Дар эҷоди сулҳу ваҳдат

Давраи аввали соҳибистиқлолӣ марҳилаи басо душвори бунёд ва мустаҳкам намудани сулҳу субот барои Тоҷикистон маҳсуб меёфт. Зеро аз як тараф муқовимати тарафҳои ба ҳам муқобил (ҳукумати конститутсионӣ ва мухолифин), аз тарафи дигар тарҳрезии консепсияи оштии миллӣ сурат мегирифт. Дар ин раванд пеш аз ҳама саъю талошҳои Ҳукумати Тоҷикистон бо роҳбарии сарвари он Эмомалӣ Раҳмон ва хоҳишу иродаи халқ мусоидат намуд, то ки ҳар ду ҷониб марҳила ба марҳила ба якдигарфаҳмиву сулҳу салоҳ қадам монанд. Ин марҳила як нав санҷиши ҷиддӣ буд барои кишвари соҳибистиқлоли тоҷикон.

Маҳз Президент Эмомалӣ Раҳмон борҳо тарафҳои даргирро ба муколама даъват мекарданд ва эшон на танҳо ташаббускор ва илҳомбахши раванди гуфтушуниди байни тоҷикон, балки ташкилотчии ҳодисаи муҳим- санаи 27 июни соли 1997 ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ буданд. Бо ҳидояти Сарвари давлати тоҷикон дар раванди гуфтушунид байни тоҷикон ва дар давраи фаъолияти Комиссияи оштии миллӣ (солҳои 1997-2000) дар ҷамъияти тоҷикон тадриҷан эҳсоси душманӣ, бадбинӣ, нобоварӣ аз байн рафта, аҳди ҷомеаи тоҷикон манфиатҳои миллиро аз манфиатҳои сиёсӣ, динӣ, маҳалчигӣ ва ғайра боло гузоштанд, ки ин амал ба мустаҳкам гардидани худшиносии миллӣ оварда расонид. Ҳамин сиёсати инсонпарваронаи президент муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки халқи тоҷик аз ҳалокати умуммиллӣ наҷот ёфт.

Аз ҷониби Президент Эмомалӣ Раҳмон баъди ба имзо расидани созишномаи сулҳ ва вахдати миллӣ корҳои муҳим дар самти иҷрои ин ҳуҷҷати тақдирсоз ба роҳ монда шуданд. Аз ҷумла якчанд маротиба Санади бахшиши гуноҳҳо (1977), Қонунҳо дар бораи авфи иштирокчиёни муқовимати сиёсӣ ва мусаллаҳона (1997 ва 1999) ва қонуни махсус дар бораи гурезаҳо ва муҳоҷирони иҷборӣ (1997) қабул гаштанд. Президент чандин маротиба ба шаҳрвандони Тоҷикистон, ки Ватанро тарк карда буданд муроҷиат намуда, ба онҳо ваъда доданд, ки Ҳукумат амнияти эшонро таъмин ва ёрии моддӣ мерасонад. Ин иқдомҳо боварии даҳҳо ҳазор ҳамватанони бегуноҳ, занону кӯдакон, пиронсолону ҷавононро, ки маҷбуран тарки Ватан карда буданд, ба зиндагӣ эҳё намуд.

Имрӯзҳо, баъди гузашти айём, дастовардҳоро дар роҳи Ваҳдати миллӣ таҳлил намуда, хулоса кардан мумкин аст, ки миллати тоҷик дар самти сулҳофарӣ ба ҳадафи олии худ расидааст.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои бузургеро дар таъмини ҳуқуқии иқтисоди бозоргонӣ, баланд бардоштани некӯаҳволии мардум анҷом дод, қабули қонуну кодексҳо доир ба ҳуқуқи шаҳрвандӣ, истифодаи замин, муносибатҳои оилавӣ, танзими меҳнат, кодекси ҷиноятӣ, гумрук ва ғайра аз он далолат медиҳанд, ки ҷумҳуриамон ба фазои байналхалқӣ-ҳуқуқӣ устуворона ворид гаштааст.

Бо гузашти солҳо воҷаи вахдат ин мафҳуми муқаддас дар рӯзгори мо бештар аз пеш арзиш пайдо мекунад. Зеро изҳори назар кардан ба ҷаҳони имрӯз инсони соҳибназар эҳсос мекунад, ки то кадом андоза дар кишвари тинҷу осуда зиндагонӣ кардан барои оламиён душвор мегардад. Зеро терроризму экстремизми ҷаҳонӣ мардуми оламро ба хавотирӣ гузоштааст, ки оё фардо мо ҷаҳонро обод барои ояндагон мегузорем ё на. Ваҳдати миллии тоҷикон, ки дар ҳарҳалқаи он Пешвои миллати мо қарор доранд, як ҳадяи бузурги таърихист. Имрӯз халқҳои олам мехоҳанд дар як ҷаҳони дур аз хушунат дар ҳамбастагиву ҳамдилӣ бо ҳамдигар зиндагӣ кунанд. Яъне, сухан дар бораи вахдати халқҳои ҷаҳон меравад. Вале он ваҳдат ҳаргиз ба даст намеояд, агар дар дохили кишварҳо ягонагӣ, ҳамдилӣ ва ризояти миллӣ набошад. Махсусан дар ин рӯзҳои ҳасос, ки олам аз вабо ба дод омадааст чанд нафар бадхоҳи миллат ба сӯи кишвари мо санг меандозанд, забони тӯҳмат во кардаанд ва мехоҳанд зиндагии осудаи моро барбод диҳанд. Аз ин рӯ Вахдат муҳимтарин дастоварди миллии мост барои расидан ба Вахдати ҷаҳонӣ сулҳу ваҳдати миллати мо бе шакку шубҳа аз худшиносӣ ва худогохии миллӣ сарчашма мегирад. Аз Пешвои миллатамон cap карда, то ҳар як сокини оддии ин кишвар ба сулҳ ва ваҳдат эътимод ва боварии калон доранд. Зеро танҳо бо роҳи ваҳдат, якдигарфахмӣ кишварро муҳофизату пойдор ва ягонагии мардумро устувор карда метавонем. Воқеан инсоният дарк карда истодааст, ки маҳз Вахдат ва ягонагӣ ӯро ба ҳадафҳои олии зиндагонӣ мерасонад. Мо бояд Ваҳдати миллиро чун гавҳараки чашм ҳифз намоем ва ба ояндагон мерос гузорем. Зеро танҳо ваҳдат метавонад Ватани моро аз чашми бад нигаҳ дорад ва онҳое, ки нисбати мо муҳаббат надоранд, ҷуръат нахоҳанд кард, ки амали бадеро анҷом диҳанд. Ба маънии дигар Ваҳдат девори мустаҳками амният ва оромии Ватани азизамон мебошад. Имрӯз ҳамаи дастовардҳои шоистаи мамлакати мо самараи неки сулҳу Ваҳдати миллист. Ваҳдати миллии тоҷикон роҳи бузургеро дар рушду такомули соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ боз кард ва зина ба зина кишвари мо марҳалаҳои нав ба нави тараққиётро аз cap гузаронида истодааст. Пешвои миллат, ки кафили ин сулҳу саодати диёр мебошанд эътимоди кишварҳои оламро тавассути ба даст овардани Ваҳдат нисбати Ватани мо ба даст оварданд ва сулҳу осоиштагии имрӯзаи Тоҷикистон кафолати фардои дурахшони он мебошад. Арҷгузорӣ ба ин рӯз ин эътимоду эътиқод ба қудрату нерӯи офарандаи миллат мебошад. Мо дар Ваҳдат саодати мардумро мебинем ва ба худ бовар ҳосил мекунем, ки кишвари мо имрӯзи равшан ва ояндаи бузург дорад. Аз ин рӯ Ваҳдати миллиро мо ҳадяи бебаҳои таърихӣ барои тамомои сокинони сарбаланди он медонем.

Иди Вахдати миллӣ фархунда бод!

Шарофзода Баҳодур Қурбон-судяи суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе