Худро корманди милитсия муаррифӣ кард

Суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе дар ҳайати раисикунанда Сангинзода Ғайрат дар толори суд 12 феврали соли 2019 парвандаи ҷиноятиро нисбати Хоҷаев Ҷонибек Ҷурақулович-05 декабри соли 1989 санаи таваллудаш, миллаташ тоҷик, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, маълумоташ миёна, муваққатан бекор, оиладор соҳиби як нафар фарзанди ноболиғ, қаблан суд нашудааст, зода ва сокини шаҳри Душанбе кӯчаи Сари Осиё хонаи № 133, бо моддаи 340 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ намуда, муайян кард, ки ӯ  оғоз аз 18 сентябри соли 2013 то 10 январи соли 2017 дар Раёсати ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дар вазифаи сержанти хурди милитсия кор кардааст ва шаҳодатномаи хизматии рақами ДБ № 005744 –ро доштааст. Хоҷаев Ҷ.Ҷ. моҳи июли соли 2015 ба садамаи автомобилӣ дучор гардида, пас аз табобати тулонӣ ба худ хулоса баровардааст, ки дигар дар мақомоти милитсия наметавонад кор кунад. Ҳамин тавр, ҳамкори ӯ марҳум Суюнов Насим моҳҳои октябр –ноябри соли 2015 шаҳодатномаи қалбакиро бо муқоваи ҳайати офитсерӣ таҳти силсилаи ДБ № 005744 аз 18 сентябри соли 2013 бо ному насаби сержанти хурди милитсия Хоҷаев Ҷонибек Ҷурақулович омода намуда, ба охирон барои ёдоварӣ супоридааст. Хоҷаев Ҷ.Ҷ. 10 январи соли 2017 аз вазифаи ишғолкардааш озод карда мешавад ва охирон шаҳодатномаи аслии хизматиашро ба Раёсати корҳои дохилии ВКД дар шаҳри Душанбе супорида, дидаву дониста, ки шаҳодатномаи дигар бо роҳи қалбакӣ сохта шудааст, онро то санаи 16 октябри соли 2018 бо худ нигоҳ доштааст. Хоҷаев Ҷ.Ҷ. санаи 16.10.2018 сол дар шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ назди бинои № 87 дар ҳолати мастӣ қарор дошта, худро корманди милитсия муаррифӣ намудаааст ва шаҳодатномаи қалбакиро барои исботи гуфтаҳояш пешниҳод кардааст.

Судшаванда Хоҷаев Ҷ.Ҷ.  худро дар содир кардани ҷинояти пешбиникардаи моддаи 340 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра гунаҳгор шуморида, маҷбурӣ набудани эътирофи гуноҳашро тасдиқ намуда, хоҳиш кард парванда мутобиқи талаботи моддаи 310-и КМҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби соддакардашуда баррасӣ карда шавад.

Суд кидори судшаванда Хоҷаев Ҷ.Ҷ.-ро бо далелҳои дар қабати парвандаи ҷиноятӣ буда исботшуда ҳисобида, кирдори ӯро бо моддаи 340 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷавобгарии ҷиноятиро барои аз ҷониби судшаванда истифода намудани ҳуҷҷати баръало қалбакӣ пешбинӣ мекунад, тасниф кард.

Вақти интихоби намуд ва андозаи ҷазо хусусияту дараҷаи хавфнокии ҷамъиятии ҷинояти содиршуда, сабабҳои содиршавии он, тарзи амал, ҳолатҳои сабуккунанда ва вазнинкунадаи ҷазо, шахсияти судшаванда ба инобат шуда,  Хоҷаев Ҷонибек Ҷурақулович бо моддаи 340 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста, нисбаташ ҷазо дар намуди ҷарима ба фоидаи давлат ба андозаи 250 (дусаду панҷоҳ) нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё худ баробар ба андозаи 12.500 (дувоздаҳ ҳазору панҷсад) сомонӣ таъин карда шуд.