Муомилоти ғайриқонунӣ бо асъори хориҷӣ

22 апрели соли равон судяи суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Шарофзода Б.Қ. дар маҷлиси ошкорои судӣ дар бинои суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбати Тураева Муҳабат, санаи таваллудаш 11-уми январи соли 1957 санаи таваллудаш, зодаи ноҳияи Нуробод, миллаташ тоҷик, маълумот миёна, оиладор соҳиби шаш нафар фарзанд, нафақахур, сокини ноҳияи Рӯдакӣ дар содир намудани кирдори ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо моддаи 541 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди баррасӣ қарор дод.

Ҳуқуқвайронкунанда Тураева Муҳабат санаи 21 марти 2020 сол тахминан соати 1:30 дақиқа ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативи ҷустуҷўӣ, воқеъ дар суроғаи шаҳри Душанбе, кўчаи Н.Муҳаммад ба мубодилаи асъори хориҷи машғул шудааст, ки дар натиҷа ҳолати мазкур ошкор гардида, нисбати Тураева Муҳабат бо моддаи 541 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда шудааст.

Ҳуқуқвайронкунанда Тураева Муҳабат дар рафти мурофиаи судӣ худашро гунаҳгор шуморида, аз кардааш пушаймонӣ изҳор намуда, хоҳиш намуд, ки нисбаташ ҷазои сабук таъин карда шавад.

Гуноҳи ҳуқуқвайронкунанда Тураева Муҳабат дар содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо далелҳои ҳуқуқвайронкунӣ, ки дар қабати маводҳо мавҷуданд, тасдиқи пурраи худро ёфт.

Суд ҳаракатҳои ҳуқуқвайронкунанда Тураева Муҳабатро бо моддаи 541 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон барои муомилоти ғайриқонунӣ бо асъори хориҷӣ бо роҳи хариду фурўш, иваз ё истифодаи он ба сифати дигар воситаҳои пардохт, ҳангоми набудани аломати ҷиноят, ҷавобгарии маъмуриро пешбинӣ намудааст,  банду баст кард.

Раводиди моддаи 541 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазои алтернативиро дар намуди ҷаримаи маъмурӣ бо мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ пешбинӣ кардааст.

Судя ҳангоми таъини ҷазо хусусияти ҳуқуқвайронкунии маъмурии содирнамуда, шахсияти гунаҳгор, ҳолатҳои сабуккунанда ва вазнинкунандаи ҷавобгарии маъмурӣ, вазъи молумулкии ҳуқуқвайронкунандаро ба инобат гирифта, Тураева Муҳабатро бо моддаи 541 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста ва ба ў бо ҳамин модда ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи 50 (панҷоҳ) нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 2900 (ду ҳазору нуҳсад) сомонӣ бо мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба фоидаи давлат таъин кард.