Хониши идоравӣ дар мавзӯи омӯзиши Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ»

Субҳи рӯзи 2-юми октябри соли ҷорӣ дар толори маҷлисгоҳи бинои суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе бо иштироки кормандони дастгоҳи суди ноҳия хониши идоравӣ дар мавзӯи омӯзиши Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ»» баргузор гардид. Мавзӯи мазкур аз тарафи корманди дастгоҳи суд Содиқов Умедҷон мавриди таҳлилу омӯзиш қарор дода шуд.

Қайд гардид, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ»» 5 марти соли 2007 таҳти №233 қабул карда шуда, асосҳои ташкилию ҳуқуқии хизмати давлатӣ, вазъи ҳуқуқӣ ва кафолатҳои иҷтимоии хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро муқаррар намудааст. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ ва молумулкӣ ба хизмати давлатӣ ҳуқуқи баробар доранд. Тибқи Қонуни мазкур зери мафҳуми хизмати давлатӣ фаъолияти касбии хизматчиёни давлатӣ, ки барои таъмини иҷрои ваколатҳои шахсони мансабдори давлатии ҳокимияти давлатӣ ва амалӣ намудани салоҳияти мақомоти давлатӣ муқаррар карда шудааст, фаҳмида мешавад. Хизматчии давлатӣ бошад, шахсе фаҳмида мешавад, ки шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мансаби давлатии хизмати давлатии музднокро дар асоси касбӣ бо мақсади таъмини иҷрои ваколатҳои шахсони мансабдори давлатии ҳокимияти давлатӣ ва амалӣ намудани салоҳияти мақомоти давлатӣ ишғол намудааст. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи хизмати давлатӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон эътироф намудааст, иборат мебошад.

Бо ҳамин Қонуни мазкур маврид таҳлил ва омӯзиш қарор гирифта, аз тарафи иштирокчиёни ҷаласа тариқи саволу ҷавобҳо ҷаласа идомад гардид.

Суратгузориш аз ҷараёни баррасии ҷаласа:

?

?

?

?

?