Мавқеи мақомоти судӣ дар низоми идоракунии давлатӣ

Баъди соҳиб гаштан ба истиқлолияти давлатӣ марҳилаи нави давлатдории тоҷикон шурӯъ гардид, ки инкишофи ин марҳилаи мазкур ибтидои худро аз Иҷлосияи ХV1-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар раванди он интихоб шудани сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад. Қабул шудани рамзҳои давлатӣ, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, инкишофи низоми нави қонунгузорӣ, ба даст омадани сулҳ ва ризоияти миллӣ, эҳёи дубораи забони давлатӣ дар низоми коргузорӣ, инкишофи низоми судӣ, таъсиси Суди конститутсионӣ, таъсиси парламенти ду палатагӣ ва даҳҳо тани дигар натиҷаи ҷонбозиҳои Сарвари давлат ва самараи Истиқлолияти давлатӣ ба шумор меравад, ки ҳамаи он баъди қабул шудани истиқлолияти давлатӣ имкон доданд.

Қабул шудани истиқлолияти давлатӣ дар мамлакат шароит муҳайё намуд то низоми идоракунии сезинагии шохаи ҳокимияти давлатӣ ташкил карда шуда, плюрализми сиёсӣ (гуногун андешагии сиёсӣ) кафолат дода шавад. Эълон шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ яке аз марҳилаҳои инкишофи низоми давлатдорӣ дар низоми байналхалқӣ мебошад, ки дар он халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ эълон карда шавад.

Суд дар низоми мақомоти давлатӣ шохаи мустақили ҳокимияти давлатӣ унвон карда шуд, ки он аз ҷониби судҳо ва аз номи давлат бароварда шуда, адолати судиро аз рӯи парвандаҳои ҷиноятӣ, гражданӣ, оилавӣ ва баҳсҳо вобаста ба мутобиқати меъёрҳои санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ ба Контстутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал мебароранд ва танҳо суд метавонад шахсро дар содир намудани ҷиноят гунаҳгор дониста, нисбати ӯ ҷазои ҷиноӣ таъин намояд. Судя шахси мансабдоре мебошад, ки барои ба амал баровардани адолати суд бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин ва интихоб шудааст. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба рушди низоми судии кишвар ҳамеша таваҷҷўҳи хоса зоҳир намуда, қайд кардаанд, ки “фаъолияти судяҳо бояд мисли оина покиза бошад ва онҳо бо масъулияти баланд дарк намоянд, ки давлат амалӣ намудани адолати судиро, ки бевосита ба ҳифзу ҳимояи муқаддастарин ва муқаддамтарин арзиш, яъне инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ў алоқаманд мебошад, ба мақомоти судӣ бовар намудааст ва саҳлангорию бемасъулиятӣ дар иҷрои ин рисолат амали норавост”.

Мавлавӣ дар Маснавии маънавӣ ҳикоятеро бо ҳамон ҳадафи ҳамешагӣ, яъне панду андарз ба сурати ғайримустақим меоварад: Ҳикояти фарде, ки бар маснади қазоват нишаста ва бими он дорад, ки оё метавонад аз ўҳдаи қазоват барояд ё хайр?! Мавлоно дар дили яке аз достонҳои баланд, достони қозиеро таъриф мекунад, ки аз дуруст қазоват накардан бим дорад ва нигарони он аст, ки натавонад хубиро аз бадӣ ва ростро аз дурўғ ташхис дода ва қазовати нобаҷо дошта бошад. Фардеро ба унвони қозӣ бар маснади қазоват гузоштанд ва ў гиря мекард. Ҷонишини ў бад-ў гуфт: эй қозӣ! Чаро гиря мекунӣ? Акнун, ки вақти гиряву зории ту нест, балки вақти шодмонӣ ва нишоти туст. Қозӣ ба ноиб посух дод: як одами мураддад чӣ гуна метавонад миёни ду нафаре, ки аз моҷаро огоҳ ҳастанд ва барои қазоват ба пеши қозӣ меоянд, қазоват кунад? Он ду нафар, ки алайҳи якдигар иддао доранд, аз моҷарои худ бохабар ва огоҳанд, вале қозии бенаво аз чӣ чиз хабар дорад? Қозӣ, ки нисбат ба аҳволи мутахосимайн бехабар ва ноогоҳ аст, чӣ гуна метавонад дар бораи хуну мол доварӣ кунад? Ноиб ба ў мегўяд: дуруст аст, ки ин ду муроҷиаткунанда ба моҷарои худ огоҳӣ доранд, вале дар айни ҳол дучори ғаразварзӣ ҳастанд. Ва дуруст аст, ки ту аз чигунагии моҷарои онон бехабарӣ, вале ту шамъи фурўзони ин мардум ҳастӣ, чаро ки ту дучори ғаразу нақсе нестӣ, ҳамин амр мояи равшании дидагони ботинии ту шудааст. Вале ғараз он ду шахсро кўр карда ва ғаразварзӣ, доноӣ ва илмашонро мадфун сохтааст. Беғараз будан нодониро ба доноӣ дигаргун месозад ва ҳамин ғараз доноиро воруна мекунад ва онро мояи ситамкорӣ месозад. Ин ҳикоя аз он гувоҳӣ медиҳад, ки судя шамъи фурўзони мардум бояд бошад, то битавонад баҳси онҳоро ҳал намояд ва “дар бораи хуну мол” доварӣ кунад.

Албатта дар низоми идоракунии давлатӣ ҳеҷ як давлат бе ниҳоди судӣ арзи вуҷуд карда наметавонад, ба он чун воситаи таъмини адолату ҳақиқат ниёз дорад ва аз ин рў дар ин ё он шакл низоми судии худро ҳамчун сохтори муҳим ва таркибии худ ба роҳ мемонад.

Суд шохаи мустақили ҳокимияти давлатӣ буда, мувозинати шохаҳоро бо истифодаи принсипи мувозинат ва боздорӣ таъмин намуда, намегузорад, ки ҳеҷ як шохаи дигар ваколати ҳокимияти худро сӯйистифода намояд.

Ҳокимияти судӣ мақомоти ҳокимияти давлатӣ буда, яке аз шаклҳои асосии фаъолияти давлат ҷиҳати ба амалбарории адолати судӣ мебошад. Адолати судӣ сохти ҷамъиятӣ, давлатӣ, тамоми шаклҳои моликият, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ҳуқуқҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, дигар ҳуқуқ ва манфиатҳои шахсии шаҳрвандон, корхонаю муассисаҳо, ташкилотҳои дорои шаклҳои гуногуни моликиятро аз ҳама гуна сӯйисқасд муҳофизат менамояд. Вобаста ба ин адолати судиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон судҳои муташаккил ба амал мебарорад. Низоми ягонаи мақомоти судиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон судҳои салоҳияташон умумӣ ва махсус ташкил медиҳад. Низоми судҳои умумиро Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарӣ намуда, аз Суди Олӣ, судҳои вилоятӣ, судҳои шаҳру ноҳияҳо иборат мебошад. Дар баробари онҳо судҳои салоҳияташон махсус, аз қабили: Суди конститутсионӣ, Суди Олии иқтисодӣ, судҳои иқтисодии вилоятҳо ташкил карда мешаванд.

Мувофиқи моддаи 84 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 3 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 26 июли соли 2014 таҳти №1084 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон адолати судиро Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, Суди ҳарбӣ, суди ВМКБ, судҳои вилоятӣ, суди шаҳри Душанбе, судҳои шаҳру ноҳияҳо, суди иқтисодии ВМКБ, судҳои иқтисодии вилоятҳо, суди иқтисодии шаҳри Душанбе амалӣ мекунанд.

Адолати судӣ бо як қатор принсипҳои дар қонунгузорӣ дарҷ гардида, аз тарафи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардида, шакли фаъолити онро муайян мекунад.

  1. Ҳама дар назди қонун ва суд баробаранд (моддаи 17 Конститутсия). Адолати судӣ дар асоси баробарии шаҳрвандон дар назди қонун ва суд, сарфи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил, молу мулк ва ҳолатҳои дигар сурат мегирад. Шаҳрвандони хориҷӣ ва ашхоси бе шаҳрвандидошта дар қаламрави Тоҷикистон баробари шаҳрвандони Тоҷикистон аз ҳуқуқи ҳимояи судӣ истифода мебаранд.
  2. Судҳо дар фаъолияти худ мустақил буда, танҳо ба Конститутсия ва қонун итоат мекунанд (моддаи 87 Конститутсия). Қонун мустақилияти судро бо кафолатҳои зерин таъмин мекунад:

— тибқи қонун интихоб, таъин, озод ва бозхонд шудан;

— дахлнопазирии судҳо;

— бо тартиби дар қонун пешбинишуда, амалӣ гардондани адолати судӣ;

— манъ будани ҳаргуна дахолат ба кори амалӣ гардондани адолати судӣ таҳти таҳдиди ҷавобгарӣ;

— махфӣ будани машварати судҳо ҳангоми қабул намудани санадҳои судӣ;

— ҷавобгарӣ барои эҳтиром накардани суд;

— бо ҳуқуқ доштан барои ба истеъфо баромадан, бо хоҳиши худ ба кори дигар гузаштан, аз вазифа озод шудан ва бозхонди судя;

— ташкили мақомоти иттиҳоди судҳо;

— муҳайё кардани шароитҳои зарурӣ барои фаъолияти судҳо ва инчунин таъмини моддӣ, ҳимояи ҳуқуқӣ ва маишии онњо.

  1. Судҳо парвандаҳоро ба таври дастҷамъӣ ва ё танҳо баррасӣ мекунанд (моддаи 88 Конститутсия). Тамоми парвандаҳои гражданӣ, оилавӣ, маъмурӣ ва ҷиноятие, ки категорияи ҷиноятҳои начандон вазнин, дараҷаи миёна ва вазнинро ташкил медиҳад аз ҷониби судяҳои судҳои умумӣ дар марҳилаи аввал ба таври танҳо баррасӣ карда мешавад. Тибқи моддаи 17 Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаҳо дар марҳилаи якуми суди иқтисодӣ, ба истиснои парвандаҳо оид ба муфлисшавӣ, аз ҷониби судя танҳо баррасӣ карда мешаванд. Парвандаҳои ҷиноятие, ки категорияи махсусан вазнинро дорад дар зинаи аввал ба таври дастаҷамъӣ, яъне дар ҳайати судя ва ду машваратчии халқӣ баррасӣ карда мешаванд. Баррасии тамоми шикояту эътирозҳо дар ҳамаи судҳои марҳилаи кассатсионӣ ва назоратӣ ба тариқи дастаҷамъӣ баррасӣ карда мешаванд.
  2. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мурофиаи судӣ ба забони давлатӣ ва ё бо забоне сурат мегирад, ки аксарияти аҳолии маҳал бо он гуфтугў мекунанд (моддаи 88 Конститутсия). Ба ашхосе, ки дар мурофиа иштирок карда, забонеро, ки бо он мурофиаи судӣ сурат мегирад, намедонанд, ҳуқуқи ба забони модариашон баромад кардан ва ё аз хизмати тарҷумон ройгон истифода бурдан таъмин карда мешавад.
  3. Баррасии парвандаҳо дар тамоми судҳо ошкоро сурат мегирад, ба истиснои мавридҳое, ки қонун муайян кардааст (моддаи 88 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон). Мурофиаи судӣ дар маҷлисҳои пўшидаи суд фақат дар ҳолатҳои муқаррарнамудаи қонун ва зимнан бо риояи ҳамаи қоидаҳои судӣ, маҷоз аст. Масалан, дар баррасии парвандаҳои ҷиноятӣ тибқи Кодекси мурофиаи ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳокимаи пўшидаи судӣ, инчунин бо таъиноти асосноки суд (қарори судя) оид ба парвандаҷои ҷиноятии шахсоне, ки ба синни шонздаҳ нарасидаанд, ба муқобили озодӣ ва дахлнопазирии ҷинсӣ ва ҷиноятҳои дигар, бо мақсади пешгирии фош шудани маълумоти ҷанбаҳои маҳрамонаи шахсони иштирокчии парванда ё маълумоте, ки шаъну эътибори онҳоро паст мезанад, инчунин дар ҳолатҳое, ки онро манфиати таъмини амнияти иштирокчиёни мурофиа ва шоҳидон ё хешовандони наздики онҳо талаб мекунад, мумкин аст гузаронида шавад. Аммо бояд қайд кард, ки қарор, ҳукм ва таъиноти судӣ дар ҳама маврид ошкоро эълон карда мешавад.
  4. Мурофиаи судӣ ба тарзи мубоҳиса ва дар асоси баробарии тарафҳо сурат мегирад (моддаи 88 Конститутсия). Баррасии парвандаҳо дар асоси баҳсу мунозираи тарафҳо сурат мегирад, ки ҳар кадом ба як андоза ба суд далелҳо пешниҳод мекунанд ва дар тафтиш ва арзёбии онҳо ширкат меварзанд.
  5. Ҳеҷ кас то эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукми суд дар содир кардани ҷиноят гунаҳгор дониста намешавад.

Ҳеҷ кас баъди гузаштани мўҳлати таъқиби ҷиноятӣ, инчунин барои содир кардани рафторе, ки ҳангоми воқеъ шуданаш ҷиноят ҳисоб намеёфт, ба ҷавобгарӣ кашида намешавад. Барои як ҷиноят ҳеҷ кас такроран ҷазо намебинад (моддаи 20 Конститутсия).

Қонуне, ки баъд аз содир шудани рафтори ғайриқонунии шахс қабул шудааст ва он ҷазои шахсро вазнин мекунад, қувваи бозгашт надорад. Агар баъд аз содир шудани рафтори ғайриқонунӣ барои он ҷазо пешбинӣ нашуда бошад ва ё ҷазои сабук пешбинӣ шуда бошад, қонуни нав амал мекунад.

  1. Бе эҳтиромӣ нисбати суд ва дахолат ба фаъолияти суд манъ мебошад (моддаи 87 Конститутсия). Зоҳир намудани бе эҳтиромӣ нисбати суд аз тарафи иштирокчиёни парванда ё шаҳрвандоне, ки дар ҷаласаи судӣ ширкат меварзанд, тибқи қонун ҷавобгарӣ дорад. Барои таъсири ғайриқонунӣ расонидан ба судя ва машваратчии халқӣ, ки дар ба амал баровардании адолати судӣ ширкат меварзад ба мақсади халал расонидан ба баррасии ҳамаҷониба пурра ва холисонаи парвандаи мушаххас ҷавобгарӣ пешбинӣ шудааст.
  2. Иҷрои санадҳои судӣ ҳатмӣ мебошад. Ҳалномаҳо, ҳукмҳо, таъинотҳо ва қарорҳои қабулкардаи судҳо, ки эътибори қонунӣ пайдо кардаанд, барои иҷро ҳатмӣ мебошанд. Дар шароити бозори иқтисодӣ ва нобаробарии молу мулкии шаҳрвандон, ҷой доштани омилҳои коррупсионӣ таъмини бечуну чарои қарорҳои судӣ аҳамияти махсус пайдо мекунад.
  3. Судя ҳуқуқи дахлнопазирӣ дорад. Дахлнопазирии судя инчунин ба манзил ва утоқи хизматӣ, нақлиёт ва воситаҳои алоқае, ки дар истифодаи ў қарор доранд, муросилот ва ашёю ҳуҷҷатҳои ў тааллуқ дорад. Парвандаи ҷиноятӣ нисбати судя танҳо аз тарафи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда мешавад. Судяи Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодиро бе ризоияти Маҷлиси миллӣ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан, ба ҳабс гирифтан мумкин нест. Судяҳои судҳои ҳарбӣ, судҳои ВМКБ, вилоятӣ, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия, Судҳои иқтисодии ВМКБ, вилоятӣ, шаҳри Душанбе бе ризояти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан, ба ҳабс гирифтан мумкин нест. Ғайр аз ин боз бисёр кафолатҳои дахлнопазирии судяҳо муқаррар карда шудааст.
  4. Таъминоти амнияти судяҳо, аъзои оилаашон ва молу мулки онҳо аз тарафи давлат кафолат дода мешавад. Судя барои гирифта гаштан, нигоҳ доштан ва истифода бурдани яроқ ҳуқуқ дорад.

Фаридун Мартабшозода – котиби судии суди

ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе