Баргузории шанбегӣ

Ҷиҳати дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Роҳбарияти Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, суди шаҳри Душанбе дар сатҳи байналмилалӣ ҷашн гирифтани «Наврӯз» ва сазовор пешвоз гирифтани «30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» санаи 2 марти соли равон роҳбарият, судяҳо ва кормандони дасгоҳи суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, чун харвакта ба тоза кардани гирду атрофи бинои суд баромаданд.

Қайд карда мешавад, ки вобаста ба ҷашнгирии идҳои дар пеш омадаистода ҳар ҳафта рӯзи шанбегӣ эълон карда шудааст. Вобаста ба ҷашнгирии идҳои дар пешомада кормандони суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе омодагии ҷиддӣ дида истода, шиорҳо дар бинои суд овезон шудааст.

Сабтҳо аз ҷараёни баргузории шанбегӣ