Гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ

Санаи 11 феврали соли ҷорӣ, раиси суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Сангинзода Ғайрат дар якҷоягӣ бо мудири бахши кор бо ҷавонони Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе Гулов М., мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Иброҳимзода А.М., намояндагони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ, дар толори маҷлисгоҳи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ, байни ҷавонон ва хонандагони ин муассиса вохӯрӣ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ дар мавзӯҳои муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2018, пешгирии омилҳои номатлуби ифротгароӣ, терроризму экстремизм, худкушӣ, хариду фурӯши одамон, муҳоҷирати меҳнатӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, ташаккули худшиносиву зиракии сиёсӣ, арҷгузорӣ ба муқаддасоти давлат ва хизмат ба Ватан, ҳифзи арзишҳои фарҳанги миллӣ, нашъмандию нашъаҷалобӣ, дар амал татбиқ намудани Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», ва «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» баргузор гардид.