Қонуни ҶТ “ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ МУРОФИАВИИ ҶИНОЯТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН”

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ МУРОФИАВИИ ҶИНОЯТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Бо қарори Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 17 октябри соли 2018, № 1203

қабул карда шуд.

Бо қарори Маҷлиси миллии

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 25 декабри соли 2018, № 587

ҷонибдорӣ карда шуд.

Моддаи 1. Ба моддаи 116 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2009 қабул карда шудааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2009, № 12, мод. 815, мод. 816; с. 2010, №7, мод. 551; с. 2011, № 3, мод. 159, № 7 – 8, мод. 609; с. 2012, № 4, мод. 259, № 7, мод. 714, № 8, мод. 815, № 12, қ. 1, мод. 1020, мод. 1025; с. 2013, № 7, мод. 510, мод. 511; с. 2014, № 3, мод. 142, № 11, мод. 643; с.2015, № 11, мод. 950; с.2016, № 3, мод. 128, № 5, мод.357, № 7, мод. 610, мод. 611; с. 2017, № 1 – 2, мод. 4; с. 2018, № 5, мод. 267), иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

– ба қисми 2 ҷумлаи чорум бо мазмуни зерин илова карда шавад:

“Дар муддати то се рўзи корӣ баъд аз қабул кардани санади судӣ мақоме, ки ба суд дархостро дар бораи ба ҳабс гирифтани молу мулк пешниҳод кардааст, нусхаи санади судиро ба мақоми ваколатдор барои ворид намудани маълумоти дахлдор ба Феҳристи ягонаи давлатии ўҳдадориҳои таъминшуда ё Феҳристи ягонаи давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он ирсол менамояд.”;

– ба қисми 8 ҷумлаҳои дуюм ва сеюм бо мазмуни зерин илова карда шаванд:

“Дар асоси қарори таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор ё судя мақоми ваколатдор бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумотро дар бораи бекор кардани ҳабси молу мулк ба Феҳристи ягонаи давлатии ўҳдадориҳои таъминшуда ё Феҳристи ягонаи давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он ворид менамояд. Тартиби ворид намудани маълумотро ба феҳристҳои зикршуда Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.”.

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                           Эмомалӣ Раҳмон

 

ш. Душанбе, 2 январи соли 2019, № 1556