Эълони ҳукм барои гирифтани пора бо роҳи тамаъҷӯӣ ба миқдори калон ва ҳамчун миёнарав, яъне ёрдамчӣ ба ҷинояти гирифтани пора, барои ҳаракати ғайриқонунӣ

Санаи 7 майи соли ҷорӣ судяи суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Ширинзода Ҷ. дар маҷлиси ошкорои судӣ дар толори маҷлисгоҳи судии суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе парвандаи ҷиноятиро нисбати:

  • Муҳаммадаброри Идрис, 10 феврали 1991 соли таваллудаш, зодаи ноҳияи Мир Саййид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон, миллаташ тоҷик, таҳсилоташ олӣ, ҷои кораш сардори шуъбаи назорати фармокологии маводи дорувории Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пеш суд нашудааст, оиладор, соҳиби ду фарзанд, ҷойи зисташ шаҳри Душанбе, кўчаи Н.Махсум, дар содир намудани ҷиноят бо моддаи 319 қисми 4 бандҳои “в,г” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
  • Файзиддини Ашуралӣ, 08 январи 1992 соли таваллудаш, зодаи ноҳияи Восеи вилояти Хатлон, миллаташ тоҷик, таҳсилоташ олӣ, ҷои кораш мутахассиси шуъбаи назорати давлатии маводи ороишию гигиении Сарраёсати назорати давлатии фаъолияти фармасевтии Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пеш суд нашудааст, муҷаррад, ҷойи зисташ шаҳри Душанбе, кўчаи 50 солагии Точикистон, дар содир намудани ҷиноят бо моддаи 36 қисми 5-319 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишударо баррасӣ намуд.

Аз ҷониби мақомоти тафтишоти пешакӣ чунин айб эълон гардида буд:

Муҳаммадаброри Идрис дар асоси фармони сардори Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи

иҷтимоии аҳолӣ таҳти №43 аз 14 феврали соли 2018 то инҷониб дар вазифаи сардори шуъбаи назорати фармокологии маводи дорувории Сарраёсати назорати давлатии фаъолияти фармасевтии Хадамоти мазкур кор карда, ҳамчун шахси мансабдор ба ҳисоб рафта, зимни фаъолияти кориаш дар ҳолатҳои зерин ба ҷинояти гирифтани пора, бо роҳи тамаъҷўӣ ва ба миқдори калон даст задааст.

Чунончӣ, 14 феврали соли 2019 ҳангоми гузаронидани санҷиши ногаҳонӣ дар анбори нигоҳдории маҳсулотҳои дандонпизишкии ҶДММ “Стамадент” ҳолати бидуни сертификати мутобиқат нигоҳдории маҳсулотҳои мазкурро муайян карда, онҳоро ба анбори корхонаашон дастрас намудааст. Сипас Муҳаммадаброри И. ҳамчун шахси мансабдор аз писари номбурда-шаҳрванд Раҳмонов Ҳусниддин Шарофитдинович бо таҳдиди ба расмият даровардани ҳолати мазкур ва ҳамзамон несту нобуд кардани ин молҳо, ки чунин ҳаракат ба доираи ваколати хизматии ў дохил мебошад ва вобаста ба мавқеи мансабиаш ба чунин ҳаракат мусоидат карда метавонад, маблағи 7000 доллари ИМА тамаъ карда, аз он 20 феврали соли 2019 дар наздикии бинои «Опера ва балети ба номи С.Айнӣ» маблағи 3000 доллари ИМА (баробар ба 28315,2 сомонӣ) ва 4000 сомонӣ ва 21 феврали соли 2019 дар утоқи кориаш, воқеъ дар бинои Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ маблағи 500 доллари ИМА (баробар ба 4719,2 сомонӣ) ба сифати пора гирифтааст. Баъдан, санаи 22 феврали соли 2019 Муҳаммадаброри И. ҳамчун шахси мансабдор бо ёрдами бевоситаи мутахассиси шуъбаи назорати маводҳои ороишию гигиенӣ ва ғизои кўдаконаи Хадамоти мазкур Файзиддини Ашуралӣ аз шаҳрванд Раҳмонов Ҳ.Ш. боқимонда маблағи 2000 доллари ИМА (баробар ба 18876,8 сомони)-ро дар назди тарабхонаи «Шаҳрисабз», воқеъ дар шаҳри Душанбе, кўчаи Қ.Раҳимов ба сифати пора тамаъ карда гирифт ва ғайриқонунӣ бидуни гузаронидани ташхиси дахлдор

маводҳои дандонпизишкии охиронро аз анбори Хадамоти зикршуда ҷавоб додааст. Ҳамин тариқ, дар маҷмӯъ Муҳаммадаброри И. бо роҳи тамаъҷўӣ аз шаҳрванд Раҳмонов Ҳ.Ш. маблағи 5500 доллари ИМА ва 4000 сомонӣ пораро ба миқдори калон гирифтааст.

Файзиддини Ашуралӣ дар асоси фармоиши сардори Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таҳти №02 аз 17 январи соли 2018 то инҷониб дар вазифаи мутахассиси шуъбаи назорати давлатии маводи ороишию гигиении Сарраёсати назорати давлатии фаъолияти фармасевтии Хадамоти мазкур кор карда, зимни фаъолияти кориаш ҳамчун миёнарав, яъне ёрдамчӣ дар ҳолатҳои зерин ба ҷинояти гирифтани пора, барои ҳаракати ғайриқонунӣ даст задааст.

Чунончӣ, санаи 14 феврали соли 2019 ҳангоми гузаронидани санҷиши ногаҳонӣ дар анбори нигоҳдории

маҳсулотҳои дандонпизишкии ҶДММ “Стамадент” ҳолати бидуни сертификати мутобиқат нигоҳдории маҳсулотҳои мазкурро муайян карда, онҳоро ба анбори корхонаашон дастрас намудааст. Сипас Муҳаммадаброри И., ки ҳамчун шахси мансабдор маҳсуб меёбад, аз Раҳмонов Ҳ.Ш. бо таҳдиди ба расмият даровардани ҳолати мазкур ва ҳамзамон несту нобуд кардани ин молҳо, ки чунин ҳаракат ба доираи ваколати хизматии ў дохил мебошад ва вобаста ба мавқеи мансабиаш ба чунин ҳаракат мусоидат карда метавонад, маблағи 7000 доллари ИМА тамаъ карда, аз он 20 феврали соли 2019 дар наздикии бинои «Опера ва балети ба номи С.Айнӣ» маблағи 3000 доллари ИМА  ва 4000 сомонӣ ва санаи 21 феврали соли

2019 дар утоқи кориаш, воқеъ дар бинои Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ маблағи 500 доллари ИМА ба сифати пора гирифтааст. Сипас, 22 феврали соли 2019

Муҳаммадаброри И. ҳамчун шахси мансабдор шахсан тавассути миёнарав Файзиддини А. аз шаҳрванд Раҳмонов Ҳ.Ш. боқимонда маблағи 2000 доллари ИМА (баробар ба 18876,8 сомони)-ро дар назди тарабхонаи «Шаҳрисабз», воқеъ дар шаҳри Душанбе, кўчаи Қ.Раҳимов ба сифати пора тамаъ карда гирифта, ғайриқонунӣ бидуни гузаронидани ташхиси дахлдор маводҳои дандонпизишкии охиронро аз анбори Хадамоти зикршуда ҷавоб додааст.

Дар асоси гуфаҳои боло, суд Муҳаммадаброри Идрисро бо моддаи 319 қисми 4 бандҳои “в,г” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Файзиддини Ашуралӣ бо моддаи 36 қисми 5-319 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста чунин ҷазо таъин кард:

Ба Муҳаммадаброри Идрис бо моддаи 319 қисми 4 бандҳои “в,г” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазо дар намуди маҳрум сохатан аз озодӣ ба муҳати 9 (нўҳ) сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои роҳбарикунанда дар корхона ва муассисаҳои давлатӣ ба муҳлати 5 (панҷ) сол таъин кард.

Ба Файзиддини Ашуралӣ бо моддаи 36 қисми 5-319 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазо

дар намуди маҳрум сохатан аз озодӣ ба муҳлати 4 (чор) сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян дар корхона ва муассисаҳои давлатӣ ба муҳлати 3 (се) сол таъин кард.

Фаҳмонда дода шуд, ки аз болои ҳукми суд ба коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии суди шаҳри Душанбе дар мулати даҳ шабонарўз аз лаҳзаи эълон кардани он ба маҳкумшудаҳо бошад аз лаҳзаи гирифтани нусхаи ҳукм тавассути ҳамин суд шикоят ё эътирози кассатсионӣ овардан мумкин аст.