Идомаи баргузории мулоқоту вохӯрӣ бо хонандагону омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҳудуди ноҳияи Исмоили Сомонӣ

Санаи 6 июни соли ҷорӣ, гуруҳи корӣ бо иштироки судяҳои суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Шарофзода Баҳодур, Исозода Хуршед ва Ҳамидзода Муҳаммадҷон ҷиҳати амалӣ намудани нақша-чорабиниҳо, байни омӯзгорону хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6 ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе вохӯрӣ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ дар мавзӯҳои муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2018, пешгирии омилҳои номатлуби ифротгароӣ, терроризму экстремизм, худкушӣ, хариду фурӯши одамон, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, ташаккули худшиносиву зиракии сиёсӣ, арҷгузорӣ ба муқаддасоти давлат ва хизмат ба Ватан, ҳифзи арзишҳои фарҳанги миллӣ, нашъмандию нашъаҷалобӣ, дар амал татбиқ намудани Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», ва «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» доир гардид.