Иштироки кормандони дастгоҳи суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе дар семинари омӯзишӣ дар бинои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Имрӯз, 26 апрели соли ҷорӣ пас аз нисфирӯзӣ дар асоси нақшаи баргузории семинарҳо  барои кормандони дастгоҳи судҳои суди шаҳри Душанбе, ноҳияҳои шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва суди ҳарбии гарнизони Душанбе дар давраи нимсолаи якуми соли 2019 семинари омӯзишӣ гузаронида шуд, ки аз он ҷумла кормандони дастгоҳи суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе дар он иштирок доштанд. Семинари омӯзишии мазкур бо роҳбарии судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ваҳобзода Шаҳло ва сардори Раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Додозода Абдуманон гузаронида шуд.

Дар асоси нақшаи тасдиқгардидаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари омӯзишии мазкур ҳар ҷумъаи охири моҳ барои баланд бардоштани дониши ҳуқуқии кормандони дастгоҳи суд ба роҳ монда шудааст.

Дар семинари мазкур мавзӯъҳои зерин мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор гирифтанд:

  • Озод кардан аз ҷавобгарии ҷиноятӣ бинобар сабаби гузаштани муҳлати ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан, маърӯзачӣ Салимзода Акбар – котиби маҷлиси судии суди ноҳияи Файзобод;
  • Ҳуқуқҳои шахсии ғайримолумулкие, ки ҳастии табиии шахси воқеиро таъмин мекунад, маърӯзачӣ Абдулхайрзода Ҷамила – котиби маҷлиси судии суди шаҳри Душанбе.
  • Субъектони муносибатҳои меҳнатӣ. Асосҳои ба вуҷуд омадани муносибатҳои меҳнатӣ, маърӯзачӣ Шарипов Садриддин – котиби маҷлиси судии суди шаҳри Ваҳдат.
  • Ҳуқуқи молумулкии зану шавҳар, маърӯзачӣ Нодирӣ Маҳмадулло – котиби маҷлиси судии суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе.

Семинари мазкур баъди ба охир ҳар кадоме аз маърузаҳо дар шакли саволу ҷавобҳо аз иштирокчиён давом дода шуд.