Нагирифтани шаҳодатномаи таваллуд боиси ҷавобгарии маъмурӣ кашидани шахс

Судяи суди ноҳияи Исмоили Сомонии ш. Душанбе Ширинзода Ҷ. дар маҷлиси ошкорои судӣ дар бинои суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбати Давлатова Моҳруя Маҳмадуллоевна, 04 марти 1982 соли таваллудаш, зодаи шаҳри Душанбе, таҳсилот миёна, муҷаррад соҳиби фарзанд, ҷои истиқоматаш шаҳри Душанбе, кӯчаи Қаҳоров хонаи №17 ҳуҷраи №2, дар содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишударо дида баромада суд, муайян кард, ки санаи 01 марти соли 2019 аз ҷониби прокуратураи ноҳияи И.Сомонии шаҳри Душанбе дар асоси маводҳои ҷамъоварда маълум гаштааст, ки шаҳрванд Давлатова Моҳруя Маҳмадуллоевна ба фарзандони ноболиғаш Давлатова Фотима Алиҷоновна 01-уми августи 2015 соли таваллудаш ва Давлатов Абубакр Алиҷонович 29-уми декабри 2016 соли таваллудаш, шаҳодатномаи хатти таваллуд нагирифтааст.

Ҳуқуқвайронкунанда Давлатова Моҳруя Маҳмадуллоевна, дар суд бо гуноҳаш пурра иқрор шуда, аз суд хоҳиш намуд, ки нисбаташ ҷазои сабуки маъмурӣ таъин карда шавад.

Ба ғайр аз ба гуноҳаш иқрор шудани ҳуқуқвайронкунанда Давлатова Моҳруя Маҳмадуллоевна, гуноҳи ӯ бо дигар далелҳои ҳуқуқвайронкунӣ, ки дар қабати маводҳо мавҷуд буданд, тасдиқи худро ёфт.

Мутобиқи моддаи 8 сархати 2 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» падару модаранд ӯҳдадоранд пас аз таваллуд фарзандро дар мӯҳлати то се моҳ аз қайди давлатии сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ гузаронанд.

Суд кирдори содирнамудаи ҳуқуқвайронкунанда Давлатова Моњруя Мањмадуллоевна бо моддаи 90 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷавобгарии маъмуриро барои аз тарафи падару модар, иҷро накардани ӯҳдадориҳои парасторӣ, тарбиявӣ, таълимӣ, ҳангоми набудани аломати ҷиноят пешбинӣ мекунад, банду баст карда, нисбаташ ҷазо дар намуди ҷаримаи маъмурӣ ба андозаи 3 (се) нишондиҳанда баробар ба 165 (як саду шасту панҷ) сомонӣ ба фоидаи давлат таъин кард.