Аз ҷониби Раиси ноҳия қадрдонӣ шудани кормандони суд

Санаи 5 ноябри соли ҷорӣ дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе маҷлиси идона ба ифтихори 25-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид. Дар чорабинии тантанавӣ аз ҷумла кормандони суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ширкат варзиданд.

Чорабинии мазкурро Раиси ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе муҳтарам Самӣ Шариф ҳусни оғоз бахшида, ҳозиринро бо фарорасии 25-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муборакбодӣ намуд.

Ҳамзамон дар идомаи чорабинӣ раиси суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Сангинзода Ғайрат баромад намуда, қайд карданд, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи дастовардҳои бузурги мардуми Тоҷикистон буда, заминаи ҳуқуқии бунёди давлати тозабунёд ва соҳибистиқлоли тоҷикон, шакли ифодаи ҳуқуқии ормонҳои давлатдории миллӣ, ҳимояи ҳадафҳо ва манфиатҳои миллӣ, осори таърихӣ ва фарҳанги миллӣ мебошад ва ҳар қадар солҳо моро аз қабули ин ҳуҷҷати тақдирсоз дур мебарад, ҳамон қадар аҳамияту муҳимияти таърихии он дар эҳёи давлатдории миллӣ ва пойдории ҳокимияти конститутсионӣ воло мегардад.

Конститутсия аз ғояи ҳокимияти халқ, ки моҳияти соҳибихтиёрии халқро дарбар мегирад, сарчашма гирифта, дар он асосҳои сохтори конститутсионӣ, кафолати ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таҷзияи ҳокимияти давлатӣ, дахлнопазирии ҳудуди кишвар, забони давлатӣ, рамзҳои давлатӣ, аосоҳои иқтисодиву сиёсӣ, иҷтимоиву фарҳангии давлат ва ҷомеаи Тоҷикистон таҷассуми худро пайдо намудаанд.

Дар Конститутсия инчунин институтҳо ва масъалаҳои муҳими сиёсӣ, аз қабили ҳадафҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлат, мақом ва салоҳияти мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузории кишвар, салоҳият ва вазъи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, вазъи ҳуқуқии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, мустақилияти ҳокимияти судӣ, ба зиммаи мақомоти прокуратура вогузор будани назорати иҷрои дақиқи ва якхелаи қонунҳо дар қаламрави ҷумҳурӣ мустаҳкам гардида, тағйирнопазир будани шакли идораи ҷумҳурӣ, тамомияти арзӣ, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоии давлат ва дигар падидаҳои воло муқарар гардидааст.

Дар охири чорабинӣ аз тарафи Раиси ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе муҳтарам Самӣ Шариф ба муовини раиси суд Кабирзода С.М. ва пристави суд Сатторзода Р.Ғ. барои саҳми арзанда гузоштан дар амалӣ гардонидани сиёсати созандаю бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иҷрои дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бахшида ба ҷашни 25-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтихорномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанберо сарфароз гардонид.