Иштирок намудан дар амалиётҳои ҷангӣ ва пайваст шудан ба аъзоёни ташкилоти террористии «Давлати исломӣ»

Суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе дар ҳайати раисикунанда судя Сангинзода Ғайрат, машваратчиёни халқӣ Дадобоева М.С. ва Шарипова М.Ғ., бо котибии Мартабшозода Фаридун, бо иштироки айбдоркунандаи давлатӣ намоянда аз Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Далер, ҳимоятгар Каримов Нурулло дар мурофиаи ошкорои судӣ дар толори суд 25 апрели соли 2019 парвандаи ҷиноятиро нисбати судшаванда: Сотиболдиев Содиқ Шокирҷонович-02 октябри соли 1994 дар шаҳри Ваҳдат таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳсилот миёнаи нопурра, муҷаррад, то ҳабс ҷои кори расмӣ надошт, қаблан суд нашудааст, ҷои истиқомат шаҳри Ваҳдат, кӯчаи Қ.Ёров хонаи № 38 мавриди баррасӣ қарор дод.

Аз ҷониби мақомоти тафтишоти пешакӣ нисбати Сотиболдиев Содиқ Шокирҷонович дар содир намудани ҷиноятҳо бо моддаҳои 4011 ва 1792 қисми 3 банди «а» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон айб эълон гардида, чунин муайян карда шуд:

Сотиболдиев Содиқ Шокирҷонович оғоз аз соли 2012 ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба шаҳри Москваи Федератсияи Россия мерафтааст. Давоми ин муддат ӯ дар шабакаи иҷтимоии «Ютуб» навору суратҳои ба азоёни ташкилоти террористии «Давлати Ироқу Шом» таалуқдоштаро тамошо карда, ба ғоя ва мақсадҳои ташкилоти террористии мазкур шиносоӣ пайдо намудааст ва онҳоро ҷонибдорӣ кардааст. Сотиболдиев Содиқ Шокирҷонович дар давоми моҳи марти соли 2016 ба радио-барномаи «Зелло» пайваст шуда, худро бо номи мустаори «Абу Абдулло 12345» ба қайд гирифтааст. Минбаъд ӯ мунтазам бо аъзоёни фаъоли ташкилоти террористии «Давлати исломии Ироқу Шом», аз ҷумла нафаре бо номи «Муҳаммад Муовия» шиносоӣ пайдо намудааст. Сотиболдиев С.Ш. даъвати нафари мазкурро барои иштирок намудан дар муҳорибаҳои ҷангӣ дар ҳудуди давлати Сурия қабул намуда, моҳи марти соли 2016 тариқи тайёра аз шаҳри Москва ба шаҳри Истамбули давлати Туркия сафар кардааст ва ба хотири номаълум кардани нияташ чиптаи ҳавопайморо барои бозпас омадан низ харидорӣ кардааст. Дар ҳудуди давлати Туркия ӯро аъзоёни ташкилоти террористии «Давлати исломӣ» қабул намуда, бо мақсади гузаронидан ба ҳудуди давлати Сурия чанд муддат дар манзилгоҳҳои гуногун нигоҳ доштаанд. Ҳамин тавр, пас аз гузашти 4-5 моҳи интизориҳо Сотиболдиев С.Ш. ва ҳамроҳонаш бо мақсади иштирок намудан дар амалиётҳои ҷангӣ ва пайваст шудан ба аъзоёни ташкилоти террористии «Давлати исломӣ» сарҳади давлатии Туркия ва Сурияро пинҳонӣ убур намуда, ба ҳудуди давлати Сурия омадаанд. Сотиболдиев Содиқ Шокирҷонович муддати дар ҳудуди давлати Сурия будан дар амалиётҳои ҷангии ташкилоти террористӣ ширкат варзидааст, аз ҷумла пас аз бомбаборон шудан дар шаҳри Идлиб ба маюбшудагон ва захмбардоштагон кӯмак кардааст. Сотиболдиев Содиқ Шокирҷонович бо мақсади пайваст шудан ба гуруҳи террористии «Давлати Исломии Ироқу Шом» муддати дар ҳудуди давлати Сурия буданаш чораҳои фаъол андешидааст ва чанд тан аз ҳамроҳонаш дар ҳамин ҳолат аз ҷониби дигари силоҳбадастон ба қатл расонида мешаванд. Баъдан охирҳои соли 2016 Сотиболдиев Содиқ Шокирҷонович пас аз мушкил гардидани вазъияти гуруҳи аъзоёни ифротгаро бо мақсади аз марг раҳо ёфтан пинҳонӣ ба давлати Туркия ва баъдан боз ба шаҳри Москваи Федератсияи Россия баргаштааст.

Сотиболдиев Содиқ Шокирҷонович фаъолияти ҷиноятиашро идома дода, бо мақсади ба ҷо овардани ҷиҳоди молӣ 25 декабри соли 2018 тавассути «Интерпромбонк» дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия барои дастрас намудан ба шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо номи Каримов Акбарҷон Шералиевич, ки нисбаташ парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст ва дар кофтукови байналхалқӣ қарор дорад ва ҳамон лаҳза дар ҳудуди давлати Сурия қарор доштааст, ба воситаи шаҳрванди Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо номи Тоҷиматов Ҳотамҷон Шукурилло Оғлӣ ҷиҳати анҳом додани маслиҳати пешакӣ, аз ҷониби гуруҳи муташаккил 320 доллари ИМА интиқол додааст.

Судшаванда Сотиболдиев Содиқ Шокирҷонович дар мурофиаи судӣ худро дар содир кардани ҷиноят бо моддаҳои 4011 ва 1792 қисми 3 банди «а» Кодекси ҷиноятии  Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра гунаҳгор ҳисобида, қайд кард, ки аз карда пушаймон мебошад.

Гунаҳгории Сотиболдиев Содиқ Шокирҷонович дар содир намудани ҷинояти бо моддаҳои 4011 ва 1792 қисми 3 банди «а» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинигардида барои  иштироки ғайриқонунии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар воҳиди мусаллаҳ, задухӯрди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ дар ҳудуди дигар давлатҳо ва маблағгузории ҷиноятҳои хусусияти террористидошта ба ғайр аз худиқрории худи судшаванда бо нишондоди шоҳидон ва далелҳои дигари аз рӯи парванда ҷамъоварда исбот гардид.

Дар мурофиаи судӣ шоҳид Сотиболдиев Шокирҷон Ҷураевич нишондод дод, ки судшаванда барояш писараш мебошад ва охирон лаҳзавӣ ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба Федератсияи Россия мерафтааст. Тахмин давоми моҳҳои июн-августи соли 2016 фарзандаш дар ҳудуди шаҳри Москва бедарак шудааст. Ҳамин тавр, чанд моҳ пас фарзандаш ба ӯ телефонӣ занг задааст ва хабар додааст, ки дар давлати Туркия қарор дорад ва гӯё он ҷо коркунӣ рафтааст. Бо воситаи пайдо кардани шиносҳояш барояш чипта ба шаҳри Москваи Федератсияи Россия харидорӣ намудаанд ва охирон баргаштааст. Фикр мекунад Содиқ аз нодонӣ ба ин амал даст задааст. Хоҳиш кард, ки нисбати фарзандаш ҷазои нисбатан сабук татбиқ карда шавад.

Суд кирдори судшаванда Сотиболдиев Содиқ Шокирҷонович бо моддаҳои 4011 ва 1792 қисми 3 банди «а» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон банду баст кард.

Вақти интихоби намуд ва андозаи ҷазо суд характер ва дараҷаи хавфнокии ҷамъиятии ҷинояти содиршуда, тарзи амал, шахсияти судшаванда, ҳолатҳои сабуккунанда ва вазнинкунандаи ҷазоро ба инобат гирифт.

Бо назардошти хусусияту дараҷаи хавфнокии ҷамъиятии ҷинояти содиршуда суд лозим донист, ки судшаванда Сотиболдиев Содиқ Шокирҷоновичро бо   моддаҳои 4011 ва 1792 қисми 3 банди «а» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста нисбаташ раводиди моддаҳои мазкур чунин ҷазо таъин кард:

— бо моддаи 4011 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон 15 (понздаҳ) сол ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ.

— бо моддаи 1792 қисми 3 банди «а» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон 15 (понздаҳ) сол ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ.

Мутобиқи моддаи 67 қисми 3 Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазои ниҳоӣ нисбати Сотиболдиев Содиқ Шокирҷонович аз рӯи маҷмӯи ҷиноятҳо бо роҳи қисман зам намудани ҷазоҳо 17 (ҳабдаҳ) сол ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ, бо нигоҳ доштан дар колонияҳои ислоҳии дорои низомаш сахт таъин кард.

Фаҳмонда дода шуд, ки нисбат ба ҳукм дар муҳлати 10 шабонарӯз, ба маҳкумшуда бошад дар ҳамон муҳлат пас аз гирифтани нусхаи ҳукм, тавассути ҳамин суд ба коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии суди шаҳри Душанбе шикоят ва ё эътирози кассатсионӣ пешниҳод намудан мумкин аст.