Қадрдонӣ шудани кормандони дастгоҳ аз ҷониби раиси суди шаҳри Душанбе

Санаи 31 майи соли ҷорӣ дар толори маҷлисгоҳи бинои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби сардори Раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Додозода Абдуманон  ҷиҳати фаъолона ва барои бо масъулияти баланд иштирок намудани бонувони суди шаҳри Душанбе дар мусобиқаи волейбол байни бонувони вазорату идораҳо, раёсатҳо ва ташкилоту муассисаҳои шаҳри Душанбе раҳматномаи раиси суди шаҳри Душанбе муҳтарам Гиёзода М.Қ. эълон карда шуд.

Ҳамчунин барои иштироки фаъол ба Рӯзизода Гулноз-котиби судии суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе аз ҷониби раиси суди шаҳри Душанбе муҳтарам Гиёзода М.Қ. раҳматнома эълон гардид.

Қайд карда мешавад, ки тибқи Қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам  Рустами Эмомалӣ бахшида ба «Рӯзи Модар» миёни бонувони варзишкор мусобиқаи кушоди варзишӣ аз рӯи намуди волейбол эълон гардида буд.

Ҳадафи қарор ташвиқу тарғиб ва рушди волейбол байни бонувон, таъмини оммавияти варзишу солимгардонӣ арзёбӣ шудааст.

Мусобиқа бо иштироки бонувони  вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо тӯли 2 моҳ баргузор гардида буд.