Аз ҷониби иҷозатномадор риоя накардани талабот ва шартҳои иҷозатнома

Судяи суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Шарофзода Б.Қ. санаи 16 майи соли ҷорӣ дар маҷлиси ошкорои судӣ дар толори маҷлисгоҳи бинои суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмуриро нисбати Ибронов Дилшод Муқимҷонович, 06 феврали соли 1989 санаи таваллудаш, зодаи шаҳри Душанбе, миллаташ тоҷик, маълумоташ миёна, оиладор соҳиби се фарзанд, ҷойи кораш ронандаи такси «Рахш», ҷои истиқоматаш шаҳри Душанбе кӯчаи Хоҷамбиёи поён хонаи 135, бо моддаи 511 қисми 1 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дида баромада, муайян кард:

Санаи 18 апрели соли 2019 соати 10:00 дақиқа ҳангоми гузаронидани санҷиш аз ҷониби бозрасии РХРД ШБДА ВКД дар шаҳри Душанбе муайян карда шуд, ки ронанда Ибронов Дилшод Муқимҷонович бо воситаи нақлиёти тамғаи «Тайота корола» рақами қайди давлатиаш 64-32 ТТ 05 дар кӯчаи Ҷ.Расулови шаҳри Душанбе бар хилофи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намуди фаъолият» аз 17 майи соли 2004 №37  амалнамуда, бе роҳхат ба фаъолияти мусофиркашонӣ машғул шудааст.

Ҳуқуқвайронкунанда Ибронов Дилшод Муқимҷонович дар мурофиаи судӣ ба гуноњаш иқрор шуда, баён намуд, ки дар ҳақиқат санаи 18 апрели соли 2019 ў бо автомашинаи шахсии тамғаи «Тайота корола» рақами қайди давлатиаш 64-32 ТТ 05, бо иҷозатномаи ҶДММ «Талко персия» ба фаъолияти мусофиркашонӣ бе роҳхат ба мусофиркашонӣ машӣул шудааст, ки нисбаташ протокол тартиб дода, парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз намудаанд.  Ў аз кирдори содирнамудааш пушаймон буда, аз суд хоҳиш намуд, ки  ба ӯ ҷазои сабук таъин карда шавад.

Гуноҳи ҳуқуқвайронкунанда Ибронов Дилшод Муқимҷонович дар содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ба ғайр аз худиќрории ў, инчунин бо далелҳои дар қабати парванда мавҷудбуда тасдиқи худро ёфт.

Бинобар ин, суд кирдори содирнамудаи ҳуқуқвайронкунанда Ибронов Д.-ро бо моддаи 511 қисми 1 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷавобгарии маъмуриро барои аз ҷониби иҷозатномадор риоя накардани талабот ва шартҳои иҷозатнома пешбинӣ менамояд, банду баст кард.

Раводиди қисми 1-и  моддаи 511 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазоро барои шахсони воқеӣ дар намуди ҷарима ба андозаи аз панҷ то ҳафт нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо боздоштани амали иҷозатнома ба муҳлати то се моҳ пешбинӣ кардааст.

Судя ҳангоми таъини ҷазо хусусияти ҳуқуқвайронкунии маъмурии содирнамуда, шахсияти ҳуқуқвайронкунанда Ибронов Дилшод Муқимҷоновичро ба инобат гирифта, Ибронов Дилшод Муқимҷоновичро бо моддаи 511 қисми 1 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста, ба ў бо ҳамин модда ҷазои љарима ба андозаи панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 275 (дусаду ҳафтодупанҷ) сомонӣ ба фоидаи давлат бо боздоштани амали иҷозатномае, ки ба ҳуқуқвайронкунанда Ибронов Дилшод Муқимҷонович дар асоси иҷозатномаи ҶДММ «Талко персия» таҳти №0027517, варақаи назоратии №0027517 воситаи нақлиёти тамғаи «Тайота корола» рақами қайди давлатиаш 54-32 ТТ 05 дода шудааст ба муҳлати ду моҳ таъин кард.