Аз дирафши Ковиён то парчами Тоҷикистони соҳибихтиёр.

Парчам ҳанӯз аз замонҳои хеле қадим рамзи давлатдорӣ, шукӯҳу ифтихор ва нангу номус будааст. Бозёфтҳои бостоншиносӣ, ҳафриёт, навиштаҷот ва деворнигораҳои мухталиф, ки то имрӯз боқӣ мондаанд, аз ин гувоҳӣ медиҳанд. Тибқи  сарчашмаҳои таърихӣ,  парчамҳо таърихи беш аз 3-4 ҳазорсола доранд. Аввалин парчамҳо дар Чин, Миср ва Эрони Қадим пайдо шудаанд, ки рамзи истиқлолияту озодӣ ва сулҳу субот мебошанд.
Аслан, парчам дар саросари ҷаҳон рамзи маъруфу бостонист. Мувофиқи маълумоти сарчашмаҳо, сароғоз парчам бештар чун рамзи нерую тавоноӣ, лашкаркашию кишваркушоӣ пазируфта шудааст. Муҳаққиқон ҳам бар он назаранд, ки барои ҳамчун рамзи давлатӣ пазируфта шудани парчам соҳаи ҳарбӣ нақши муҳим бозидааст. Аз аҳди бостон парчам ифодагари маркази лашкар, мавқеи сарлашкар ва нерубахшу ҳидоятгари сарбозон ба пирӯзӣ будааст.
Парчаму дирафш вожаҳои асилу қадимии тоҷикӣ, байрақ вожаи туркӣ, ливо ва алам вожаҳои арабӣ ҳастанд. Дар «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосими Фирдавсӣ зикр мегардад, ки «Дирафши Ковиён» солҳои зиёд рамзи ифтихори давлатҳои қадимаи ориёӣ—Ҳахоманишиҳо, Ашкониён ва Сосониён будааст.

Дирафши Коваи оҳангар (қаҳрамони «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ) аз онҷо сарчашма мегирад, ки Кова пешбанди чармини худро бар сари чӯбе баста, ба муқобили Заҳҳоки морон бархост, халқро ба шӯриш даъват намуд ва бар Заҳҳок ғалаба кард. Ба ин васила шоҳ Фаридун ба сари тахт меояд ва он пешбанди Коваи музаффарро Дирафши Ковиёнӣ мехонаду бо зару зевар меорояд ва муқаддас медонад. Аз ҷумла, Абулқосим Фирдавсӣ ин дирафшро чунин тасвир карда, навиштааст:

Фурӯ хишт з-ӯ сурху зарду бунафш,
Ҳаме хондаш «ковиёнӣ дирафш».

Миллати тоҷик тӯли таърих миллати парчамдор буд. Дар воқеъ, то замони бавуҷудоии парчам дар шакли имрӯзааш, дар оғоз ливо ҳамчун рамз ё нишони даъват ба муттаҳидӣ ва мубориза истифода мешуд, вале он на дар шакли имрӯзааш, ки аз матоъ ва аломатҳои тасвиршуда иборат аст, амал мекард, балки ашёи гуногунро дар бар гирифта, муносибати одамонро ба ин ва ё он ҷомеа, амсоли қабила, лашкар, равияҳои динию мазҳабӣ  ифода менамуд.
Соли 550 пеш аз милод аз Ҷониби бузургтарин шахсияти таърих Куруши Кабир империяи Ҷаҳонии Ҳахоманишиҳо таъсис дода шуд. Ин давлат низ соҳиби парчами миллии худ буд. Дар парчами Ҳахоманишиниҳо уқоби болкушода ва дар болои сари уқоб офтоб тасвир ёфта буд.

Сосониён низ соҳиби парчами худ буданд. Парчами Сосониён Дирафши Ковиён ном дошт. Парчами Сосониён аз матои қиматбаҳои чоркунҷаи ғафс сохта шуда, бо сангҳои қиматбаҳо оро ёфта буд. Ин сангҳои қиматбаҳоро ҳар як шоҳе, ки ба сари қудрат меомад, ба ин парчам зам мекард. Дар болои парчам уқоби болкушода ва офтобе, ки дар парчами Ҳахоманишиҳо тасвир ёфта буд, ҳамчун сарнайза сохта шуда, дар поёни парчам матоъҳои сурху кабуду зарди борик овезон буданд. Сосониён соли 636 дар Ҷанги Қадисия парчами худ — Дирафши Ковиёнро аз даст дода, аз Ҷониби арабҳо шикаст хӯрданд. Анъанаи бо парчами тунуку ҳарири парафшон, ки дар чӯбе мустаҳкам карда шудааст, дар Хилофати Араб ба вуҷуд омада буд. Парчами нахустини Хилофати Араб ранги сиёҳ дошт ва баъдан он ба парчами ранги сабз иваз карда шуд. Соли 1753 манғитиҳо дар Бухоро ба сари ҳокимият омаданд. Соли 1785 хони манғит — Шоҳмурод хонигарии Бухороро ба Аморат табдил дода, худро амир эълон кард. Парчами Аморати Бухоро сабз буда, дар байнаш тасвири моҳ ва як ситора дошт. Ҳамзамон, дар парчам панҷаи даст ва бо хатти арабӣ калимаи тавҳид навишта шуда буд. Соли 1924 дар ҳудуди Осиёи Миёна тақсимоти миллӣ-ҳудудӣ гузаронида шуд. Хушбахтона, моҳи октябри ҳамон сол Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон таъсис ёфт. Бо ташкили Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон зарурати қабули парчами он ба миён омад. Бояд қайд кард, ки аз соли 1924 то соли 1991 мо нуҳ парчамро қабул кардем. Дигаргун шудани шакли парчам дар он давра сабабҳои худро дошт. Аз ҷумла соли 1928 алифбои тоҷикиро аз форсӣ ба лотинӣ табдил доданд. Ин дигаргунӣ ба парчам низ таъсир кард. Дар он рӯзгор номи ҷумҳуриро дар парчам бо ҳарфҳои зарҳалии лотинӣ (RSS Tojikiston) ва русӣ (Таджикская ССР) менавиштанд ва дар болои он нишонаи зарини «досу болға»-ро менигоштанд. Соли 1940 алифбо аз лотинӣ ба кирилии русӣ табдил дода шуд ва парчам низ дигаргун шуд. Ранги он сурх монд ва номи ҷумҳурӣ дар парчам бо ҳарфҳои зарҳалии кирилии тоҷикӣ (ҶШС Тоҷикистон) ва кирилии русӣ (Таджикская ССР) навишта шуд. Дар болои номи ҷумҳурӣ нишонаи зарини «досу болға» нигошта шуд.

То пазируфта шудани парчами кунунӣ Тоҷикистон парчами пешинаи шӯравиашро бо андак дигаргунӣ, бе ситораи панҷгӯша ва нишонаи коммунистии «досу болға» ба кор мебурд. Баъдан бо гузашти вақт  парчам тағйир ёфта, шакли ягона ва муқарраршуда гирифт. Воқеан ҳам дар фарҳангу луғатномаҳо ва осори бадеӣ муродифҳои зиёди вожаи парчам истифода шудаанд, ки аз ин миён шаш вожаи зерин бештар маъруфанд: дирафш, алам, ливо, байрақ, парчам, роят. Вожаи сермаъною тоҷикиасли дирафш аз куҳантарин муродифҳои парчам мебошад ва пас аз он дар адабиёти классикиямон вожаи арабии алам дар истифода бартарӣ ёфта, дар осори боқимондаи устод Рӯдакӣ ба сифати муродифи парчам вожаҳои алам, дирафш ва роят омадаанд. Маъмултарин муродифи парчам дар адабиёти классикиямон вожаи алам аст. Пас аз Инқилоби Октябр (1917) дар силсилаи муродифҳои парчам вожаи туркии байрақ афзалият пайдо кард. Ибораҳои байрақи сурх, Байрақи Октябр, байрақи зафар, Байрақи сурхи меҳнат зуд маъмул гаштанд. Вожаҳои муродифии дирафш ва парчам вожаҳои ноби тоҷикӣ мебошанд ва аз вожаҳои байрақ, алам, ливо ва роят бо ҳамин вижагии умдаашон бартарӣ доранд.

Бояд гуфт, ки вакилони мардумӣ дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо камоли масъулият дар баробари рамзҳои дигари давлатӣ – Суруди миллӣ ва Нишони давлатӣ дар сари пазириши тарҳу намуди Парчами давлатии Тоҷикистони тозаистиқлол баҳс оростанд, табодули афкор карданд, мулоҳизоти мутахассисонро ба инобат гирифтанд ва ниҳоят «Низомномаи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро қабул намуданд. Ҳамин тавр, 24-уми ноябри соли 1992 Ҷумҳурии Тоҷикистон расман соҳиби аввалин рамзи давлатӣ ва соҳибистиқлолии худ — Парчами давлатӣ гардид. Вакилони мардумӣ барои ифодаи номи ин рамз аз байни силсилавожаҳои муродифии дар боло зикршуда маҳз вожаи қадимию тоҷикии парчамро пазируфтанд ва ба ин васила боз як нобвожаи тоҷикиро эҳёву сари забонҳо намуданд.
Таърих нишон дод, ки дар сояи ин парчам миллати тоҷик сарҷамъ шуда, марҳилаи душвори таърихиро сарбаландона паси сар намуд, ба Ҷанги шаҳрвандӣ хотима бахшид ва сулҳу амниятро ба даст овард. Бо ташаббуси Пешвои муаззами миллат соли 2011 дар пойтахти азизамон шаҳри Душанбе баландтарин парчам дар Ҷаҳон парафшон шуд, ки дарозии сутуни он ба 165 метр мерасад ва дарозии матои он 60 ва бари он 30 метрро ташкил медиҳад.

Дар хотима метавон гуфт, ки имрӯз парафшонии Парчами давлатӣ мояи ифтихору рӯҳбаландӣ ва саодату садоқати сокинон ба Ватан – Модар гардида, моро ба сӯи музаффарияту дастовардҳои навин ҳидоят менамояд.

Рӯзи Парчами давлатӣ муборак бошад, ҳамкасбони азиз!

 

Бо эҳтиром
Судяи Суди ноҳияи Исмоили
Сомонии шаҳри Душанбе
Ҳамидзода М.М.