АДОЛАТИ СУДӢ АЗ КОНСТИТУТСИЯ САРЧАШМА МЕГИРАД

Шарти асосии шукуфоӣ ва пешрафти минбаъдаи кишвар, пайвастан бо ҷаҳони мутамаддин ва дар ҷомеаи башарӣ мақоми шоиста пайдо кардани миллати бостонии мо аст.  Кормандони суди ноҳияи Исмоили Сомони шаҳри Душанбе эҳтироми Конститутсия ва қонунҳо, таҳкими қонуният, садоқату вафодорӣ ба Ватани аҷдодӣ ва заҳмати содиқонаю софдилона ба хотири ободии он мебошад амалӣ менамояд. Конститутсияро шаҳодатномаи миллат, гувоҳномаи давлати соҳибистиқлол ва рисолаи тақдири кишвар мешуморанд. Ва он иродаи мардуми Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ эълон намуда, дар марҳалаи ниҳоят ҳасоси таърихи мамлакат ба талошу даъвоҳои барои сохти давлатдорӣ хатарнок қабул шудааст. 6 ноябри соли 1994 мардуми Тоҷикистон майлу иродаи худро доир ба қабули қонуни сарнавиштсоз ва муқаддаси миллӣ, санаде, ки асоси ҳастии ҷомеаро таъмин мекунад, ҳуқуқу озодии инсон ва шаҳрвандро кафолат медиҳад, бунёди устувори рушду такомули давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистонро ҳамчун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ ва иҷтимоӣ муайян менамояд, яъне Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раъйпурсии умумихалқӣ изҳор доштанд. Ин ҳуҷҷат аввалин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол аст ва бинобар ин дар таърихи навини кишварамон рӯйдоди воқеан бузург ва тақдирсоз мебошад. Ин санади муқаддас истиқлолияти давлати тоҷиконро ба расмият дароварда, асосҳои сиёсиву ҳуқуқӣ ва самтҳои асосии таҳкиму пешрафти ояндаи онро мутобиқи меъёрҳои эътирофшудаи муосир муайян сохт.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати қонуни олии давлат масъалаҳои муҳимтарини сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ахлоқии ҷомеа, ҳуқуқ, озодӣ ва вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд, тартиби таъсис, доираи салоҳият ва фаъолияти мақомоти давлатиро муайян менамояд. Конститутсияи мо аз андешаи ҳокимияти мардум ба василаи мардум ва барои мардум, ки ҷавҳари асли соҳибихтиёрии халқ аст, сарчашма мегирад ва дар он асосҳои давлати ҳуқуқбунёд, дунявӣ, иҷтимоӣ, кафолати ҳуқуқ ва озодии инсон ва шаҳрванд, фаъолияти озоди иқтисодӣ, таҷзияи ҳокимият, гуногунандешӣ, демократияи намояндагӣ бо истифода аз унсурҳои демократияи бевосита ҳамчун арзишҳои аз тарафи аҳли башар пазируфташуда, ки бунёди амалияи конститутсионии ҷаҳони муосирро ташкил мекунанд, сабт шудаанд. Моддаи 14 Конститутсияи Тоҷикистон бо тамоми ин ақидаю андеша ва меъёрҳо мутобиқат дорад, ки дар он гуфта мешавад: «Ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд бевосита амалӣ мешаванд. Онҳо мақсад, мазмун ва татбиқи қонунҳо, фаъолияти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия, маҳаллӣ ва мақомоти худидоракунии маҳаллиро муайян мекунанд ва ба воситаи ҳокимияти судӣ таъмин мегарданд. Маҳдуд кардани ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрванд танҳо ба мақсади таъмини ҳуқуқ ва озодии дигарон, тартиботи ҷамъиятӣ, ҳимояи сохти конститутсионӣ ва тамомияти арзии ҷумҳурӣ раво дониста мешавад».

Дар раванди бунёди ҷомеаи демократӣ дар Тоҷикистон, ки дар он ҳуқуқ ва озодиҳои сиёсӣ дар сатҳи зарурӣ қарор хоҳанд дошт, бояд мушаххасоти давлат ба назар гирифта шаванд. Зеро озодии инсон дар сурате оғоз меёбад, ки дар давлат қонунҳои қабулшуда эътибори амалӣ пайдо намоянд. Аз ин лиҳоз, маҳз давлати ҳуқуқбунёд зербинои асосии мавҷудияти ҳама гуна озодӣ мебошад.

 

Ёрдамчии раиси суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, Раҷабзода Фаридун