ТЕРРОРИЗМ ВА ИФРОТГАРОӢ ХАТАР БА АМНИЯТИ ҶОМЕА

Солҳои охир ҳаракатҳои ифротгароӣ ва динию мазҳабӣ авзои сиёсии ҷаҳони муосирро ноором карда, ҳаётро зери хатар мегузоранд. Терроризм ва ифротгароӣ зуҳуроти номатлуби ҷомеа ба шумор рафта, оқибатҳои нохуш ба бор меорад. Ин зуҳуроти номатлуб алалхусус миёни бархе аз ҷавонон ба яке аз муаммоҳои рӯз табдил ёфта, оқибатҳои ногувори он тамоми башариятро ба таҳлука овардааст.

Мо, ки муборизи Ватани хеш ҳастем, ҳамчун фарди комилҳуқуқи ҷомеа набояд бетараф бошем ва бар зидди он муборизаи беамон барем. Амнияти миллӣ яке аз масъалаҳои муҳимтарини ҷомеа мебошад, ки он ҳифзи шахсият, ҷамъият ва давлатро аз ҳар гуна таҷовузҳои зиддиҳуқуқӣ ва зиддидавлатӣ таъмин менамояд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар таъкид карданд, ки: “Имрӯз мехоҳам доир ба равандҳое, ки дар ҷаҳони муосир идома доранд, аз ҷумла бархӯрди фарҳангу тамаддунҳо, тафриқаву низоъҳои диниву мазҳабӣ, густариши бесобиқаи терроризму экстремизми динӣ, “сиёсати дугона” нисбат ба гурӯҳҳои ифротгарои динӣ ва монанди инҳо, ки василаи истифодаи қувваҳои гуногуни манфиатхоҳ гардидаанд, инчунин, таъсири онҳо ба ҷомеа ва давлати мо ибрози андеша намоям”.

Имрӯз таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ҷавонони зиёде аз надоштани саводи кофии диниву дунявӣ ба ин зуҳуроти номатлуб майл менамоянд. Ҷавонони соҳибилм, тарбиядида, бомаърифат ва қавиирода ҳеҷ гоҳ ба ин амалҳои зишт ва ноҷо даст намезананд. Аз ин лиҳоз мо бояд ҷавононро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносии миллӣ ва қадр намудани арзишҳои волои истиқлолият тарбия намоем. Роҳҳои асосии пешгирӣ намудани шомилшавии ҷавонон ба ин равияҳои номатлуб ин аст, ки ба тарбияи насли ҷавон эътибори хоса бояд дод, то ин ки соҳиби илму маърифат ва касбу ҳунар гарданд, ва дар оянда баҳри халқу миллат ва падару модари хеш хизмати содиқонаву софдилонаро иҷро карда тавонанд.

Солҳои охир терроризм ва экстремизм ба хатари глобалӣ табдил ёфта, ҷаҳони муосирро ба ташвиш овардааст. Афзоиши ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ ва террористидошта ба вусъат ёфтани терроризми байналмилалӣ, фаъолшавии унсурҳои тундраву ифротгаро, ҷалби ҷавонон ба сафи созмонҳои экстремистиву террористӣ ва иштироки онҳо дар низоъҳои мусаллаҳонаи давлатҳои хориҷӣ мусоидат менамоянд. Дар давоми даҳсолаи охир ва махсусан аз нимаи дуюми асри ХХ терроризм ва экстремизм мавриди таваҷҷӯҳи ҳаматарафаи олимон ва сиёсатмадорон қарор гирифт. Бахусус, аз ҷониби коршиносони мамлакатҳои Ғарб омӯзиши ин зуҳуроти номатлуб дар мадди аввал гузошта шуд. Шояд суоле ба миён ояд, ки барои чи ба омӯзиши ин масъала маҳз дар ҳамин давра таваҷҷӯҳ зоҳир гардид. Таърих исбот мекунад, ки дар ҳама давру замони форматсияҳои ҷамъиятӣ содиршавии терроризм ва экстремизм вуҷуд дошт ва танҳо дар нимаи дуюми асри ХХ дар қатори дигар масоил терроризм ва экстремизм ба проблемаи глобалии ҷаҳонӣ табдил ёфт. Омӯзиши ин самт дар корҳои зиёди илмии таҳлилгарон, олимон ва сиёсатмадорон баррасӣ карда шудааст ва проблемаи мазкур онро тақозо мекунад, ки ин самт бояд ба таври васеъ ва ҳаматарафа омӯхта шуда, сабабу омилҳо ва чораҳои пешгирикунандаи терроризм ва экстремизм муайян карда шавад. Зеро, ки ин зуҳурот намуди ҷинояти махсусан вазнин буда, имрӯзҳо аҳли сайёраро ба ташвиш андохтааст. Мубориза бо терроризм ва экстремизм вазифаи ҳар як фарди баору номуси ҷомеа мебошад. Мо бояд ба ин роҳ надиҳем, ки иддае аз ҷавонони бемаърифату сустирода ҳастии худро зери хатар гузошта, волидайн ва наздикони хешро дар ҷомеа беобрӯ, шармсору сархам намоянд ба Ватану миллат хиёнат карда, обрӯву нуфузи Тоҷикистони азизамонро дар арсаи байналхалқӣ паст намоянд.

Имрӯзҳо иддаи зиёде ҳастанд, ки дар ин муборизаҳои сиёсӣ дини мубини исломро олуда карда мехоҳанд мафкураи ҷавононро заҳролуд намоянд.

Ҳидояти Президенти ҷумҳуриамон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бар он аст, ки исломро аз ин хатар нигоҳ доранд: «Дини мубини ислом чун ҳама динҳои дигар инсониятро ба таҳаммул, тараҳҳум ва тавозӯъ ҳидоят намуда, ҳар гуна зӯроварӣ ва кушторро маҳкум месозад. Бинобар ин терроризм ва экстремизмро бо ислом пайванд додан хатои маҳз аст. Терроризм ба ягон дин, мазҳаб ва миллат хос нест».

Дар ин раванд ҷавонони дар даврони истиқлол ба воя расида бояд ҳамеша аз ободию осоиштагии диёри азиз шукргузорӣ намоянд ва бо корҳои ободонию созандагӣ, ҳамчун фарди бонанги миллат ва муборизи ин Ватани биҳиштосо ном бароранд.

 

 

Судяи Суди ноҳияи Исмоили

Сомонии шаҳри Душанбе

Одиназода Мирзо Ҷалил