Бе иҷозатномаи махсус ба фаъолияти мусофиркашонӣ машғул гардидааст

Судяи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Шарофзода Б.Қ. дар маҷлиси ошкорои судӣ дар бинои суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбати ҳуқуқвайронкунанда Шукуров Шоҳрух Ҳабибуллоевич, 03 марти соли 1996 санаи таваллудаш, зодаи шаҳри Душанбе, милаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, муваққатан бекор, муҷаррад, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе кӯчаи Саҳбо, дар содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо моддаи 510 қисми 2-и  Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишударо дида баромад.

Муайян карда шуд, ки Шукуров Шоҳрух Ҳабибуллоевич рўзи 27 сентябри соли 2019, бо воситаи  нақлиёти тамғаи «Опел вектра» рақами қайди давлатиаш 56-70 НА 01, дар кӯчаи С.Шерозии шаҳри Душанбе бе иҷозатномаи махсус ба кашонидани мусофирон  машғул шудааст,  ки бо  ин  кирдораш талаботи моддаи 510 қисми 2-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистонро вайрон намуда, оиди  ин ҳолат аз тарафи нозири роҳ боздошт шуда, нисбаташ протоколи ҳуқуқвайрокунии маъмурӣ тартиб дода шудааст.

Ҳуқуқвайронкунанда Шукуров Шоҳрух Ҳабибуллоевич дар рафти мурофиаи судӣ нишондод дод, ки дар ҳақиқат ў рўзи 27 сентябри соли 2019, ба воситаи  автомашинаи тамғаи «Опел вектра» рақами қайди давлатиаш 56-70 НА 01, дар кӯчаи С.Шерозии шаҳри Душанбе бе иҷозатномаи махсус ба кашонидани мусофирон машғул шудааст, ки бо ин рафтораш аз ҷониби нозири роҳ боздошт шуда, нисбаташ протоколи ҳуқуқвайрокунии маъмурӣ тартиб дода шудааст. Аз суд хоҳиш кард, ки нисбати ў ҷазои сабук таъин карда шавад.

Ба ғайр аз ба гуноҳаш иқрор шудани ҳуқуқвайронкунанда Шукуров Шоҳрух Ҳабибуллоевич боз гуноҳи ў бо дигар далелҳои ҳуқуқвайронкунӣ, ки дар қабати парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ мавҷуданд, тасдиқи худро ёфт.

Суд бо далелҳои дар боло оварда шуда ҳаракатҳои ҳуқуқвайронкунанда Шукуров Ш.Ҳ.-ро бо моддаи 510 қисми 2-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иҷрои фаъолияте, ки иҷозатномаро талаб менамояд, банду баст кард.

Раводиди моддаи мазкур ҷазои маъмуриро дар намуди ҷарима бо мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ё бидуни он пешбинӣ менамояд.

Судя ҳангоми таъини ҷазо хусусияти ҳуқуқвайронкунии маъмурии содирнамуда, шахсияти ҳуқуқвайронкунанда Шукуров Ш.Ҳ.-ро ба инобат гирифта, ба хулоса омад, ки Шукуров Шоҳрух Ҳабибуллоевичро бо моддаи 510 қисми 2-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста, ба ў бо ин модда ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи 10 (даҳ) нишондиҳанда барои ҳисобҳо, яъне 550 (панҷсаду панҷоҳ) сомонӣ ба фоидаи давлат бидуни мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ таъин кард.