳз дар ҳамин муҳит мегирад. Аз ҳамин сабаб, мақоми оила дар ташаккули шахсияти кӯдак бузург ва ҳалкунанда аст. Вале масъулияти тарбияи кӯдак танҳо ба дӯши оила нест — ин вазифаи муқаддасу муштараки волидайн, омӯзгорон, ҷомеа ва давлат мебошад.
Кӯдакон ояндаи ҷомеа ва идомадиҳандаи арзишҳои фарҳангӣ, ахлоқӣ ва миллии ҳар миллатанд. Агар мо хоҳем, ки ҷомеаи солим, мутамаддин ва пешрафтае дошта бошем, бояд аз имрӯз ба таълиму тарбияи дурусти кӯдакон аҳамияти ҷиддӣ диҳем.
Тарбияи кӯдак бояд фарогири ҳамаи ҷанбаҳои ҳаёт — ахлоқ, ҷаҳонбинӣ, эҳтиром ба бузургон, ҳисси ватандӯстӣ, меҳнати ҳалол ва риояи қонун бошад. Омӯзгори тоҷик гуфтааст: «Кӯдак мисли гули наврӯстанд, ки тарбияи дуруст мисли обу офтоб аст — агар надодӣ, пажмурда мешавад». Муассисаҳои таълимӣ дар қатори оила нақши калидӣ доранд. Омӯзгорон бояд на танҳо донандаи фан, балки тарбиятгари асили инсон бошанд. Муносибати нек, сухани самимӣ ва рафтори шоиста аз ҷониби омӯзгор метавонад таъсири амиқ ба дили кӯдак гузорад ва ӯро ба роҳи дуруст ҳидоят намояд.
Ҷомеаи солим он аст, ки дар он ҳар фарди бомаърифат нисбати кӯдак ва тарбияи ӯ бетараф намемонад. Ҳар сухан, ҳар рафтор ва ҳар амали шахсони калонсол метавонад барои кӯдакон намунаи ибрат гардад — ҳам хуб ва ҳам бад. Аз ин рӯ, ҳар як шахс — хоҳ омӯзгор бошад, хоҳ ҳамсоя, хоҳ роҳгузар — бояд эҳсоси масъулият ва фарҳанги муносибат бо кӯдаконро дар худ тарбия кунад.
Таълиму тарбияи кӯдак танҳо вазифаи падару модар нест — ин рисолати бузурги миллӣ ва инсонӣ мебошад. Ҳар қадами неке, ки барои рушди маънавӣ, ахлоқӣ ва зеҳнии кӯдак гузошта мешавад, сармоягузорӣ ба ояндаи миллат аст. Агар кӯдаконро имрӯз омӯхтем, онҳоро бо муҳаббат, сабр ва илму адаб тарбия кардем, пас фардо аз ҷомеаи солим, босавод ва пешрафта баҳравар хоҳем шуд.
Мо, ҳамчун аҳли ҷомеа, муваззафем, ки нисбати кӯдакон бетараф набошем — зеро кӯдак оинаи оянда ва шиносномаи миллат аст.
Таълиму тарбияи кӯдак яке аз муқаддастарин вазифаҳоест, ки на танҳо бар дӯши падару модар, балки бар гардани тамоми ҷомеа ва ниҳодҳои давлатӣ, аз ҷумла ҳокимияти судӣ низ вогузор шудааст. Таҷрибаи судии солҳои охир нишон медиҳад, ки бештари парвандаҳои марбут ба ҷинояткории ноболиғон, бекорхобӣ, зӯроварӣ дар оила ва бепарвоии падару модар сабаби аслӣ ва решаи умқии тарбияи носолими кӯдак мебошад.
Дар мурофиаҳои судӣ ҳолатҳое ошкор мегарданд, ки кӯдакон ба хотири набудани назорати оилавӣ, муҳити носолим ва ё набудани маърифати ҳуқуқӣ ба роҳҳои нодуруст қадам мегузоранд. Суд, дар ин ҳолатҳо, танҳо мақоми баррасии қонуншиканиҳо нест — балки дар бисёр маврид, суд нақши ислоҳгар, ҳидоятгар, ва ҳатто тарбиятгар-ро бар дӯш мегирад.
Таҷрибаҳо нишон додаанд, ки судяҳо бо муносибати инсонгароёна ва масъулиятшиносона, дар баррасии парвандаҳои ноболиғон, мекӯшанд, ки ҷазо на танҳо воситаи маҳдудкунӣ бошад, балки роҳе барои ислоҳи шахс ва ҳидоят ба зиндагии шоиста гардад. Қарорҳои судӣ дар парвандаҳои кӯдакон ва ҷавонон, ки бо риояи қонуният ва дарки ҳолати равонӣ қабул мешаванд, метавонанд барои дигар кӯдакон низ ҳамчун ибрат ва омӯзиш хизмат кунанд.
Илова бар ин, бо ибтикори баъзе судҳо, дар ҳамкорӣ бо маориф, комиссияҳои ҳифзи ҳуқуқи кӯдак ва ВАО, мурофиаҳои кушодаи судӣ, вохӯриҳо бо хонандагон, барномаҳои тарбиявӣ ва маърифатии ҳуқуқӣ роҳандозӣ шуда истодаанд. Ин амалҳо нишон медиҳанд, ки ҳокимияти судӣ метавонад дар баланд бардоштани сатҳи фарҳанги ҳуқуқӣ ва эҳсоси масъулият дар байни кӯдакон ва волидайн нақши муассир бозад.
Аз ин рӯ, ҳокимияти судӣ на танҳо дар татбиқи қонун, балки дар ҷилавгирӣ аз падидаҳои манфӣ дар раванди тарбияи кӯдакон низ вазифаи муҳими тарбиявӣ ва иҷтимоӣ бар дӯш дорад. Баромадҳои судяҳо дар мактабҳо, таҷрибаҳои ислоҳии сабук, иштирок дар барномаҳои таълимӣ — ҳамаи ин гувоҳи онанд, ки суд метавонад ба як мактаби эҳтиром ба қонун ва ахлоқи ҷомеа табдил ёбад.
Дар ниҳоят, танҳо бо иттиҳоди кӯшиши ҳама — оила, мактаб, ҷомеа ва махсусан ҳокимияти судӣ — мо метавонем фарзандонеро тарбия кунем, ки бо маърифати ҳуқуқӣ, ахлоқи шоиста ва эҳсоси баланди ватандорӣ ба воя расанд. Танҳо чунин кӯдакон метавонанд кафили ояндаи дурахшон ва ҷомеаи адолатпарвари мо бошанд.
Судяи суди ноҳияи
Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Босхонзода Саида Босхон