Бе иҷозатномаи махсус ба фаъолияти мусофиркашонии музднок машғул гардидааст

Раиси суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Сангинзода Ғайрат санаи 15 апрели соли 2019 дар маҷлиси ошкорои судӣ дар бинои суд, парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмуриро нисбати ҳуқуқвайронкунанда Ҳасанов Дониёр Абдузахидович, 23 марти соли 1993 санаи таваллудаш, миллаташ тоҷик, зода ва сокини шаҳри Душанбе, кӯчаи Мастонгулов, маълумоташ олӣ,  ихтисос тарҷумонӣ, муввақатан бекор, муҷаррад, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо моддаи 510 қисми 2 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ намуда, муайян кард:

Ҳасанов Д. А. санаи 12 апрели соли 2019 тақрибан соати 13:03 дақиқа дар хиёбони Рӯдакии шаҳри Душанбе автомашинаи тамғаи «Опел» рақами қайди давлатиаш 0851ВВ01-ро идора намуда, бе иҷозатномаи махсус ба мусофиркашонии музднок машғул шудааст.

Ҳасанов Д. А. худашро гунаҳгор ҳисобида баёнот дод, ки дар ҳақиқат санаи 12 апрели соли 2019 дар кӯчаи Рӯдакии шаҳри Душанбе тавассути автомашинааш бе иҷозатномаи махсус ба фаъолияти мусофиркашонӣ машғул шудааст.

Гуноҳи Ҳасанов Д.А. бо вуҷуди ба гуноҳаш иқрор будани ӯ, бо маводҳои парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ исбот гардид.

Кирдори Ҳасанов Д. А. бо моддаи 510 кисми 2 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иҷрои фаъолияте, ки иҷозатномаро талаб мекунад тасниф карда шуд, зеро тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» аз 17.05.2004 таҳти №37 барои мусофиркашонии музднок доштани иҷозатнома зарур аст.

Моддаи 510 қисми 2 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазоро дар намуди ҷарима бо мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмури ё бидуни он пешбинӣ кардааст. Суд лозим донист нисбати ҳуқуқвайронкунанда Ҳасанов Дониёр Абдузахидович раводиди моддаи 510 қисми 2 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба андозаи даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 550 сомонӣ ба фоидаи давлат таъин кард.

Фаҳмонда дода шуд, ки нисбат ба қарор дар муҳлати даҳ шабонарӯз ба воситаи ҳамин суд ба коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои маъмурии суди шаҳри Душанбе шикоят ё эътироз пешниҳод намудан мумкин аст.