Амали террористӣ – зуҳуроти номатлуби замони муосир

Имрӯзҳо терроризм хусусияти глобалӣ касб карда, дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон доман густурдааст, ки барои амнияти ҷомеаи ҷаҳонӣ воқеан таҳдид мекунад. Дар гӯшаю канори ҷаҳон фаъолшавии созмонҳои террористӣ ва ниҳодҳои маблағгузори онҳо ба мушоҳида мерасад. Тибқи маълумоти коршиносон дар ҷаҳон зиёда аз 400 созмонҳои террористии пинҳонкор амал мекунанд. Аммо боиси таасуф аст, ки солҳои охир дар Аврупо, Амрико, Ховари Миёна, Африқо, кишварҳои Балкан, Осиёи Марказӣ ва дигар давлатҳо ҳамлаҳои даҳшатноки террористӣ ба чашм мерасад ва бори дигар ҷомеаи ҷаҳониро аз ин хатари маргбор ҳушдор медиҳад.

Масаъалаи мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ аз таваҷҷӯҳи Пешвои миллат, Асогузори сулҳу Ваҳдати  миллӣ, Призиденти  кишвар Эмомалӣ Раҳмон мадди назар низ нашудааст. Чунончи Пешвои миллат, дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2018 қайд карда буданд:

«…Дар паёмҳои қаблӣ ва дигар суханрониҳо ман андешаҳои худро доир ба афзоиши хатари терроризм ва экстремизм дар ҷаҳони муосир изҳор карда будам.

Шиддати ин хатару таҳдидҳои ҷаҳонӣ, мутаассифона, имрӯз ҳам паст нашудааст.

Аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вақтҳои охир дастгир шудани гурӯҳҳои ҷиноятие, ки мехостанд дар минтақаҳои сарҳадӣ ва дохили Тоҷикистон амалҳои террористӣ анҷом диҳанд, гувоҳи ин гуфтаҳост.

Бинобар ин, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомиро зарур аст, ки бо ҳушёриву зиракии сиёсӣ ва баланд бардоштани донишу малакаи касбӣ, инчунин, бо истифода аз шаклу усулҳои муосир муборизаро бар зидди терроризм ва экстремизм, зуҳуроти ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, қочоқу муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар қонуншиканиҳо тақвият диҳанд.

Дар ин раванд, диққати асосӣ бояд ба пешгирӣ намудани терроризму экстремизм, шомилшавии шаҳрвандони мамлакат ба созмону ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ ва ба Ватан баргардонидани шахсони гумроҳшуда равона карда шавад.»

Дар ҳақиқат содир намудани кирдори террористӣ амалҳое мебошанд, ки ба одамон хатари марг ба миён оварда, истифодаи он мақсади ҷисмонӣ, бартараф кардани рақибони сиёсӣ, вайрон кардани бехатарии ҷамъиятӣ, тарсонидани аҳолӣ ё расонидани таъсир барои аз тарафи ҳокимият қабул кардани қарорҳо мегарданд. Аз ин таърифи додашуда суоле додан мумкин аст, ки чаро террористон даст ба чунин амали паст мезананд? Мувофиқи баъзе аз ақидаҳои коршиносон сабаби асосӣ, надоштани маърифати ҳуқуқиву динӣ ва бехабар будан аз арзишҳои миллии худ аст, ки чунин шахсон зуд фирефтаи дасти дасти сарбозон гардида, дар баробари худро бадному гумном намудан дигаронро ба қатл мерасонанд. Онҳо гумроҳшудагон ва зархаридоне мебошанд, ки ҳатто ба занону кӯдакон раҳме надоранд, баъзеи онҳо ҳатто ҳамроҳи зану фарзандони ноболиғашон гӯё барои «ҷиҳод» ба амалҳои террористӣ мезананд. Бояд қайд намуд, ки дар натиҷаи амалиёти террористӣ аксаран мардуми осоиштаи бегуноҳ қурбон мешаванд. Мисоли гуфтаҳои боло аз рафти баррасии парвандаи ҷиноятӣ нисбати як оила, яъне зану шавҳар, ки қасди ҷиҳод карданро доштаанд, мисол оварда метавонем.

Суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе дар маҷлиси ошкорои судӣ дар толори суд парвандаи ҷиноятиро нисбати ду шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо ҳамдигар ҳамзист буда, яке зодаи шаҳри Ҳисор ва дигаре зодаи ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон мебошанд, дар  шаҳри Ҳисор, Ҷамоати шаҳраки Шарора, зисти доимӣ доштанд, барои сӯйқасди иштироки ғайриқонунӣ дар воҳиди мусаллаҳ, задухӯрди мусаллаҳона ва амалиёти ҷангӣ дар ҳудуди дигар давлатҳо  кардаанд, баррасӣ намуда, муайян кард:

Шаҳрванд “А” шурўъ аз соли 2002 мунтазам ба муҳоҷирати меҳнатӣ дар Федератсияи Россия машғул буда, бо ин зисту зиндагониашро пеша менамудааст. Моҳи июни соли 2016 ҳангоми дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Руссия қарор доштанаш ў тавассути шабакаи интернетии «ZELLO» барномаи «Роҳнамо ба сӯи давлати исломӣ»-ро пайдо намуда, дар он худро бо тахаллуси «Аббос» ба қайд мегирад. Дар ин замина, ў бо шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон “Б” бо тахаллуси «Умед» шиносоӣ пайдо намуда, ба даъватҳои ў бобати иштирок дар ташкилоти экстремистӣ-терористӣ ба ном «Давлати Исломӣ», ки он бо ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 14 апрели соли 2015 ҳамчун ташкилоти экстремистӣ (ифротгароӣ)-терористӣ эътироф гардидааст, розӣ шуда, ғояҳо ва ақидаҳои онро қабул ва ҷонибдорӣ менамояд. Баъдан дидаву дониста, ки иштироки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар задухурдҳои мусаллаҳона, воҳидҳои мусаллаҳ ва амалиётҳои ҷангӣ дар ҳудуди дигар давлатҳо хилофи қонун буда, ҷиноят эътироф гардидааст, қасдан мақсади шомил шудан ба ин ташкилоти экстремистӣ-террористӣ ва ҳамроҳи аъзоёни он содир намудани «ҷиҳод»-ро мекунад.

Дар ин поя, ў санаи 16 майи соли 2017 бо ҳамроҳии завҷааш “В” ва фарзанди ноболиғашон ба Ҷумҳурии Исломии Эрон сафар менамоянд. Дар шаҳри Теҳрон онҳоро нафари аъзои ташкилоти экстремистӣ-террористии бо ном «Давлати Исломӣ» пешвоз гирифта, ба шаҳри Зоҳидон бурда, баҳри амалӣ намудани мақсадашон ба автобуси самти «Зоҳидон-Кобул» савор карда, ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон гусел менамояд. Пас аз ба шаҳри Кобул расидани “А” бо ҳамроҳии завҷааш “В”, онҳо назди худ ҳадаф мегузоранд, ки ба минтақаи Хуросони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон рафта, барои иштирок дар муҳорибаҳои мусаллаҳона ва амалиёти ҷангӣ, дар якҷоягӣ бо дигар аъзоёни ин ташкилоти террористӣ ба муқобили ҳукумати қонунии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон бипайванданд. Аммо, номбурдаҳо ба ҳадафҳои ниҳоиашон нарасида, ҳангоми дар шаҳри Кобул қарор доштанашон аз ҷониби мақомоти амнияти ин кишвар дастгир гардида, ба Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқол дода мешаванд.

Суд ҳангоми таъини ҷазо маҷмўи ҳолатҳои сабуккунанда ва вазнинкунандаро бо дарназардошти хусусияту дараҷаи хавфнокии ҷамъиятии ҷинояти содиршуда, тарзи амал, хусусияту андозаи зарари расонидашуда ва шахсияти гунаҳгоронро ба эътибор гирифта, нисбаташон чунин ҷазо таъин кард:

Ба шаҳрванд “А” дар асоси моддаи 67 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои маҷмўи ҷиноятҳо бо роҳи қисман зам намудани ҷазоҳои таъиншуда 14 сол (чордаҳ) сол маҳрум сохтан аз озодӣ бо адо кардани ҷазо дар калонияҳои ислоҳии дорои низоми сахт.

Ба шаҳрванд “В” бо моддаҳои 32 қисми 3-4011 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати 12 (дувоздаҳ) сол бо адо кардани ҷазо дар калонияҳои ислоҳии дорои низоми умумӣ.

Албатта мисоли оварда шуда, гувоҳи онро медиҳад, ки баъзе аз шаҳрвандон  ҳаёти ороми худро барбод дода, фирефтаи нафарони дигар шуда, ба гумроҳӣ афтода, худро қурбонӣ кардан мехоҳанд. Бо ин мақсад аз тамоми шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба арҷгузорӣ ва эҳтироми муқаддасоти миллию рамзҳои давлатӣ, таҳкими истиқлолияти давлатӣ, ҳифзи Ватан, амният ва суботи ҷомеа, баланд бардоштани маърифатнокии ҷомеа, ҳисси баланди миллии ватандӯстӣ, худшиносиву худогоҳӣ, аз даст надодани зиракии сиёсӣ даъват ба амал оварда мешавад.

 

 

Муовини раиси суди ноҳияи Исмоили

Сомонии шаҳри Душанбе,  С.М.Кабирзода