Ғайриқонунӣ соҳиб шудани силоҳи оташфишон боиси маҳкум гардидани шахс гардид

Судяи суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Ширинзода Ҷ. санаи 9-уми марти соли равон дар маҷлиси ошкорои судӣ дар толори маҷлисгоҳи судии суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе парвандаи ҷиноятӣ нисбати Надыров Маматкул Давлятович, 14 августи 1957 соли таваллудаш, зодаи шаҳри Душанбе, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, миллаташ тоҷик, таҳсилоташ миёна, муваққатан бекор, муҷаррад, қаблан суд нашудааст, сокини шаҳри Душанбе дар содир намудани ҷинояти дар моддаи 195 қисми 2 бандҳои “б,в” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди баррасū қарор дод.

Аз ҷониби мақомоти тафтишоти пешакū нисбати Надыров Маматкул Давлятович дар чунин ҳолат айб эълон гардида буд:

Надыров Маматкул Давлятович тахминан соли 2011 аз ҳамсинфаш Восиев Қурбон бар ивази маблағи 80 сомони 1 (як) адад яроқи тамғаи ТОЗ-8 бо 14 (чордаҳ) адад тирҳояшро бо мақсади шикор ва бо арзиши зиёдтар ба фурӯш баровардан харидорӣ карда, инчунин дар давоми солҳои 2012-2013 дар асоси маслиҳати пешакӣ аз Анваров Алишер Мирзомуддинович бар ивази маблағи 4.000 (чор ҳазор) доллари ИМА 5 (панҷ) адад тапончаи тамғаи “Макаров” (ПМ) бо 5 (панҷ) адад тирдон бо 35 (сиву панҷ) адад тирҳояш, 224 (дусаду бисту чор) адад тирҳои қутрашон 9,12 мм, ғайриқонунӣ соҳиб шуда, бо мақсади бо арзиши зиёдтар ба фурўш баровардан ва ба соҳибияти каси дигар додани яроқу лавозимотҳои ҷангии мазкур, ғайриқонунӣ то лаҳзаи дастгир шуданаш нигоҳ доштааст.

Бо гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷуӣ ҷойи нигоҳдошти яроқи оташфишон муайян карда шуда, санаи 4-уми декабри соли 2020 ҳангоми азназгузаронии ҳуҷраи иҷоравии Надыров М.Д. 2 (ду) адад таппончаи тамғаи “Макаров” (ПМ) бо 3 (се) адад тирдон ва 2 (ду) қуттии тирҳо дар ҳаҷми 32 (сиву ду) адад тирҳои қутрашон 9,12 мм дарёфт карда шуданд. Ҳамзамон аз хонаи хоҳари калонии Надыров М.Д., Ҳамдамова Зулфия Давлатовна 3 (се) адад тапончаи тамғаи “Макаров” (ПМ), 2 (ду) адад тирдон бо 16 (шонздаҳ) адад тирҳо, 1 (як) адад яроқи “ТОЗ-8” бо 14 (чордаҳ) адад тирҳо ва 12 (дувоздаҳ) адад қутти нигоҳдори тир, ки дар дохилаш 192 (яксаду наваду ду) адад тирҳои қутрашон 9,12 мм мавҷуд буд, дарёфт ва мусодира карда шудаанд.

Судшаванда Надыров Маматкул Давлятович дар мурофиаи судӣ бо айби ба ў эълоншуда бо моддаи 195 қисми 2 бандҳои “б,в” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон худашро пурра  айбдор шуморида, нишондодҳои дар рафти тафтиши пешакӣ додаашро пурра тасдиқ намуда, аз додани нишондод худдорӣ намуда, аз кирдори содирнамудааш сидқан пушаймонū изҳор намуда , аз суд хоҳиш намуд, ки нисбаташ ҷазои сабук таъин карда шавад.

Гарчанде, ки судшаванда Надыров Маматкул Давлятович бо айби ба ў эълоншуда бо моддаи 195 қисми 2 бандҳои “б,в” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон худашро пурра гунаҳгор ҳисоб карда бошад ҳам, гуноҳи ў дар содир намудани ҷинояти мазкур, бо нишондодҳои шоҳидон ва далелҳои дар қабати парванда ҷамъовардашуда, ки аз ҷониби суд мавриди таҳқиқ ва муҳокима қарор дода шудаанд, пурра тасдиқи худро ёфт.

Суд кирдори судшаванда Надыров Маматкул Давлятовичро бо моддаи  195 қисми 2 бандҳои “б,в” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ғайриқонунӣ соҳиб шудан, ба дигарон додан, ба соҳибияти каси дигар додан, нигоҳ доштан, интиқол додан ё бо худ гирифта гаштани силоҳи оташфишон, лавозимоти ҷангӣ аз ҷониби гурўҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ, ба миқдори калон, банду баст кард.

Раводиди қисми 2 моддаи 195 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҷазоро дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ  ба муҳлати аз се то ҳафт сол пешбинӣ намудааст.

Суд бо назардошти ҳолатҳои содиршавии ҷиноят, дараҷаи хавфнокии он, шахсияти судшаванда, нақши ўро ҳангоми содир намудани ҷиноят ва пас аз содир намудани ҷиноят ба инобат гирифта, Надыров Маматкул Давлятовичро дар содир намудани ҷиноят бо моддаи 195 қисми 2 бандҳои “б,в” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста ба ў ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 6 (шаш) сол бо адо намудани ҷазо дар колонияҳои ислоҳии дорои низомаш пурзўр таъин кард.