ИСТИҚЛОЛИ СИЁСӢ ВА ТАҲКИМИ МУҲИМТАРИН РУКНИ ДАВЛАТДОРӢ ДАР ШАРОИТИ НАВИ ҶАҲОНӢ

Таъмини манфиатҳои ҳаётан муҳимми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳифзи пояҳои истиқлоли сиёсӣ дар шароити тағйирпазирии вазъи геополитикии минтақа ва ҷаҳон аҳамияти хос касб намудааст, зеро ҳимояи истиқлоли сиёсӣ ҳамчун ҳадафи стратегӣ барои мавҷудияти давлату миллати тоҷик дар масири ояндаи таърихӣ афзалияти миллӣ дорад. Дар шароити феълӣ манфиатҳои ҳаётан муҳимми Ҷумҳурии Тоҷикистонро манофеи бақодории мамлакат, аз ҷумла ҳимояи Истиқлоли давлатӣ, тамомияти арзӣ, якпорчагию ваҳдати миллӣ, ташаккули ҳисси ватанхоҳиву ватандӯстӣ, рушди устувор ва ҳимояи кишвар, аз таҳдиду хатарҳои ҳарбӣ ташкил медиҳанд.

Истиқлоли сиёсии тоҷикон натиҷаи истиқлоли фикрии ниёгон, идомаи мантиқии занҷираи давлатдорӣ, таҷаллӣ ва инъикоси ормонҳои ҳазорсолаи таърихии миллат маҳсуб меёбад. Дар ин замина истиқлоли фикриро ҷавҳари истиқлоли сиёсӣ арзёбӣ намудан мувофиқи мақсад аст.

Бояд ёдовар шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашида шуд. Дар натиҷаи буҳронҳои сиёсию иҷтимоии солҳои 90-ум баъзе омилҳои аз даст рафтани истиқлоли сиёсии бадастомада зоҳир гардида буд. Дар ин масир ба саҳнаи сиёсат ворид шудани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давлату миллати тоҷикро аз вартаи фалокату нестшавӣ наҷот дода, ваҳдати миллӣ, амнияту суботи сиёсӣ ва пояҳои Истиқлоли давлатиро устувор сохт. Дар натиҷа сангари ормонҳои ҳазорсолаи таърихӣ эҷод гашта, эҳёи давлатдории миллӣ дар сахттарин вазъият ба роҳ монда шуд. Ин дар ҳолест, ки ҷанги таҳмилӣ идомаи мантиқии стратегияи тоҷикситезии душманони қадимаи мо тоҷикон дар масири ҳазорсолаи охири таърихӣ буд.

Истиқлоли сиёсӣ дар зеҳну тафаккури миллат ангезаи эҳёи миллиро бедор сохта, ҳисси ватанхоҳиву ватандӯстӣ, худшиносиву худогоҳии миллиро тақвият бахшид, барои ҳифзи манфиатҳои ҳаётан муҳимми мамлакат дар раванди пуртазоди байналмилалӣ заминаи мусоид фароҳам сохт. Ин арзиш озодии ирода, шаъну шараф, қудратмандӣ, рукни муҳимтарини давлатдории миллӣ ва ҳастии мо тоҷикон дар шароити мураккаби минтақа ва ҷаҳон ба ҳисоб меравад.

Дар ҷаҳони муосир вобаста ба он таҳаввулоте, ки дар арсаи равандҳои сиёсию амниятии минтақа ва ҷаҳон ба амал омада истодааст, мазмуну муҳтавои истиқлоли сиёсиро ба як қатор дигаргуниҳо дучор сохтааст. Яъне истиқлоли сиёсӣ дар баробари равандҳои дигари ҷамъиятӣ ба ваҳдату субот ва амнияти дохилию хориҷӣ ниёз дорад. Аз ин нуқтаи назар, ҳимояи манфиатҳои ҳаётан муҳими мамлакат дар фаросӯи зоҳиршавии таҳдидҳо ба истиқлоли сиёсӣ авлавияти стратегӣ касб намудааст.

Аз нигоҳи фалсафаи сиёсат, истиқлоли сиёсӣ ҳолатест, ки дар он миллат ҳамчун як умумияти томи сиёсию таърихӣ сарнавишти имрӯза ва ояндаи худро ба даст гирифта, манфиатҳои умумимиллиро дар арсаҳои мухталифи ҳаёти ҷамъиятӣ ҳимоя менамояд. Бидуни истиқлоли сиёсӣ на танҳо мавҷудияти давлатдорӣ, балки ҳимояи манфиатҳои миллӣ ғайриимкон аст. Истиқлоли сиёсӣ волоияти ҳокимияти сиёсие мебошад, ки дар қаламрави мамлакат машруияти миллию дохилӣ ва дар низоми муносибатҳои байналмилалӣ машруияти байналмилалӣ касб намуда, аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ расман эътироф шуда бошад. Аз ин рӯ, машруият ҷавҳари арзишии истиқлоли сиёсиро дар муҳити дохилию берунаи системаи сиёсӣ ташкил медиҳад. Истиқлоли сиёсиро дар дохил эълон ва дар хориҷ эътироф менамоянд, ки ифодакунандаи мустақилияти миллӣ дар муайян намудани самтҳои афзалиятноки сиёсати дохилию хориҷӣ бидуни дахолати кишварҳои беруна мебошад.

Аз назари мантиқӣ бошад, истиқлоли сиёсӣ ҳамчун раванд арзёбӣ мегардад. Аз ин рӯ, таъмини амнияти миллии мамлакат ва таъмини суботи сиёсии кишвар маънои ҳимояи истиқлоли сиёсии кишварро дорад. Таъмини амнияти миллӣ ин, бешубҳа, ҳимояи манфиатҳои ҳаётан муҳим, бақодорӣ, ҳарбӣ ва ҳимояи истиқлоли сиёсист.

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз назари ҷуғрофӣ дар чорсӯи тамаддунҳои гуногуни ҷаҳонӣ қарор дошта, бо онҳо ҳамҷавору дорои муносибатҳои сиёсию иқтисодӣ ва илмию фарҳангӣ мебошад. Мавқеи мазкур метавонад ба раванди ҳимояи манфиатҳои ҳаётан муҳими кишвар дар арсаҳои геополитикии минтақа ва ҷаҳон зарфияти таъсиргузор дошта бошад.

Таҳкими ваҳдати миллӣ пояи устувори истиқлоли сиёсист ва ҳифзи истиқлолияти миллӣ маънои таҳким бахшидани ваҳдати миллист. Ба ибораи дигар, ваҳдати миллӣ ва истиқлоли сиёсӣ ду мафҳуми аз ҳам ҷудонопазиранд.

Бояд гуфт, ки истиқлоли давлатӣ ба мо – миллати тамаддунсози тоҷик – имкон фароҳам овард, ки асарҳои бузургони худро бознашр ва ба мардуми кишвар дастрас намоем. Мардуми мо, ҳамчунин, имкон пайдо намуданд, ки расму ойинҳои миллӣ ва маросиму идҳои динӣ – ҷашнҳои Наврӯзу Меҳргон, Тиргону Сада ва идҳои Рамазону Қурбонро ҳамчун ҷузъи фарҳанги миллӣ эҳё карда, онҳоро бо иштироки озодонаи хурду бузурги мамлакат ва бо ифтихор аз таърихи беш аз шашҳазорсолаи миллати тоҷик таҷлил намоянд.

Ҳукумати Тоҷикистон тайи солҳои соҳибистиқлолӣ бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои таъмин намудани озодии виҷдон ва озодии пайравӣ ба дин хеле корҳои назаррасро ба анҷом расонид. Дар соли 2009 бо ширкати олимону донишмандони машҳури ҷаҳони ислом ва шахсиятҳои маъруф аз 55 давлати дунё баргузор кардани 1310-солагии асосгузори мазҳаби таҳаммулгарои ҳанафӣ, фарзанди фарзонаи миллати тоҷик – Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит, ки бо номи Имоми Аъзам машҳур аст, як рӯйдоди муҳим дар ҳаёти маънавии мардуми мо гардид.

Ҳамчунин, бузургдошти шахсиятҳои бонуфузи илмӣ ва динӣ – Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Абдураҳмони Ҷомӣ, Муҳаммади Хуҷандӣ, Абӯрайҳони Берунӣ, Муҳаммади Ғазолӣ, Носири Хусрави Қубодиёнӣ, Мир Саид Алии Ҳамадонӣ ва дигарон, чопи осори зиёди ахлоқиву илмии мутафаккирони гузашта, ба забони тоҷикӣ тарҷума кардану се маротиба нашр намудани Қуръони карим ва ба мардуми Тоҷикистон дастрас гардонидани он аз ҷумлаи корҳое мебошанд, ки дар ин самт ба анҷом расидаанд.

Бо дастури Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз тафсирҳои муътабари Қуръони карим – “Тарҷумаи тафсири Табарӣ”, “Ҳидоя”-и Бурҳониддин Абуҳасан ибни Абӯбакр, “Саҳеҳ”-и Имом Бухорӣ, “Муқаддима”-и ибни Халдун ва асарҳои дигар мутафаккирони бузурги исломӣ ба забони тоҷикӣ тарҷума ва нашр карда шуданд.

Ин ҳама аз баракати муқаддастарин неъмати зиндагии халқамон – истиқлолу озодӣ ва дунявӣ будани давлатамон аст, ки барои пайравони ҳамаи динҳо имкониятҳои баробар ва шароити озоду созгори эътиқодиро фароҳам овардааст.

Ҳамин тариқ, ифтихор аз истиқлоли сиёсӣ ва арзишҳои дунявият дар шароити рушди давлатдории миллӣ, пеш аз ҳама, ифтихор аз миллати куҳанбунёду соҳибтамаддуни тоҷикон буда, маънои дар сатҳи баланди худшиносӣ ҳимоя намудани манфиатҳои ҳаётан муҳимми мамлакатро дорад.

 

 

Судяи Суди ноҳияи Исмоили

Сомонии шаҳри Душанбе

Шарофзода Баҳодур Қурбон