Дар ҳолати мастӣ идора намудани воситаи нақлиёт

Суди ноҳияи И.Сомонии шаҳри Душанбе дар ҳайати раисикунанда Шарофзода Б.Қ.  дар маҷлиси ошкорои судӣ дар бинои суди ноҳияи И.Сомонии шаҳри Душанбе парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбати ҳуқуқвайронкунанда Ахмедов Наимҷон Имомҷонович, 17 апрели соли 1990 таваллудаш, зодаи шаҳри Душанбе, миллаташ тоҷик, таҳсилоташ миёна, муҷаррад, мувваққатан бе кор, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе кўчаи Б.Раҳимзода хонаи 18, дар содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо моддаи 332 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишударо дида баромада, муайян кард, ки ӯ дар таърихи 07 феврали соли 2019 соати 01:10 дақиқа дар кўчаи Карамоваи шаҳри Душанбе, бо воситаи нақлиёти тамғаи «Хундай Аксент», рақами қайди давлатиаш 79-94 ТТ 05-ро дар ҳолати мастӣ идора намуда, талаботи Қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро вайрон намудааст.

Ҳуқуқвайронкунанда Ахмедов Наимҷон Имомҷонович дар рафти мурофиаи судӣ ба гуноҳаш иқрор шуда, аз суд хоҳиш намуд, ки нисбаташ ҷазои сабук таъин карда шавад.

Новобаста аз он, ки Ахмедов Наимҷон Имомҷонович худро дар содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ гунаҳгор шуморида бошад ҳам, гуноҳи ў бо далелҳои дар қабати маводи парванда мавҷудбуда, тасдиқи худро ёфтааст.

Суд ҳангоми таъини ҷазо хусусияти ҳуқуқвайронкунии маъмурии содирнамуда, шахсияти гунаҳгор, ҳолатҳои сабуккунанда ва вазнинкунандаи ҷавобгарии маъмуриро ба эътибор гирифта, нисбати ҳуқуқвайронкунанда Ахмедов Наимҷон Имомҷонович дар доираи раводиди моддаи мазкур ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 15 (понздаҳ шабонарўз) бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи идора кардани воситаҳои нақлиёт ба муҳлати 5 (панҷ) сол таъин кард.