Маҷлиси идона бахшида ба «Рӯзи кормандони мақомоти судӣ»

Нимаи аввали рӯзи 26 октябри соли равон дар суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе маҷлиси корӣ бахшида ба «Рӯзи кормандони мақомоти судӣ» доир гардид. Дар ҷаласа Сангинзода Ғайрат – раиси суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, Кабирзода Сарфароз – муовини якуми раиси суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, Нурализода Сафар – муовини раиси суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, судяҳо ва кормандони дастгоҳи суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе иштирок доштанд.

Маҷлиси мазкурро раиси суд – Сангинзода Ғайрат кушода, ҳайати суд ва дар симои онҳо тамоми корманду собиқадори мақомоти судиро бо ин рӯзи фархунда муборакбодӣ намуда, ба онҳо таманниётҳои нек орзу намуданд. Қайд карданд, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» 26 октябр – «Рӯзи кормандони мақомоти судӣ» эълон карда шудааст. Суд дар низоми мақомоти давлатӣ шохаи мустақили ҳокимияти давлатӣ унвон карда шудааст, ки он аз ҷониби судҳо ва аз номи давлат амалӣ гардида, адолати судиро аз рӯи парвандаҳои ҷиноятӣ, гражданӣ, оилавӣ ва баҳсҳо вобаста ба мутобиқати меъёрҳои санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ ба Контстутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал мебароранд ва танҳо суд метавонад шахсро дар содир намудани ҷиноят гунаҳгор дониста, нисбати ӯ ҷазои ҷиноӣ таъин намояд. Судя шахси мансабдоре мебошад, ки барои ба амал баровардани адолати суд бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин ва интихоб шудааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба рушди низоми судии кишвар ҳамеша таваҷҷўҳи хоса зоҳир намуда, қайд кардаанд, ки “фаъолияти судяҳо бояд мисли оина покиза бошад ва онҳо бо масъулияти баланд дарк намоянд, ки давлат амалӣ намудани адолати судиро, ки бевосита ба ҳифзу ҳимояи муқаддастарин ва муқаддамтарин арзиш, яъне инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ў алоқаманд мебошад, ба мақомоти судӣ бовар намудааст ва саҳлангорию бемасъулиятӣ дар иҷрои ин рисолат амали норавост”.

Албатта дар низоми идоракунии давлатӣ ҳеҷ як давлат бе ниҳоди судӣ арзи вуҷуд карда наметавонад, ба он чун воситаи таъмини адолату ҳақиқат ниёз дорад ва аз ин рў дар ин ё он шакл низоми судии худро ҳамчун сохтори муҳим ва таркибии худ ба роҳ мемонад.

Суд шохаи мустақили ҳокимияти давлатӣ буда, мувозинати шохаҳоро бо истифодаи принсипи мувозинат ва боздорӣ таъмин намуда, намегузорад, ки ҳеҷ як шохаи дигар ваколати ҳокимияти худро сӯйистифода намояд.

Мувофиқи моддаи 84 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 3 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 26 июли соли 2014 таҳти №1084 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон адолати судиро Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, Суди ҳарбӣ, суди ВМКБ, судҳои вилоятӣ, суди шаҳри Душанбе, судҳои шаҳру ноҳияҳо, суди иқтисодии ВМКБ, судҳои иқтисодии вилоятҳо, суди иқтисодии шаҳри Душанбе амалӣ мекунанд.

Бо ҳамин маҷлиси мазкур дар шакли маъруза кардани иштирокчиёни ҷаласа давом дода шуда, дар охир ҳайати кормандон ба арҷгузорӣ ва эҳтироми муқаддасоти миллию давлатӣ, риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таҳкими истиқлолияти давлатӣ, ҳифзи Ватан, амният ва суботи ҷомеа, баланд бардоштани маърифатнокии ҷомеа, ҳисси баланди миллии ватандӯстӣ, худшиносиву худогоҳӣ, аз даст надодани зиракии сиёсӣ, баҳри беҳтару хубтар намудани фаъолияти мақомоти судӣ даъват ба амал оварда шуданд.

Суратгузориш аз ҷараёни баргузории мулоқот:

?

?

?