Маҳрум шудан аз озодӣ барои ҳаракати дорои хусусияти шаҳвонӣ дошта, ки бо аломатҳои такроран, нисбат ба шахси баръало ноболиғ анҷом дода шудааст

Суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе дар ҳайати раисикунанда, судя Исозода Х.И., машваратчиёни халқӣ Ҳақбердиев И.Х. ва Сайдуниева С.С. дар маҷлиси пӯшидаи судӣ дар бинои суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе парвандаи ҷиноятӣ нисбати судшаванда:

Ивакин Вадим Виталевич, 02 майи соли 1986 санаи таваллудаш, миллаташ рус, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳсилоташ олӣ, қаблан суд нашудааст,

дар содир намудани ҷинояти дар моддаҳои 139 қисми 2 банди “д”, 139 қисми 3 банди “а” ва 139 қисми 4 банди “а” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишударо мавриди баррасӣ қарор дод.

Аз ҷониби мақомоти тафтишоти пешакӣ нисбати судшаванда Ивакин Вадим Виталевич барои содир намудани ҷинояти дар моддаҳои 139 қисми 2 банди “д”, 139 қисми 3 банди “а” ва 139 қисми 4 банди “а” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин айб эълон гардида буд:

  1. Барои ҳаракати дорои хусусияти шаҳвонӣ дошта, ки нисбат ба шахси баръало ноболиғ анҷом дода шудааст (моддаи 139 қисми 2 банди “д” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон).
  2. Барои ҳаракати дорои хусусияти шаҳвонӣ дошта, ки нисбати ду ё зиёда шахсон анҷом дода шудааст (моддаи 139 қисми 3 банди “а” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон).
  3. Барои ҳаракати дорои хусусияти шаҳвонӣ дошта, ки нисбат ба шахси баръало ба синни чордаҳсолагӣ нарасида анҷом дода шудааст (моддаи 139 қисми 4 банди “а” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон).

Кирдори судшаванда Ивакин Вадим Виталевичро бо моддаи 139 қисми 4 банди “а” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки он ҷавобгарии ҷиноятиро барои ҳаракати дорои хусусияти шаҳвонӣ дошта, бо аломатҳои такроран, нисбат ба шахси баръало ноболиғ анҷом дода шудааст, нисбати ду ва зиёда шахсон ва нисбат ба шахси баръало ба синни чордаҳсолагӣ нарасида пешбинӣ мекунад, банду баст карда шуд.

Қисми 4 моддаи 139 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазоро дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз понздаҳ то бист сол пешбинӣ менамояд.

Суд ҳангоми таъини ҷазои ҷиноятӣ нисбати судшаванда Ивакин Вадим Виталевич хусусияту дараҷаи хавфнокии ҷамъиятии ҷинояти содиршуда, яъне арзиши объектҳои бо қонун муҳофизатшаванда, сабабҳои содир намудани ҷиноят, тарзи амал, шахсияти судшаванда, хусусият ва андозаи зарари расонидашуда, ҳолатҳое, ки ҷазоро сабук ва вазнин мекунад, талаботҳои Қарори Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №33 аз 24 декабри соли 2010 “Дар бораи ҳукми судӣ” ва Қарори Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №4 аз 25 июни соли 2004 “Дар бораи таҷрибаи судӣ доир ба парвандаҳои марбут ба ҷиноятҳо ба муқобили озодии ҷинсӣ ё дахлнопазирии ҷинсӣ”-ро ба инобат гирифта, Ивакин Вадим Виталевичро бо моддаи 139 қисми 4 банди “а” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста, ба ӯ бо ин модда ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 17 (ҳабдаҳ) сол бо адо намудани ҷазо дар колонияҳои ислоҳии дорои низомаш сахт, таъин кард.

Нисбат ба ҳукми мазкур шикояти кассатсионии судшаванда Ивакин Вадим Виталевич ворид гардида, дар асоси таъиноти суди шаҳри Душанбе аз 2 сентябри соли 2020 шикояти кассатсионии Ивакин Вадим Виталевич ҳукми суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе бетағйир мононда шудааст.