НАВРӮЗ — ҶАШНИ БАЙНАЛМИЛЛАЛӢ
Имрӯз мо дар арафаи таҷлили «Наврӯз»-и оламафрӯз қарор дорем. Аз фурсати муносиб истифода бурда ҳамаи Шумо ва дар шахсияти Шумо тамоми мардуми Тоҷикистонро бо ин ҷашни эҳёшавии табиат самимона табрик менамоям. Пеш аз ҳама бароятон саломатӣ ва дар фаъолияти минбаъда бурдбориҳои нав ба навро таманно дорам.
Наврӯз дар фарҳанги мо тоҷикон рӯзи нав, рӯзи шодӣ, рӯзи бахшиши гуноҳҳои якдигар аст. Дар ин вақт тамоми мавҷудоти зинда, дубора эҳё мешаванд.
Ба ҳамаи мо маълум аст, ки баъди ба даст овардани истиқлолияти давлати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таъриху фарҳанг ва ҷашну маросимҳои мардумӣ диққати ҷиддӣ дода, барои эҳёи арзишҳои миллӣ талош намуд. Наврӯз низ ҳамчун ҷашни миллию мардумӣ дар байни мардуми тоҷик ва ҷаҳониён мақоми хоссаро пайдо карда, мавриди эътирофи ҷаҳониён гаштааст.
Боиси хушнудию сарфарозист, ки Иҷлосияи 64-уми Маҷмааи умумии Созмони Миллали Мутаҳҳид дар доираи банди 49-уми рӯзномаи «Фарҳанги сулҳ» қатьномаеро таҳти унвони «Рӯзи байналмилалии Наврӯз» бо ризоият қабул намуд. Қатьномаи мазкурро ҳайатҳои Афғонистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Тоҷикистон, Туркманистон, Туркия ва Эрон якҷоя омода карда, ба Маҷмааи Умумии СММ пешниҳод карданд. Дар матни қатьномаи мазкур дарҷ гардида буд, ки 21 март ҳамчун Рӯзи баналмилалии Наврӯз эътироф карда шавад ва давлатҳои узвро, ки Наврӯзро ҷашн мегиранд, ташвиқ мекунад, ки таърихи пайдоиш ва анъанахои ин ҷашнро омӯзанд, то донишҳоро дар бораи мероси Наврӯз дар ҷомеаи чахонӣ паҳн кунанд.
Бояд қайд кард, ки барои ҷаҳонишавии Наврӯз саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бузург мебошад ва бо талошҳои хамаҷонибаи Пешвои миллат санаи 30 сентябри соли 2009 Наврӯз аз ҷониби ЮНЕСКО ба феҳристи ёдгории ғайримоддии фарҳангии башарият дохил карда шуд.
Ба ҳайси ҷашни ҷахонӣ пазируфта шудани Наврӯз гувоҳи он аст, ки ҳанӯз дар замонҳои қадимтарин ниёгони мо ба тараннуми фалсафаи ахлоқ ва одоби ҳамидаи инсонӣ машғул буда, тавассути ин ҷашн аз ваҳдату муҳаббат, покию саодат ва ватандӯстию ватанпарвариро ҳамчун паём ба мардум мерасонданд. Имрузҳо ин ҷашни бузурги аҷдоди ҷаҳониён бо шукуҳу шаҳомати хоса ҷашн мегиранд. Одамон пеш аз ид хонаҳояшонро тоза менамоянд ва занҳо ба пухтани таомҳои миллӣ машғул мешаванд, ки яке аз таомҳои миллӣ — суманак мебошад ва он ифодагари ин ҷашн аст.
Бори нахуст Наврӯз дар сатҳи байналмиллалӣ соли 2012 дар шаҳри Душанбе бо иштироки ҳайатҳои баландпояи беш аз 30 кишвари ҷаҳон таҷлил гардид. Ин самараи мусбат дорад, зеро ба мустаҳкам шудани ҳамфикрӣ, эҳтироми ҳамдигар, сулҳу амонии байни халқҳо ҳиссаи сазовор мегузорад.
Бигузор Наврӯзи байналмиллалӣ барои тамоми мардуми тоҷик ва ҷаҳониён сарсабзию хуррамӣ ва сулҳу амонии пойдор биёрад.
Судяи суди ноҳияи Исмоили
Сомонии шаҳри Душанбе
Босхонзода Саида Босхон