Гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ

Санаи 18 феврали соли ҷорӣ, дар асоси нақшаи корӣ, судяи суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Ҳамидзода М. дар якҷоягӣ бо мутахассиси бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Убайдуллои Шамсулло, намояндаи Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Одилбекиён Сатрина, дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №11 ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе байни хонандагони ин муассиса вохӯрӣ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ дар мавзӯҳои муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2018, пешгирии омилҳои номатлуби ифротгароӣ, терроризму экстремизм, худкушӣ, хариду фурӯши одамон, муҳоҷирати меҳнатӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, ташаккули худшиносиву зиракии сиёсӣ, арҷгузорӣ ба муқаддасоти давлат ва хизмат ба Ватан, ҳифзи арзишҳои фарҳанги миллӣ, нашъмандию нашъаҷалобӣ, дар амал татбиқ намудани Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», ва «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» баргузор гардид.