ИШТИРОКИ КОРМАНДОН ДАР РӮЗИ ДАВИ МИЛЛӢ

Имрӯзҳо варзиш дар ҷаҳони муосир аз маъмултарин соҳаҳое дониста мешавад, ки ҳар нафари ба он машғул ҳамеша тандуруст, нерӯманд, чусту чолок ва рӯҳану ҷисман солим мебошад. Варзиш боиси дурӣ ҷустан аз омилҳои номатлуб мегардад. Тарзи ҳаёти солим ва бо ин васила оммавигардонии варзиш яке аз ҳадафҳои кишвари азизамон аст, ки боиси дастгирӣ ва пайравӣ ба он аст. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи «Дави миллӣ» бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соли 2007 якшанбеи сеюми моҳи май, пешорӯи санаи фархундаи Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон (23 май) дар саросари кишвар баргузор мегардад ва сафи иштирокчиён сол то сол меафзояд, ки мақсад аз баргузор шудани чунин чорабинӣ ба тарзи дурусти ҳаёти солим қадам монондани мардуми шарафманди азизамон гувоҳ медиҳад.

Нимаи аввали 16 майи соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе рӯзи «Дави миллӣ» бо тантана ва иштироки васеи сокинони шаҳр, кормадони ташкилоту корхонаҳо, наврасону ҷавонон, занону бонувон, варзишгарон, хонандагону омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ, аз он ҷумла кормандони суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе баргузор гардид.

Дар баробари дигар вазорату идораҳо кормандони суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе дар ин чорабинӣ фаъолона иштирок намуда, масофаҳои гуногунро тай карданд.

 

Суратгузориш аз ҷараёни баргузории чорабинӣ