Бе иҷозатнома амал намудани фаъолияте, ки иҷозатномаро талаб мекунад

16 сентябри соли 2020 судяи суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Амирзода Т.Р. дар маҷлиси ошкорои судӣ, дар бинои суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмуриро нисбати ҳуқуқвайронкунанда Хоркашев Давлатбек Махмадбекович, 12-уми августи соли 1997 санаи таваллудаш, зодаи шаҳри Душанбе, миллаташ тоҷик, таҳсилоташ миёна, муҷаррад, бекор, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, бо моддаи 510 қисми 2 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ намуда, муайян кард.

Хоркашев Давлатбек Махмадбекович санаи 13 сентябри соли 2020, соати 12:20 дақиқа дар хиёбони Рӯдакии шаҳри Душанбе тавассути воситаи нақлиёти тамғаи «Тайёта-Каролла»  рақами қайди давлатиаш 4426ВВ 01 бе иҷозатномаи дахлдор ба фаъолияти мусофиркашонӣ машғул шудааст.

Ҳуқуқвайронкунанда дар мурофиаи судӣ худашро дар содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ пурра гунаҳгор шуморида, аз суд хоҳиш кард, ки нисбаташ ҷазои сабук таъин карда шавад.

Гунаҳгории ҳуқуқвайронкунанда Хоркашев Давлатбек Махмадбекович бо вуҷуди ба гуноҳаш пурра иқрор будани ӯ бо маводҳои парванда тасдиқи худро ёфт.

Ҳуқуқвайронкунанда бо ин кирдораш талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» аз 17.05.2004 таҳти №37-ро вайрон намуда, бе иҷозатнома ба фаъолияти мусофиркашонӣ машғул шудааст.

Суд кирдори ҳуқуқвайронкунанда Хоркашев Давлатбек Махмадбековичро бо моддаи 510 қисми 2 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки он ҷавобгарии маъмуриро барои бе иҷозатнома амал намудани фаъолияте, ки иҷозатномаро талаб мекунад, муқаррар кардааст, банду баст намуд.

Бо назардошти ҳолатҳои зикршуда, судя Хоркашев Давлатбек Махмадбековичро бо моддаи 510 қисми 2 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста, ба ў бо ҳамин модда ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи 10 (даҳ) нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 580 (панҷсаду ҳаштод) сомонӣ ба фоидаи давлат бидуни мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ таъин кард.