Дар ҳолати мастӣ идора намудани воситаи нақлиёт

Суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе дар ҳайати раисикунанда судя Нурализода С.М. санаи 05 марти соли 2019 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмуриро нисбати Ашуров Баҳром Ҳасанович, санаи таваллудаш 26 апрели 1988 сол, зодаи шаҳри Душанбе, миллаташ тоҷик, маълумоташ миёна, оиладор соҳиби 1 фарзанд, ҷои истиқоматаш шаҳри Душанбе кӯчаи Ҳ.Назаров хонаи 437, дар содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо моддаи 332 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишударо дида баромада, муайян кард, ки ӯ дар таърихи 10 феврали соли 2019 тахминан соати 17:45 дақиқа воситаи нақлиёти тамғаи  «Даево Сиело» рақами қайди давлатиаш 29-06 ОД 01-ро дар ноҳияи Шаҳринав идора намудааст, ҳангоми боздоштан ва санҷиши ҳуҷҷатҳояш аз тарафи нозирони роҳ ў ба истеъмоли нушокии спиртӣ гумонбар дониста шуда, барои гузаронидани ташхиси наркологӣ ба МСШ дар шаҳри Турсунзода ҳозир карда шудааст.

Ҳуқуқвайронкунандаи маъмурӣ Ашуров Б.Ҳ. дар мурофиаи судӣ худашро дар содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ пурра гунаҳгор шуморида, аз суд хоҳиш намуд, ки парванда дар доираи қонун ҳал карда шавад.

Гуноҳи ҳуқуқвайронкунанда Ашуров Б.Ҳ. бо вуҷуди ба гуноҳаш пурра иқрори будани ӯ, бо далелҳои дар қабати маводҳои парванда буда, исботи худро ёфт.

Раводиди моддаи мазкур ҷазоро дар намуди ҷарима ё ҳабси маъмурӣ бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи идораи воситаҳои нақлиёт пешбинӣ менамояд ва суд вобаста ба ҳолатҳои сабуккунанда ва вазнинкунандаи ҷавобгарии маъмурӣ, шахсияти ҳуқуқвайронкунанда ва ҳолатҳои корро ба инобат гирифта лозим донист, Ашуров Баҳром Ҳасановичро ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 15 (понздаҳ) шабонарӯз бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи идораи воситаҳои нақлиёт ба муҳлати 5 (панҷ) сол таъин кард.