КОНСТИТУТСИЯ – ПОЙДЕВОРИ ДАВЛАТИ ДЕМОКРАТӢ
Таърих гувоҳ аст, ки Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғози дигаргуниҳои тоза дар самти бунёди давлати мустақили тоҷикон гардид. Бо қабули Конститутсия бунёд намудани давлати соҳибистиқлол ва ҷомеаи озоду пешрафтаи шаҳрвандӣ ба миён омад. Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Тоҷикистон бо интихоби ҳайати нави Ҳукумат бо сарварии Раиси Шурои Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои барқарор намудани институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва амалӣ намудани ҳуқуқу озодиҳои инсон дар ҷомеа шароити мусоид фароҳам овард. Баъди ба даст овардани истиқлолият эҷоди санаду қонунҳо ва барои ин қабули Конститутсияи нав зарур буд. Зеро дар он марҳила маълум набуд, ки мо кадом роҳи рушди ҷомеа ва кадом шакли идораи давлатро интихоб менамоем.
Тақдирсоз будани Конститутсияро дарк намуда, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуданашон ба мураттабсозии лоиҳаи он ба ҳайси Раиси комиссияи конститутсионӣ машғул гардиданд ва новобаста аз вазъи ногувори сиёсиву иқтисодии ҷумҳурӣ барои омӯзиши таҷрибаи пешрафта аъзои комиссияро ба давлатҳои гуногуни мутараққӣ фиристоданд. Комиссия давоми ду соли мураттабсозии лоиҳаи Конститутсия фикру андешаҳои гуногунро омӯхта, лоиҳаро ба муҳокимаи умумихалқӣ пешниҳод намуд. Таклифу пешниҳодҳои мардуми Тоҷикистон имконият дод, ки лоиҳа ба раъйпурсии умумихалқӣ пешниҳод карда шавад.
Сокинони ҷумҳурӣ 6 ноябри соли 1994 дар ин маъракаи муҳимми сиёсӣ фаъолона иштирок намуданд ва бо тарафдории 2 миллиону 352 ҳазору 554 нафар ё 87,59 фоизи овозҳо Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд. Бо назардошти муҳиммияти ин санаи таърихӣ дар ҳаёти мардуми саодатманди ҷумҳурии соҳибистиқлоли мо ҳар сол 6 ноябр дар ҷумҳурӣ Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукуҳу шаҳомати хосса ҷашн гирифта мешавад.
Дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат арзи ҳастӣ намудани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва амали мустақими меъёрҳои он нишони он аст, ки он яке аз конститутсияҳои асосии беҳтарини дунё маҳсуб мешавад. Ҳанӯз соли 1993 бо пешниҳоди Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид шуда буд, ки «мақсади Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон — бунёд намудани давлати ҳуқуқбунёд, демократӣ, дунявӣ ва гузариш ба иқтисодиёти бозаргонӣ аст». Ин суханҳои Сарвари давлат баъди қабули Конститутсия ба қисми таркибии ин санади сарнавиштсоз ворид гардида, дар муддати кӯтоҳи таърих самараи худро нишон доданд.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади сарнавиштсоз ва муайянкунандаи муносибатҳои муҳимми ҳуқуқии ҷумҳурӣ ба шумор рафта, дар он самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Тоҷикистон, шакли давлатдорӣ, фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон ва шаҳрванд ба расмияти ҳуқуқӣ дароварда шудаанд. Ин санади меъёрии ҳуқуқие аст, ки қувваи олии ҳуқуқӣ дошта, шоҳроҳи муайянкунандаи самтҳои асосии фаъолияти ҳар давлат ва ҷомеаи пешрафта мебошад.
Бо шарофати замонавӣ ва мутобиқ ба меъёрҳои санадҳои байналхалқӣ будани Конститутсия Тоҷикистони соҳибистиқлолро зиёда аз 180 давлати дунё пазируфтаанд. Имрӯз давлати мо бо зиёда аз 150 давлати дунё муносибатҳои дӯстона ва равобити дипломатӣ дошта, аъзои зиёда аз 50 ташкилоти бонуфузи байналмилалӣ мебошад.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун ҳомии халқ ва Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳалли муаммоҳои глобалии ҷаҳони муосир диққати ҷиддӣ зоҳир менамоянд. Маҳз ин талошҳо аст, ки хушбахтона, имрӯз миллати тоҷик ва давлати тоҷикон мавриди таваҷҷуҳи оламиён ва мактаби сулҳофарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди омӯзиши сиёсатмадорони Шарқу Ғарб қарор доранд.
Рӯйдодҳои охири олам собит намуданд, ки сиёсати пешгирифтаи давлати тоҷикон дар ҳалли пешгирии низоъ ва таҳкими ваҳдати миллӣ беҳтарин ва озмудашуда мебошад. Миллати тоҷик ва ҳамаи сокинони Тоҷикистон дар доираи талаботи Конститутсияи интихобнамудаашон кору зиндагӣ мекунанд ва ин роҳи муқаддас миллатро ба манзили мурод мерасонад.
Конститутсия ҳамчун санади асосӣ ва муҳимтарини ҳаёти давлату ҷомеа дар пешрафти минбаъдаи мамлакат асоси устувори ҳуқуқӣ ба вуҷуд оварда, бунёди давлати соҳибихтиёр, ҳуқуқбунёд, демократӣ, дунявӣ ва ягона, эъмори ҷомеаи шаҳрвандӣ, ривоҷи муносибатҳои нави иқтисодӣ, фаъолияти муътадили сохторҳои ҳокимияти давлатӣ, таъмини қонуният ва тартиботи ҳуқуқиро кафолат медиҳад.
Ин санади олии ҳуқуқӣ воқеан ҳам мояи ифтихор ва сарфарозии ҳар шаҳрванди мамлакат маҳсуб мешавад.
Конститутсия ба таъсис ва рушди низоми ҳуқуқии мамлакат, сохтору мақомоти давлатӣ, бунёди ҷомеаи демократию ҳуқуқбунёд асос гузошта, бори аввал дар таърихи давлатдории тоҷикон инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ эътироф гардид. Халқи Тоҷикистон тибқи дебочаи Конститутсия худро қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ шинохта, садоқатмандиашро ба арзишҳои ҳуқуқи башар пайваста изҳор намудааст.
Бояд гуфт, ки ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, волоияти ҳуқуқ, таҷзияи ҳокимият, фаъолияти озоди иқтисодӣ, гуногунандешӣ, бисёрҳизбӣ, ки дар Конститутсияи ҷумҳурии соҳибистиқлол дарҷ гардидаанд, аз ҷумлаи арзишҳои умумибашарӣ маҳсуб мешаванд.
Конститутсияи Тоҷикистон санади меъёриву ҳуқуқӣ буда, эътибори олии ҳуқуқӣ дорад ва арзиши олии миллату давлат ҳисобида мешавад. Дар Конститутсия ҳуқуқу вазифаҳои инсон аз ҷониби давлат эътироф ва кафолат дода шуда, дар моддаи 5-уми он омадааст, ки «инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он арзиши олӣ мебошанд. Ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд. Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд».
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шиносномаи давлату миллат маҳсуб шуда, дар он номи давлат, сохти давлатдорӣ ва сохтори он нишон дода мешавад. Тавре Президенти ҷумҳурӣ таъкид намудаанд: «Бузургӣ ва аҳаммияти ин санади муҳимми таърихӣ, пеш аз ҳама дар он ифода меёбад, ки он бори нахуст аз ҷониби худи халқ бо роҳи ифодаи озодонаи майлу иродаи шаҳрвандони мамлакат қабул карда шудааст».
Бо қабули Конститутсия миллати тоҷик ба марҳалаи сифатан нави таърихии инкишофи худ ворид шуд ва дар ҷомеаи навин дигаргуниҳои куллии соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷамъиятиву давлатӣ, ислоҳоти иқтисодиву сиёсӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ ва судӣ-ҳуқуқӣ оғоз гардиданд.
Ҳокимияти судӣ рукни муҳим ва зарурии сохтори ҳокимияти давлатӣ муаррифӣ гардида, принсипи конститутсионии мустақилияти судяҳо чун яке аз талаботи асосии давлати ҳуқуқбунёд барои таъмини фаъолияти суди босалоҳият, мустақил ва беғараз дар Конститутсия ва қонунҳои амалкунанда мавқеи хосса пайдо намуд. Бешубҳа, ин санади олии ҳуқуқӣ дастоварди истиқлолият ва сутуни асосии таҳкимбахшандаи он буда, рӯзи қабули он ҳамчун яке аз санаҳои таърихӣ дар саҳифаҳои китоби давлатдории тоҷикон бо ҳарфҳои заррин сабт шудааст.
Конститутсияи давлати тоҷикон яке аз беҳтарин конститутсияҳои ҷаҳон шинохта шуда, он бахтномаи миллат ва шоҳсутуни давлатдории миллӣ маҳсуб мешавад. Пояи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси ормонҳои миллӣ ва мардумии халқи мо бино ёфтааст. Ин санади муҳимми тақдирсоз давлати соҳибистиқлоли тоҷиконро ба сӯйи комёбиҳои бузург раҳнамоӣ мекунад. Давоми 30 соли баъди қабули Конститутсия ҷумҳурии соҳибистиқлоламон таҳти сарварии хирадмандонаи Пешвои миллат дар ҳама соҳаҳои хоҷагии халқ ва кулли паҳлуҳои ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ пешравиҳои бузург ба даст омаданд. Минҷумла, фароҳам омадани фазои осоиштаву босубот, таъмини сартосарии сулҳу ваҳдати миллӣ, барқарор намудани муносибатҳои судбахши байналмилалӣ ва сиёсати сулҳҷӯёнаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рисолати таърихии ин санади бебаҳои сарнавиштсоз ва олии ҳуқуқӣ маншаъ мегирад. Зеро Конститутсияи амалкунандаи ҷумҳуриамон кафили сулҳ, якпорчагӣ, Ваҳдати миллӣ ва пойдориву таҷассумгари давлату давлатдории мо, барномаи амал ва зиндагии шоиставу раҳнамои ояндаи дурахшони мардуми тоҷик аст.
Ин ҷо бояд ба як нуктаи муҳим ишора кард, ки Конститутсия маҳсули зеҳнии Пешвои миллат ва кулли мардуми Тоҷикистон мебошад, ки он тариқи раъйпурсии умумихалқӣ муҳокима ва қабул карда шуда, заминаҳои пайдоиш ва ташаккули худро дорад.
Дар муқоиса бо конститутсияҳои то замони Истиқлолият Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 6 ноябри соли 1994 қабул гардид, хусусияти фарқкунанда ва афзалияои зиёд дорад. Ин Конститутсия сохти нави давлатдории миллии тоҷиконро ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона муайян намуда, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро арзиши олӣ эътироф намудааст. Барои такрор наёфтани вазифаҳои мақомоти давлатӣ таҷзияи ҳокимияти давлатӣ ба роҳ монда шуд, Президенти мамлакат, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, маҷлисҳои вакилони халқи маҳаллӣ ва ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия бо пурсиши иродаи халқ тариқи интихобот ва раъйпурсӣ муқаррар карда мешавад. Инчунин Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба гузаронидани ислоҳоти ҳуқуқӣ-конститутсионӣ ва қабули қонунҳои миллӣ дар Тоҷикистон замина гузошт. Дар марҳалаи мавҷудияти Конститутсия 22 Кодекс ва зиёда аз 400 қонуни умумию соҳавӣ қабул карда шуданд.
Илова ба ин, пас аз қабули Конститутсия зарурати гузарондани ислоҳоти конститутсионӣ ва қабули қонунҳои конститутсионӣ ба миён омад. Бо ин мақсад 1 декабри соли 1994 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ислоҳоти конститутсионӣ» қабул шуд. Дар заминаи ин ислоҳот соли 1995 қонунҳои конститутсионӣ «Дар бораи сохтори судӣ», «Дар бораи Суди конститутсионӣ», «Дар бораи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи мақоми судяҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи судҳои ҳарбӣ» қабул ва мавриди амал қарор гирифтанд. Қонунҳои қабулшуда аз як тараф ба фаъолияти судҳои иқтисодӣ, ҳарбӣ ва Суди конститутсионӣ оғоз бахшида бошанд, аз ҷониби дигар сохтори судии мамлакатро ба танзим дароварданд.
Табиист, ки баробари такмили ҳар ҷомеа зарурати даровардани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия ба миён меояд. Бо тағйир ёфтани шароит чунин зарурат дар мамлакати мо низ ба миён омад ва хушбахтона, ин тағйиру иловаҳо дар асоси иродаи мардум бо раъйпурсии умумихалқӣ ба Конститутсияи ҷумҳурӣ ворид карда шуданд. Тағйиру иловаҳое, ки мутобиқи Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ соли 1999 ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шуданд, ба таҳкими ваҳдати миллӣ ва суботи ҷомеа мусоидат намуданд. Мувофиқи ин тағйиру иловаҳо, бори аввал дар Тоҷикистони соҳибистиқлол парлумони касбӣ арзи вуҷуд намуд, ки он ба инкишоф ва ба муносибатҳои сифатан нави ҷамъиятӣ мутобиқ сохтани қонунгузории мамлакат мусоидат намуд. Хамин тариқ, ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон се маротиба — 26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016 тағйиру иловаҳо ворид карда шуд.
Ворид гардидани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия аз он дарак медиҳанд, ки меъёрҳои он вобаста ба талаботи замон ва рушди давлатдории миллии тоҷикон такмил дода мешаванд. Такмили Конститутсия имкон дод, ки дар таҳкими минбаъдаи дастовардҳои истиқлолият мустаҳкам гардонидани рукнҳои давлатдорӣ, ваҳдату суботи ҷомеа, бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ, рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсиву фарҳангӣ, болоравии нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам устувор гардад.
Миллати сарбаланди тоҷик аз Конститутсияи одилонаи худ эҳтирому итоат ба қонунро омӯхт ва дарк намуд, ки бунёди ҷомеаи демократию ҳуқуқбунёде, ки мавриди таваҷҷуҳи аҳли башар қарор гирифтааст, маҳз бо роҳи итоату риояи қонун, ҳурмату эҳтиром доштан ба шаҳрвандони мамлакати худ ва дӯст доштани аҳли башар муяссар мегардад. Аз ин лиҳоз метавон гуфт, ки Конститутсияи амалкунанда орзуҳои ҳазорсолаи аҷдодони моро ҷомаи амал пӯшонид ва шукрона бояд кард, ки мо аз ин афзалият баҳравар ҳастем.
Дар ин муддат ба халқи Тоҷикистон муяссар гашт, ки як силсила меъёрҳои усулии низоми демократӣ, аз ҷумла асосҳои демократии сохти давлатдорӣ, моҳияти дунявӣ ва иҷтимоии давлат, муқаддас будани ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, принсипи гуногунфикрии сиёсӣ, фаъолияти парлумони касбӣ, бунёдҳои ҳуқуқии ҷомеаи шаҳрвандӣ, дахлнопазирии моликияти хусусӣ, таъмини адолати судӣ, баробарии ҳама дар назди қонун, баробарии ҳуқуқи зану мард ва ғайраро дар сатҳи Конститутсияи ҷумҳурӣ асоси устувори қонунӣ бахшад.
Бо шарофати қабули Конститутсия Тоҷикистон чун субъекти комилҳуқуқи муносибатҳои байналмилалӣ, халқи Тоҷикистон чун мардуми бунёдкор, сулҳпарвар ва фарҳангӣ шинохта шуд. Конститутсия тавонист ифодагари манфиатҳои халқи тоҷик бошад, тоҷиконро дар арсаи олам муаррифӣ созад. Аз ин рӯ, эҳтиром нисбат ба Конститутсия вазифаи ҳар шахс мебошад ва ба ин хотир мо ҳамеша бо мақсади баланд бардоштани сатҳи тарбияи насли наврас, тарғибу ташвиқи одоби ҳамидаи муошират, риояи арзишҳои волои умумибашарӣ ва миллӣ, дар руҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ ва ҷавонмардиву ахлоқи нек ба воя расонидани ҷавонон бояд кӯшиш намоем ва танҳо дар ин маврид метавонем ба дастовардҳои нав ноил гардида, муқаррароти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро воқеан дар ҳаёт амалӣ созем.
Конститутсия ҳамчун ифодакунанда ва равшангари роҳ ба сӯи ояндаи неку пурсаодат моро водор месозад, ки минбаъд низ бо риояи арзишҳои волои демократӣ ва ҳуқуқӣ ҷомеаи худро аз ҳама гуна хатарҳои дохиливу берунӣ эмин нигоҳ дорем ва дар Ватанамон барои ҳар шаҳрванд шароити мусоиду шоистаи зиндагӣ ва фаъолият муҳайё созем.
Воқеан, 6 ноябри соли 1994 дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол санаи фархунда ва фаромӯшнашаванда мебошад, чунки дар ин рӯз ду зуҳуроти муҳим ва тақдирсоз — қабули Конститутсия ва интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд. Ин ду воқеаи сиёсӣ дар давлатдории навини Тоҷикистони соҳибистиқлол падидаи нав ба шумор мераванд. Халқи тоҷик тавонист дар он марҳалаи ҳассос шахси ботаҳаммул, хоксор, пурзаковату хирадмандро сарвари давлати худ интихоб намояд. Мо шоҳиди хизматҳо, заҳматҳои шабонарӯзии барои миллату давлат ба харҷдодаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошем, ки он дар таърихи давлатдории тоҷикон бо ҳарфҳои заррин навишта мешавад.
Бинобар ин, вазифаи ҳар яки мо аз он иборат аст, ки ин дастоварди бебаҳои таърихиро тақвият бахшем, сулҳу ваҳдати миллӣ, озодӣ, оромию осудагӣ ва якпорчагии Тоҷикистони азизамонро, ки маҳз бо шарофати хизматҳои шоиставу беназири Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадаанд, чун гавҳараки чашм ҳифз намоем, арзишу меъёрҳои Конститутсияро, ки Тоҷикистонро ба ҷомеаи мутамаддини ҷаҳонӣ пайваст намуд, қадр кунем ва дар асоси ин санад барои расидан ба иҷрои ҳадафҳои созандаамон кӯшиш намоем.
Роҳбарияти Суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, ҳамаи сокинони кишварро бо ҷашни 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки муқаддас арзёбӣ гашта, танзими муътадили муносибатҳои ҷамъиятии ҳамаи шаҳрвандони Тоҷикистонро кафолат додааст, табрику муборакбод намуда, барояшон зиндагии орому осоиштаро таманно дорад.