ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИР БА КОДЕКСИ ГРАЖДАНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН (ҚИСМИ ЯКУМ)

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИР БА КОДЕКСИ ГРАЖДАНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН (ҚИСМИ ЯКУМ)

Моддаи 1. Қисми 4 моддаи 124 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон (қисми якум), ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 1999 қабул шудааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1999, № 6, мод. 153, мод. 154; с. 2001, № 7, мод. 508; с. 2002, № 4, қ. 1, мод. 170; с. 2005, № 3, мод. 125; с. 2006, № 4, мод. 193; с. 2007, № 5, мод. 356; с. 2010, № 3, мод. 156, № 12, қ. 1, мод. 802; с. 2012, № 7, мод.700, № 12, қ. 1, мод. 1021; с.2013, № 7, мод. 504; с. 2015, № 3, мод. 200; с. 2016, № 7, мод. 612; с. 2019, № 1, мод. 4), дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

«4. Мақомоти корхонаи давлатӣ инҳо мебошанд:

— мақоми болоӣ – муассис;

— мақоми идоракунӣ – шӯрои нозирони корхонаи давлатӣ;

— мақоми иҷроия – роҳбари корхонаи давлатӣ.».

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                Эмомалӣ РАҲМОН

ш. Душанбе, 2 январи соли 2020, № 1656

 

 

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ

МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон (қисми якум)»

Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон (қисми якум)» қабул карда шавад.

 

Раиси Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон         Ш. ЗУҲУРОВ

ш. Душанбе, 23 октябри соли 2019, № 1450

 

 

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ

МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон (қисми якум)»

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон (қисми якум)»-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон (қисми якум)» ҷонибдорӣ карда шавад.

 

Раиси  Маҷлиси миллии Маҷлиси

Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                      М. УБАЙДУЛЛОЕВ

ш. Душанбе, 25 декабри соли 2019, № 716