ФЕМИДА — ИФОДАКУНАНДАИ АДОЛАТИ СУДӢ

Ҳар як инсон дорои ҳуқуқу озодиҳо мебошад. Шаҳвандони дохилию хориҷӣ новобаста аз миллаташон метавонанд дар ҳудуди ҷумҳурӣ фаъолият намоянд, зиндагии хешро пеш баранд. Ягонагии ҳар як давлату миллатро пеш аз ҳама шарҳвандонаш ташкил менамоянд, чи хеле ки Арасту қайд мекунад: «давлат ин умумияти иҷтимоӣ, яъне маҷмўи одамон аст». Бинобар ин маҳз инсонҳо давлатро ташкил мекунанд. Мо бо боварии комил гуфта метавонем, ки давлат бе инсон вуҷуд дошта наметавонад. Шояд инсон бе давлат ва қонун умр ба сар барад, вале бе доштани ин муқаддасоти бузург инсон ҳаргиз зиндагии хушу осударо муяссар шуда наметавонад. Аз ин ҷо чунин бармеояд, ки давлат, ҳуқуқ ва қонун бе инсон ва инсон бошад, бе чунин гуҳарҳои қимматбаҳо пойбарҷо буда наметавонанд. Бар замми ин, то он даме, ки дар давлат инсонҳои бошуур ва дорои дониши хуб мавҷуд набошанд, давлат ва ҳуқуқ ҳам ташаккул ёфта наметавонад. Пояндагиву устувории давлат ва ҳуқуқ дар дасти шаҳрвандон мебошад.

Агар шаҳрвандон ҳуқуқҳои хешро надонанд ва онҳоро ҳимоя карда натавонанд, ҳамеша зери фишору ранҷуриҳо қарор мегиранд. Бинобар ин, инсон бояд бо тамоми ҳастӣ кўшишҳои хешро баҳри ҳимояи ҳуқуқҳои худ ва баҳри давлату миллати хеш харҷ намояд. Мо бояд шукрона аз он намоем, ки Худованд моро мартабаи инсонӣ додааст ва ба мо симои беҳтарину зиндагии осоиштаро ато намудааст. Инсоне, ки ин раҳмати Парвардигори хешро муқаддас надонаду эҳтиромашро ба ҷо наоварад, вай ҳеҷ гоҳ зиндагии озоду олимақомро соҳиб намегардад. Ин ҳама неъмати илоҳиест, ки мо ин мартабаи олимақомро дар рўи замин соҳиб гаштем ва бо розигии вай ҳуқуқҳои хешро пайдо намудем. Қайд намудан зарур аст, ки ҳамаи олимону мутафаккирон ва ҳуқуқшиносони гузашта барои иброз намудани ҳуқуқу озодиҳои инсон ба мушкилотҳои зиёд рў ба рў шудаанд. Инсонҳое, ки ҳуқуқҳои хешро дар ҳаёт татбиқ карда наметавонанд ба мушкилиҳои зиёде рў ба рў мегарданд. Аз ин рў, ҳар як шахс бояд на танҳо ҳуқуқҳои хешро  донад, балки онҳоро ҳимоя низ карда тавонад. Зеро то кадом андоза ҳимоя шудани ҳуқуқи шахс аз худи ӯ вобаста аст.

Дар ҷаҳони муосир намояндагони касб ва шуғли  мухталиф ҷиҳати  ифодаи  махсусияти кори пешанамудаашон рамзеро ихтиёр кардаанд.  Касби ҳуқуқшиносӣ низ, ҳамчун куҳантарин навъи  фаъолият соҳиби рамзи  махсус мебошад. Рамзи олиҳаи юнонӣ – Фемида чун анъана ифодакунандаи адолати судӣ мебошад. Падидаҳое мисли қонун ва адолат, ҳуқуқ ва ҳақиқат, додрас ва додгустарӣ барои сокинон ва намояндагони фарҳангу тамаддунҳои гуногун бегона набуданд. Ин аст, ки дар ҳар як минтақаи сайёра, барои таъмини воқеии ин падидаҳо, бештар бо таъсири таълимоти динӣ олиҳа ва ё фариштае муваззаф гардида буд. Дар тамаддуни мисрӣ таъмини қонуният, тартибот ва ҳақиқат бар души олиҳа Маат вогузор мешуд. Эрониёни бостон  таълимоти зардуштиро ба роҳбарӣ гирифта, ба ҳайси рамз ва рукни фаъолияти додгустарӣ фариштаи Рашанро мепиндоштанд. Дар  тамаддунҳои славянӣ олиҳаи Прове ифодакунандаи адолати судӣ ба шумор мерафт. Бо ҳамин минвол халқ ва миллатҳои дигар  низ  бо  дар  назардошти  махсусияти миллӣ, фарҳангӣ, динӣ ва баъзан нажодии хеш барои ифодаи маъқулаҳои ҳуқуқ, ҳақиқат, адолат, қонуният, тартибот ва монанди инҳо, рамзҳои алоҳидаро интихоб намудаанд. Аммо дар ин миён шўҳрати беандозаро олиҳаи юнонӣ Фемида соҳиб шудааст ва имрўзҳо ҳатто дар ҷойи истилоҳи адолати судӣ бештар ҳамин мафҳумро истифода менамоянд.  Шояд нақш ва мақоми авлотар доштани тамаддуни Аврупоӣ дар илм ва ё воқеан комилтар будани рукнҳои ҳуқуқии ин олиҳа сабаб шуда бошад, ки маҳз ба ишораи он касби ҳуқуқшиносӣ тавсиф мегардад. Дар адабиёти қадимаи юнонӣ Фемида ҳамчун завҷаи Зевс ёдрас шудааст. Дар ибтидо ин олиҳа ҳамчун олиҳаи ҳуқуқ ва тартиботи ҳуқуқӣ баён мегардид.

Таъмини адолат бошад, ба зиммаи духтари вай – Дике вогузор шуда  будааст.  Ба қавле Зевс адолати судиро маҳз дар ҳузури Фемида ва духтараш Дике ба амал мебаровардааст. Рукнҳои рамзи Фемидаи юнонӣ танҳо тарозу ва шамшер будаанд. Чашми пўшида ва пироҳани сиёҳ аз ҷумлаи рукнҳои олиҳаи римӣ –  Юститсия будаанд, ки минбаъд ба Фемида нисбат дода шудаанд. Дар ҳар сурат имрўзҳо маҳз Фемида ба рамзи умумиэътирофшудаи касби ҳуқуқшиносӣ мубаддал гардидааст. Бинобар ин шарҳи атрибутҳои асосии онро мувофиқи  мақсад мешуморем,  ки  инҳо тарозу, шамшер, пироҳани сиёҳ ва чашми баста ба  шумор мераванд. Чун анъана дар дасти чапи олиҳаи Фемида тарозў тасвир меёбад. Тарозу рамзи куҳани адолат буда, тавассти он амалҳои неку бад, гунаҳкорӣ ва бегуноҳии фард баркашида мешаванд. Ҳар гунаҳкор мутаносибан ба амали содиршуднамудааш ҷазо мебинад. Сабаби ҷойгир шудани тарозу дар дасти чапи Фемида ба он нисбат дода мешавад,  ки дар  ин  қисмат дил ҷойгир аст ва он вазъиятро хубтар эҳсос менамояд. Шамшер,  ки  чун  анъана дар дасти  рости Фемида тасвир меёбад,  ифодакунандаи қудрат  ва интиқом мебошад. Сабаби дар дасти рост ҷойгир шудани шамшер ба кори рост ва ҳақ нигарон будани адолати судӣ нисбат дода мешавад. Тезии ҳарду бари шамшер онро  ифода мекунад,  ки қонун на танҳо сазо медиҳад, балки огоҳ низ мекунад ва дар он ҷанбаҳои тарбивӣ низ нуҳуфтаанд. Пироҳани сиёҳ (мантия)–либоси мутантан ва маросимие мебошад, ки ҷараёни баамалбарории адолати судиро боз ҳам расмитар месозад. Ҳикмати пироҳани сиёҳ танҳо дар он аст,  ки ба мурофиаи судӣ як навъ ҷазаба хоса зам намояд ва додрасро аз иштирокчиёни дигари мурофиа фарқ кунонад.

Чашми бастаи Фемида аломати ҳидояти вай ба беғаразист. Додрас  набояд ба вазъи иҷтимоӣ ва тафовути амволии иштирокдорони мурофиа  побанд  шавад,  балки  беғаразона  ҳар ду  ҷонибро  шунида,  ҳукми оқилона ва ба ҳақиқат асосёфтаро татбиқ намояд. Яъне  нобиноӣ дар ин маврид хеле шартӣ буда, ба он ҳидоят менамояд, ки миёни одамон тафовут гузошта нашавад  ва  ҳар  кас мувофиқ ба аъмоли  содиркардааш ҷазо бинад.

 

Котиби маҷлиси судии суди ноҳияи И. Сомонии шаҳри Душанбе,  Рӯзафзуни Шодмонрух.