Ҳабс барои маблағгузории ҷиноятҳои хусусияти террористидошта

Суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе дар ҳайати раисикунанда судя Сангинзода Ғайрат, машваратчиёни халқӣ Гулов К.А. ва Пулодова О.М, бо котибии Рӯзафзуни Шодмонрух, бо иштироки айбдоркунандаи давлатӣ аз Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзиев Ю, ҳимоятгар Шабнами Искандар дар мурофиаи ошкорои судӣ дар толори суди ноҳия санаи 17 октябри соли 2018 парвандаи ҷиноятиро нисбати судшаванда: шаҳрванд А.А. шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳсилоташ миёнаи махсус, ихтисос ронанда, ҷои кори расмӣ надорад, қаблан суд шудааст, нисбаташ чораи пешгирӣ дар намуди нигоҳ доштан дар ҳабс татбиқ шудааст, бо моддаи 1792 қисми 2 бандҳои а,б-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, баррасӣ намуда, муайян кард, ки шаҳрванд А.А. ҳангоми дар Федератсияи Россия қарор доштанаш бо ғоя ва мақсадҳои ташкилоти террористӣ-экстремистии «Давлати исломии Ироқу Шом», ки фаъолияташ бо ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳалномаи Суди Федератсияи Россия манъ шудааст, шинос шуда, онҳоро қабул ва ҷонибдорӣ намудааст. Ӯ муддати қарор доштанаш дар ҳудуди шаҳри Москваи Федератсияи Россия оғоз аз моҳи январи соли 2014 то соли 2017, яъне то лаҳзаи бозгаштанаш ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгир гардиданаш дидаву дониста бо мақсади кӯмаки худро расонидан бо мақсади таъминоти молиявии ташкилоти террористии мазкур ва аъзоёни он тавассути кортҳои бонкии «Сбербонк»-и Федератсияи Россия, ки ба номаш гардида буданд такроран аз рӯи маслиҳати пешакӣ бо дархости нафари дигар маблағҳои пулӣ гузаронидааст.

Суд маводҳои парванда тафтиш намуда, дар мурофиаи судӣ нишондоди судшаванда ва шоҳидонро шунида ҷинояти содирнамудаи ӯро исботшуда ҳисобида кирдори ӯро бо моддаи 1792 қисми 2 бандҳои а,б-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон барои маблағгузории ҷиноятҳои хусусияти террористидошта, яъне бевосита ё бавосита пешниҳод намудан ё ҷамъ овардани воситаҳо бо мақсади пурра ё қисман истифодаи онҳо ё бо дарки он аз ҷониби террористи алоҳида ё гуруҳи (ташкилоти) террористӣ ё бо мақсади таъминоти молиявии террористи алоҳида ё гуруҳи (ташкилоти) террористӣ ё, ки ин воситаҳо барои содир намудани ҷиноятҳои дар моддаҳои 179, 1791, 1793 , 181, 182, 184 1, 1842, 1843, 1844, 185, 193, 194, 1941, 1942, 1943, 1944, 1955, 310 ва 402 (бо тағйирот аз 17.05.2018 инчунин 4011) пешбининамудаи ҳамин Кодекс истифода мегарданд, ҳамчунин агар воситаҳои мазкур воқеан дар ҷиноятҳои зикршуда истифода нагарданд, инчунин маблағгузории террористи алоҳида ё гуруҳи (ташкилоти) террористӣ, ҳатто агар он бо акти (актҳои) террористии мушаххас алоқаманд набошад, ки такроран аз ҷониби гуруҳи ашхос бо маслиҳати пешакӣ анҷом дода шудааст тасниф мекунад. Ҳангоми банду басти кирдори судшаванда талаботи Қарори Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон № 5 аз 14 июни соли 2013 «Дар бораи таҷрибаи татбиқи меъёрҳои қонунҳои ҷиноятӣ ва мурофиавии ҷиноятӣ оид ба мубориза бар зидди терроризм» ба роҳбари гирифта шуда ва шаҳрванд А.А.-ро бо моддаи  1792 қисми 2 бандҳои а,б-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, нисбаташ ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати 10 (даҳ) сол таъин карда, мутобиқи моддаи 67 қисмьои 3 ва 6 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи маҷмӯи ҷиноятҳо  бо роҳи қисман зам намудани ҷазоҳо, яъне қисман зам кардани ҷазои мазкур нисбати ӯ дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати 15 (понздаҳ) сол бо нигоҳ доштан дар колонияҳои ислоҳии дорои низомаш сахт таъин карда шудааст.