Муомилоти ғайриқонунии воситаи нашъадор

Судяи суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Исозода Х.И. парвандаи ҷиноятиро нисбати,

Бисмиллоҳ Валади Ҳорун соли 1995 санаи таваллудаш зодаи вилояти Қундузи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, миллаташ тоҷик, таҳсилоташ миёнаи нопурра, муваққатан бекор, бе ҳизб, қаблан суд нашудааст, оиладор, сокини вилояти Қундузи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, деҳаи Мулло сардор, хонаи берақам, дар содир намудани ҷиноятҳои дар моддаҳои 200 қисми 4 банди “д”, 289 қисми 3 ва 335 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишударо баррасӣ намуд.

Мақомоти тафтишоти пешакӣ Бисмиллоҳ Валади Ҳорунро барои он айбдор ҳисобидааст, ки санаи 29 августи соли 2018 соати тахминан 21:25 дақиқа, ў дар ҳудуди вилояти Қундузи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, деҳаи Мулло сардор аз Баҳодур ном сокини Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, ки шахсияташ ба тафтишот маълум нест, дар як халта воситаҳои нашъаовари навъи «Афюн»-ро ғайриқонунӣ соҳиб шуда, онҳоро якҷоя бо «Рўзмаҳмад» ва се нафар шахсоне силоҳбадаст бо мақсади дар ҳудуди деҳаи Овиёни ноҳияи Ш. Шоҳини вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳибияти «Сайда» ном шахс, ки дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти оперативӣ-ҷусуҷӯӣ” амал мекард, додан, ғайриқонунӣ ба маҳалли зикршуда интиқол медиҳанд. Зимни ба соҳибияти «Сайда» ном шахс, ки дар асоси Қонуни ҶумҳурииТоҷикистон “Дар бораи фаъолияти оперативӣ-ҷусуҷӯӣ” амал мекард додани воситаҳои нашъадор, ӯро кормандони милитсия дастгир намуда, дар рафти кофтукови шахсӣ аз дасташ як халтаи дар дохилаш бисту як адад баста воситаи нашъадори навъи афюн мавҷуд буда дарёфт карда шудааст, аммо «Рўзмаҳмад» ва се нафар шахсони силоҳбадаст аз ҷойи ҷиноят пинҳон мешаванд.

Судшаванда Бисмиллоҳ Валади Ҳорун дар мурофиаи судӣ бо айби ба ӯ эълошуда худашро пурра гунаҳгор ҳисобида, аз кирдори содиркардааш сидқан пушаймон буда, аз суд хоҳиш намуд, ки нисбаташ ҷазои сабук таъин карда шавад.

Гарчанде судшаванда Бисмиллоҳ Валади Ҳорун худро бо айби ба ӯэълоншуда пурра гунаҳгор ҳисоб намояд ҳам, аммо гуноҳи ӯ дар содир намудани ҷиноятҳои мазкур бо  далелҳои парвандаи ҷиноятӣ тасдиқи худро ёфт.

Суд кирдорҳои судшаванда Бисмиллоҳ Валади Ҳорунро бо моддаи 200 қисми 4 банди “д” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки он ҷавобгарии ҷиноятиро барои ғайриқонунӣ соҳиб шудан, нигоҳ доштан, интиқол бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан, ҳамчунин ғайриқонунӣ ба соҳибияти каси дигар додани воситаҳои нашъадор, бо аломатҳои аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ, ба микдори махсусан калон содир шудааст бо моддаи 289 қисми 3 Кодекси ҷиноятии ҶумҳурииТоҷикистон, ки он ҷавобгарии ҷиноятиро барои контрабанда (қочоқ), яъне аз сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронидани воситаҳои нашъадор , бидуни назорати гумрукӣ пешбинӣ мекунад ва бомоддаи 335 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки он ҷавобгарии ҷиноятиро барои, сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ғайриқонунӣ бо маслиҳати пешакӣ гузаштани гурӯҳи шахсон, пешбинӣ мекунад банду баст кард.

Суд ҳангоми таъини ҷазои ҷиноятӣ нисбати судшаванда Бисмиллоҳ Валади Ҳорун хусусияту дараҷаи хавфнокии ҷамъиятии ҷинояти содиршуда, яъне арзиши объектҳои бо қонун муҳофизатшаванда, сабабҳои содир намудани ҷиноят, тарзи амал, шахсияти судшаванда, хусусият ва андозаи зарари расонидашуда, ҳолатҳое, ки ҷазоро сабук ва вазнин мекунад  ба инобат гирифта, Бисмиллоҳ Валади Ҳорунро бо моддаҳои200 қисми 4 банди “д”, 289 қисми 3 ва 335 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста, бо дастрасии қисми 3 моддаи 67 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи қисман зам кардани ҷазоҳои таъиншуда, ҷазои ниҳоӣ нисбати Бисмиллоҳ Валади Ҳорун дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати 21 (бисту як) сол, бо адо намудани ҷазо дар колонияҳои ислоҳии низомашон сахт, таъин кард.