Бе иҷозатномаи махсус ба фаъолияти мусофиркашонии музднок машғул гардидааст

Санаи 15 майи соли ҷорӣ раиси суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе дар маҷлиси ошкорои судӣ дар бинои суд, парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмуриро нисбати ҳуқуқвайронкунанда Қурбонов Баҳрулло Хайруллоевич–18 январи соли 1990 санаи таваллудаш, миллаташ тоҷик, зодаи шаҳри Ваҳдат, сокини шаҳри Душанбе, кӯчаи Ҷомӣ, таҳсилоташ олии иқтисодӣ, муваққатан бекор, оииладор соҳиби ду фарзанд, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо моддаи 510 қисми 2-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ намуда, муайян кард:

Қурбонов Б.Х. санаи 14 майи соли 2019 тақрибан соати 08:35 дақиқа дар хиёбони Рӯдакии шаҳри Душанбе автомашинаи тамғаи «Тайота Королла» рақами қайди давлатиаш 5054НР01-ро идора намуда, бе иҷозатномаи махсус ба мусофиркашонии музднок машғул шудааст.

Қурбонов Б.Х. худашро гунаҳгор ҳисобида баёнот дод, ки дар ҳақиқат санаи 14-уми майи 2019 сол, дар кӯчаи Рӯдакии шаҳри Душанбе тавассути автомашина бе иҷозатномаи махсус ба фаъолияти мусофиркашонӣ машғул шудааст.

Гуноҳи Қурбонов Б.Х. бо вуҷуди ба гуноҳаш иқрор будани ў, бо маводҳои парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ исбот гардид.

Кирдори Қурбонов Б.Х. бо моддаи 510 кисми 2-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иҷрои фаъолияте, ки иҷозатномаро талаб мекунад тасниф карда мешавад, зеро тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» аз 17.05.2004 таҳти №37 барои мусофиркашонии музднок доштани иҷозатнома зарур аст.

Вақти интихоби андозаи ҷазои маъмурӣ суд ҳолатҳои сабуккунанда ва вазнинкунандаи ҷазоро ба инобат гирифта, Қурбонов Баҳрулло Хайруллоевичро бо моддаи 510 қисми 2 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста, нисбаташ ба андозаи даҳ нишондиҳанда  барои ҳисобҳо баробар ба 550 сомонӣ ба фоидаи давлат ҷаримаи маъмурӣ, бидуни мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ таъин кард.