Нақши Хокимияти судӣ дар таъмини ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд

Муҳимтарин вазифаи давлат ҷиҳати устувор нигоҳ доштани пояҳои истиқлолият, соҳибихтиёрӣ ва тамомияти арзӣ таъмини ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба ҳисоб меравад. Давлат барои таъмини иҷрои ин вазифаи пурмасъул мақомотҳои дахлдорро таъсис дода, ба ин восита ҳимояи ҳуқуқи инсон ва шаҳрвандро ба роҳ мемонад. Ягона мақомоти давлатие, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моддаи 14 таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандонро ба он вобаста намудааст, ин ҳокимияти судӣ мебошад. Албатта ин бесабаб нест, зеро Ҳокимияти судӣ тибқи муқаррароти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мустақил буда, аз номи давлат ва аз тарафи судяҳо амалӣ мегардад. Ҳокимияти судӣ ҳуқуқ, озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонунияту адолатро ҳифз менамояд. Баҳри таъмини иҷрои ин вазифаи муҳим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низоми муайяни судӣ амал дошта, ҳамарӯза дар асоси аризаҳо, аризаҳои даъвогӣ ва дигар шакли муроҷиати шаҳрвандон аз ҷониби судҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаҳо оғозу баррасӣ шуда, бо дастрасии меъёрҳои ҳуқуқи моддӣ ва мурофиавӣ ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд таъмин мегардад. Барои мисол баррасии парвандаҳои гражданӣ ва оилавӣ, ки аз мушкилоту баҳсҳои дохили оила, ҷомеъа ва давлат ба миён меоянд ва аксаран шаҳрвандон дар ин самт ҷиҳати ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳояшон ба судҳо муроҷиат менамоянд, паҳлуи асосии кори судяҳо ба ҳисоб меравад. Бо баррасии парвандаҳо дар суд омили асосие, ки ба вайроншавии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд оварда мерасонад, ошкор ва муайян гашта, бо қабули санадҳои судӣ ҳуқуқи вайронгаштаи шаҳрвандон ҳимоя ва барқарор шуда, ҷиҳати бартараф намудани сабабу шароитҳое, ки ба вайроншавии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд боис мегардад, таъиноти хусусӣ ба мақомот ва ё ташкилотҳои дахлдор ирсол карда мешавад. Омили асосие, ки дар ҳаёти ҳамарӯза ба зиёд шудани баҳсҳои оилавӣ боис мегардад ва он сабаби вайроншавии ҳуқуқу озодиҳои аъзоёни оила махсусан ноболиғон мегардад, ин бекоршавии ақди никоҳ ба ҳисоб меравад. Дар судҳо мушоҳида мегардад, ки баъди бекор кардани ақди никоҳ баҳсҳо оид ба алимент, чизу чора, оид ба муайян кардани ҷои зисти фарзандон, муошират бо фарзанд, эътирофи моликияти муштарак ва тақсими он, доир ба аъзои оилаи молик эътироф кардан ва маскун кардан дар манзили истиқоматӣ ва ғайраҳо ба миён меоянд. Мувофиқи талаботи моддаи 1-и Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оила, ақди никоҳ, модар, падар ва кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти муҳофизати давлат қарор доранд. Тавре аз таҷрибаи судӣ мушоҳида мегардад, судҳо дар самти устуворсозии оилаҳо ҳамеша чораандешӣ намуда, бо роҳи рад кардани даъвоҳо оид ба бекор кардани ақди никоҳ, таъини муҳлати оштишавӣ ба тарафҳо, ирсоли таъиноти хусусӣ ба Бахши кор бо занон ва оилаи назди МИМҲД-и ноҳияҳо ҷиҳати андешидани чораҳои иловагӣ барои барқарорсозии муносибатҳои оилавии тарафҳо, ҳамеша кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки оилаҳо барҳам нахурда, барқарор гарданд.

Мувофиқи моддаи 19-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар кас кафолати ҳифзи судӣ дорад. Бо назардошти меъёри мазкур ҳар як шахс дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангомии вайрон шудани ҳуқуқу озодиҳояш метавонад ҷиҳати таъмини ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои вайронгаштааш ва ё барқарорсозии он, ба суди дахлдор муроҷиат намояд.

Ҷиҳати руҳбаланд намудани кормандони мақомоти судӣ дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» рӯзи 26-уми октябр рӯзи кормандони мақомоти судӣ эълон шуда, маҳз ин ҳолат барои боз ҳам баланд бардоштани масъулият ва фаъолияти кормандони мақомоти судӣ таъсири хуб гузошта метавонад. Дар Қонун ҳамчун иди касбӣ нишон додани рӯзи муайян ин нишони эҳтироми баланди Роҳбарияти Олии мамлакат ва Мақомоти қонунгузор буда, ҳар як корманди судро водор месозад, ки ба қадри ин эҳтиром расида, аз гузашта дида, боз ҳам бештару хубтар фаъолият намояд.
Рӯзи иди касбӣ муборак муҳтарам Раисон, судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳо.

 

Бо эҳиром судяи суди ноҳияи
Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе
Ҳамидзода М.