Баргузории вохўрии судманд дар партави эълон гардидани 2024 «Соли маърифати ҳуқуқӣ»

2 феврали соли ҷорӣ, ҷиҳати эълон гардидани «Соли маърифати ҳуқуқӣ» ва дар асоси нақшаи корӣ роҳбарият ва ҳайати судяҳои суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе байни омӯзгорону хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №44 ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе вохӯрӣ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ дар мавзӯҳои муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2023, пешгирии омилҳои номатлуби ифротгароӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, ташаккули худшиносиву зиракии сиёсӣ, арҷгузорӣ ба муқаддасоти давлат ва хизмат ба Ватан, ҳифзи арзишҳои фарҳанги миллӣ ва дар амал татбиқ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» доир гардид.

Ҷаласаи мазкурро иҷрокунандаи вазифаи раиси суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ Кабирзода Сарфароз Мизроб ифтитоҳ намуда, иброз намуд, ки шурўъ аз соли 2000-ум то ин ҷониб ҳамасола Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ роҷеъ ба самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ эълон мегардад ва ин василаи муҳими таҳлилу баррасии масоили сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва муайян намудани рушди минбаъдаи масъалаҳои ба он алоқаманд мебошад.

Дар ин замина, 28 декабри соли 2023 Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ ироа гардид.

Паёми Президенти кишвар ба Парлумони мамлакат чун ҳамешагӣ фарогири рушди соҳаҳои мухталиф, муайян сохтани норасоиҳо дар бахшҳои гуногун ва дурнамои рушди мамлакат, инчунин мутобиқ сохтани меъёрҳои дохилӣ ба сатҳи байналмилалӣ мебошад.

Қобил ба ёдоварист, ки бо ин Паём Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои боазамати миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2024-ро «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон намуд.

Дар ҳамбастагӣ бо ин Паём, инчунин дар асоси нақша-чорабиниҳои дохилиидоравии роҳбарияти Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва суди шаҳри Душанбе барои соли 2024, суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе низ бо мақсади амалӣ намудани сиёсати дохилӣ, ҳамзамон бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон дар идораву корхонаҳои давлатӣ ва муассисаву ташкилотҳои ҷамъиятӣ, новобаста аз шакли моликият самтҳои асосӣ ва мубрами имрўзаи давлату ҷомеаро дар ҳамбастагӣ бо эълон гардидани соли 2024-ро соли “Маърифати ҳукуқӣ” ба назар гирифта, нақша-чорабиниҳои дохилиидоравиро барои соли 2024 таҳя намуд.

Аз муҳтавои Паёми Президенти кишвар ба Парлумони мамлакат бармеояд, ки соли 2023 барои Тоҷикистон бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он–хушксоливу камобӣ, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид.

Бо ҳамин, мазмуну муҳтавои Паёми Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тарафи Кабирзода С.М.-муовини якуми раиси суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба саҳми иштирокчиёни ҷаласа расонида шуда, дар идомаи суҳбат Одиназода Мирзо Ҷалил-судяи суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ қайд карданд, ки масъулият худ эҳсосест, ки дар рафтори ҳар як шахсияти комили ҷомеаи мутамаддин ва ҳар як фарди бедордил вобаста ба ин ё он вазифае, ки ба душаш гузошта шудааст,  дида мешавад. Аммо тақозои замон аст, ки ин масъулиятро баҳри беҳбудии ҳаёти инсон дар худи инсон давлат ва қонунгузорӣ бедор намояд. Давлати мо низ тавассути қонунгузории хеш тавонист ба ин масоил бе тафовут набошад. Пеш аз ҳама сарчашмаи асосии ин ташаббус меъёрҳои Конститутсияи амалкунандаи мо мебошанд, ки ба тарзи зерин пешбинӣ шудаанд.

Дар қисми дуюми моддаи 34-и Констутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки «Падару модар барои таълиму тарбияи фарзандон масъул мебошанд». Дар ҳамин росто бо мақсади пурзўр намудани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд дар рўҳияи инсондўстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ ва фарҳангӣ, инчунин ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои фарзанд Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» аз 2 августи соли 2011, №470 қабул гардидааст. Қонуни мазкур дар баробари ҳуқуқ, инчунин ўҳдадориҳои падару модар ва ё шахсони ивазкунандаи он, омўзгор, мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, муассиса ва дигар ташкилотҳое, ки масъалаҳои вобаста ба таълиму тарбияи кўдакро баррасӣ мекунанд дар таълиму тарбияи фарзанд пешбинӣ намудааст. Вазифаи падару модар муҳайё намудани шароити мусоид барои инкишофи мӯътадили ҷисмонӣ ва рўҳии фарзанд, таъмини шароити арзандаи зиндагӣ ва пеш аз ҳама масъулият барои пешгирӣ ва роҳ надодан ба тамоми амалҳои ношоистае, ки фарзандонашон метавонанд аз беаҳмиятии онҳо содир намоянд.

Мувофиқи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, падару модар дар тарбияи фарзанд ӯҳдадориҳои зерин доранд:

— ба фарзанд тибқи арзишҳои миллӣ номи нек гузоранд;

— пас аз таваллуд фарзандро дар мўҳлати то се моҳ аз қайди давлатии сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ гузаронанд;

— барои ҳифзи саломатӣ, ташаккули ҷисмонӣ, маънавӣ ва ахлоқии фарзанд шароит муҳайё намоянд;

— фарзандро ба зиндагии мустақилона омода намоянд;

— фарзандро дар рўҳияи эҳтиром ба Ватан, қонун, арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ, инчунин бартарии манфиатҳои миллӣ аз шахсӣ тарбия намоянд;

—  маърифати ахлоқӣ, эстетикӣ ва экологии фарзандро ташаккул диҳанд;

— фарзандро дар рўҳияи эҳтиром ба худ ва атрофиён, оила, урфу одат, анъанаҳо ва фарҳанги миллии худ ва халқҳои дигар тарбия намоянд;

— фарзандро дар рўҳияи сарфаю сариштакорӣ тарбия намуда, бо маблағ ва молу мулк муносибати эҳтиёткорона доштанро омўзонанд;

— гаштугузори фарзанди то шашсоларо бе ҳамроҳии шахси аз чордаҳсола боло дар кўча ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ иҷозат надиҳанд;

— шаъну шарафи фарзандро эҳтиром намоянд ва ба муомилаи бераҳмона нисбат ба ў роҳ надиҳанд;

— новобаста ба ҷинс, синну сол, қобилияти зеҳнӣ, ҷисмонӣ ва рўҳии фарзанд, нисбат ба ў баробар муносибат намоянд;

— дар вақти шабона ба марказҳои дилхушӣ рафтани фарзанди то ҳаждаҳсолаашонро манъ намоянд;

— аз соати 18.00 то соати 6.00 ба марказҳои пешниҳоди бозиҳои компютерӣ ё хизматрасонии интернетӣ рафтани фарзанди ноболиғи худро иҷозат надиҳанд;

— кирдорҳои зиддиҷамъиятӣ, муомилаи дағалона бо атрофиён, халалдор намудани оромӣ, истифодаи суханҳои қабеҳ, рафтори дағалона дар кўчаҳо, хиёбонҳо, майдонҳо, муассисаҳои фароғатӣ, дохили нақлиёт, хобгоҳҳо, манзили зист, дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва муносибати тахрибкоронаи фарзандро ба муҳити зист пешгирӣ намоянд;

— барои баланд бардоштани сатҳи фарҳанг ва маърифати экологии фарзанд чораҳо андешанд;

— ба фарзанди то синни мактабӣ ва фарзанде, ки дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ, ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ, новобаста ба шакли ташкилию ҳуқуқии онҳо, таҳсил мекунанд, бо худ овардан ва истифодаи телефонҳои мобилиро манъ намоянд;

—  ба фарзанд тамошои филмҳои дорои хусусияти шаҳвонӣ, зўроварӣ, экстремистӣ, террористӣ, тундгароӣ ва ҷудоихоҳиро манъ намоянд;

— аз тарафи фарзанд мақсаднок ва мувофиқ ба таълиму тарбияи ў истифода шудани интернетро назорат намоянд;

— ба фарзанд мутолиа ва паҳн кардани сабтҳои электронӣ (аз ҷумла тариқи телефонҳои мобилӣ), китобҳо, варақаҳо, рўзномаҳо, маҷаллаҳо ва дигар маводи чопии дорои хусусияти шаҳвонӣ, зўроварӣ, экстремистӣ, террористӣ, тундгароӣ ва ҷудоихоҳиро манъ намоянд;

— иштироки фарзандро дар фаъолияти иттиҳодияҳои динӣ, ба истиснои фарзандоне, ки ба таври расмӣ дар муассисаҳои таълимии динӣ ба таълим фаро гирифта шудаанд, иҷозат надиҳанд;

— ба фарзанд истеъмоли нўшокиҳои спиртӣ, маҳсулоти тамоку, воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропӣ, инчунин моддаҳои сахттаъсир ва мадҳушкунандаро манъ намоянд;

— иштироки фарзандро дар чорабиниҳои барои ў тавсиянашуда иҷозат надиҳанд;

— ба фарзанд барои рондани воситаҳои нақлиёт бе гирифтани шаҳодатномаи ронандагӣ, инчунин барои омадан ба муассисаи таълимӣ бо идора намудани воситаҳои нақлиёти механикӣ иҷозат надиҳанд;

— ба оворагардӣ ва дигар рафторҳои зиддиахлоқӣ машғул шудани фарзанд роҳ надиҳанд ва барои интихоби касб ба ў мусоидат кунанд;

— ба фарзанд асосҳои гигиенаи шахсӣ, маърифати санитарӣ, фарҳанги шаҳрнишинӣ ва муоширатро омўзонанд;

— ба ҷалб намудани фарзанд ба корҳои хавфнок ва вазнини ба саломатии ў зараровар ва ҳамчунин дигар корҳое, ки ба инкишофи мўътадили ҷисмонӣ ва равонии фарзанд халал мерасонанд, иҷозат надиҳанд;

— фарзандро ба фаъолияти соҳибкорӣ ва хариду фурўш, ба истиснои ҳолатҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат додааст, ҷалб насозанд;

— бе ҳамроҳии шахси болиғ гаштугузор кардани фарзанди то шонздаҳсоларо дар ҳудуди биною иншооти техникӣ, таҳхонаҳо ва болохонаҳои биноҳои истиқоматӣ, корхонаҳо, муассисаҳо, дигар ташкилотҳо, ҳудуди нуқтаҳои фурўши сўзишворӣ, саристгоҳҳои роҳи оҳан, фурудгоҳҳо ва саристгоҳҳои нақлиёти мусофирбар манъ намоянд;

— дар ҷойҳои ҷамъиятӣ навиштан, ифлос намудан ва расонидани зарарро аз ҷониби фарзанд манъ намоянд;

— дастрасии фарзандро ба маводи сўзандаю тарканда пешгирӣ намоянд;

— истифодаи ҷавоҳирот, зару зевар, дигар ашёҳои қиматбаҳо (ба истиснои як ҷуфт гўшвора барои духтарон)-ро аз тарафи фарзанд дар муассисаҳои таълимӣ ва холкўбиро барои фарзанд манъ намоянд;

— ба шикастани панҷараҳо, санги болои қабрҳо, ҳайкалҳо, нимпайкараҳо ва дигар ороишоте, ки дар оромгоҳҳо ва ҷойҳои таърихию фарҳангӣ мавчуданд ва тахриб кардани онҳо аз тарафи фарзанд роҳ надиҳанд;

Ғайр аз ин, тибқи талаботи моддаи 9 Қонуни мазкур падару модарро дар таълими фарзанд чунин ўҳдадор намудааст:

— ба фарзанди то шашсола барои гирифтани таълиму тарбияи томактабӣ шароит фароҳам оваранд;

— ба таълим фаро гирифтани фарзандро таъмин намуда, ба таҳсили ў дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ монеъ нашаванд;

— фарзандро бо воситаҳои зарурии таълимӣ таъмин карда, барои таълими ў шароити муносиб муҳайё намоянд;

— риояи пўшидани либосҳои расмии мактабиро аз ҷониби фарзанд дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот таъмин ва назорат намоянд;

— ба фарзанди имконоти маҳдуди ҷисмонӣ ва рўҳӣ доштаи худ барои таҳсил кардан ва касбу ҳунар омўхтан шароит муҳайё сохта, иллати ҷисмонӣ ва рўҳии ўро пинҳон накарда, дар сурати набудани шароит барои таълими фарзанд ба муассисаҳои дахлдори давлатии соҳаи маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ муроҷиат намоянд;

— аз вазъи фарзанде, ки дар мактаб-интернатҳо ва дигар муассисаҳои махсусгардонидашуда, новобаста ба шакли ташкилию ҳуқуқии онҳо, таълиму тарбия мегирад, хабардор шуда, бо чунин муассисаҳо ҳамкорӣ намоянд ва раванди таълими фарзандро дар ин муассисаҳо зери назорат гиранд;

— донишандўзӣ ва иштироки фарзандро дар раванди таълим назорат карда, бо омўзгорон, ҳайати кормандон ва роҳбарияти муассисаи таълимӣ оид ба таълими фарзанд мунтазам ҳамкорӣ намоянд;

— дар маҷлисҳои падару модарон ва дигар чорабиниҳои мактабӣ бо даъвати маъмурият тибқи талаботи оинномаи муассисаи таълимӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ иштирок намоянд;

— талаботи оинномаи муассисаи таълимиро, ки фарзандашон дар он ҷо таълим мегирад, иҷро намоянд;

— ҷалби фарзандро барои гирифтани таълим дар таълимгоҳҳои ғайриқонунӣ ё дар назди шахсони алоҳидаи бе иҷозатнома фаъолияткунанда манъ намоянд;

— таълими динии фарзандро дар хориҷи кишвар бе розигии хаттии мақомоти ваколатдори давлатӣ иҷозат надиҳанд;

Дар идомаи мулоқот Ҳамидзода Муҳаммадҷон Маҳмадали-судяи суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе иброз кард, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” тақозои ҷомеа ва замон буда, он барои таълиму тарбияи фарзанди комил, таҳкими сармояи зеҳнӣ, баланд бардоштани масъулияти падару модар вобаста ба таълиму тарбияи фарзанд нигаронида шудааст.

Аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” зиёда аз 12 сол сипарӣ шуда бошад ҳам, мушоҳидаҳо собит месозад, ки баъзе аз волидон низ дар тарбияи фарзандон ҳоло низ беаҳамиятӣ мекунанд. Беаҳамиятии онҳо то ҷое мерасад, ки фарзандони онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ шомил мешаванд ва ҳаёти худро зери хатар гузоштанашон мумкин аст.

Бо мисоли равшан метавон аз таҷрибаи суди ноҳияи Исмоили Сомониии шаҳри Душанбе оварда метавонем. Чунки аз тарафи падару модар ва ё шахсони ивазкунандаи он вайрон кардани Қонуни мазкур боиси ба ҷавобгарӣ, яъне тибқи талаботи моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ кашидани онҳо мешаванд.

Дар охир ҷаласаи мазкур дар шакли саволу ҷавоб давом дода шуда, ширкаткунандаи ҷаласа ба арҷгузорӣ ва эҳтироми муқаддасоти миллию рамзҳои давлатӣ, таҳкими истиқлолияти давлатӣ, ҳифзи Ватан, амният ва суботи ҷомеа, баланд бардоштани ҳисси баланди миллии ватандӯстӣ, худшиносиву худогоҳӣ, аз даст надодани зиракии сиёсӣ ҳидоят карда шуданд.