Парчамат бодо парафшон, Тоҷикистон

Ба шарофати соҳибистиқлолии кишварамон ҳар сол санаи 24-уми ноябр ҳамчун Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷиистон дар сатҳи баланди давлатӣ таҷлил мегардад. Дар ин рӯзи муқаддас дар саросари кишвари паҳновару соҳибихтиёрамон гурӯҳ-гурӯҳ одамон бо ифтихору ғурур аз давлату давлатдорӣ дар даст парчамҳо қадам мезананд.

Парчам аз рӯзи қабули он дар радифи Нишони давлатӣ ва Суруди миллӣ ба сифати рамзи давлати соҳибихтиёри тоҷикон ба сарвати муқаддаси маънавии ҷомеаи мо табдил ёфта, хурду бузург ба он бо муҳаббату садоқат нисбат ба Ватан ва давлати миллии худ арҷ мегузоранд.

Эҳтиром ба Парчами давлатӣ ифодаи эҳсоси муҳаббату садоқати ҳар як фарди Ватан нисбат ба давлатдории миллӣ буда, мардуми шарифи Тоҷикистон зери ливои давлати худ дар ҳамаи соҳаҳо садоқатмандона заҳмат мекашанд.

Тибқи муқаррароти моддаи 3 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Парчам дар баробари Нишон ва Суруди миллӣ аз рамзҳои давлатӣ маҳсуб меёбад. Бинобар ин дар ҳамин асос эҳтиром ва арҷгузорӣ ба Парчами давлатӣ қарзи виҷдонии ҳар соҳибватан аст.

Бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» тағйирот ворид карда шуд, ки мувофиқи он ҳамасола 24-ноябр ҳамчун Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукӯҳу шаҳомат дар фазои амну суббот, ваҳдату ҳамраъйӣ ва умед ба фардои неку дурахшон таҷлил мегардад, ки ин нишона аз арҷгузорӣ ба гузаштаи хеш ва дар рӯҳияи худшиносӣ тарбия намудани насли наврас аст. Сокинони мамлакат ҳамасола ин ҷашни муқаддасу бошукуҳро ботантана таҷлил намуда, сол ба сол ба он шукуҳи тоза ато мекунанд. Зеро ҳар як фарди кишвар баробари нигоҳ кардану ба даст гирифтани Парчами миллӣ вуҷудашро ҳисси ифтихор ва аз ватану ватандорӣ фаро мегирад, ки ин гувоҳ аз худшиносиву худогоҳӣ ва фарҳангсолору соҳибтамаддун будани мардуми куҳанбунёди мост. Дар воқеъ мавҷудияти ин волотарин муқаддасоти миллӣ тавонист, ки дар замони соҳибистиқлолӣ боиси боз ҳам устувортар гардидани ваҳдати миллӣ, нангу номуси ватандорӣ, инсондӯстиву фарҳангсолорӣ ва як идда бунёдкориҳо гардад. Парчами миллии мо барои шинохти асолати миллӣ, эҳёи суннатҳои давлатдорӣ ва боз ҳам сарҷамъу муттаҳид намудани кулли сокинони мамлакат нақши бағоят арзишманд бозидааст. Парчами давлатии мо инъикосгари таъриху фарҳанги пурғановат, расму оинҳои деринаи давлатдориамон, ифодагари марому ҳадафҳои мардуми сарбаланди кишварамон буда, дар таҳкими давлати ободу осуда, дар самти бунёди ояндаи дурахшон чун рамзи давлати соҳибистиқлолу соҳибиқбол таҳти сарварии хирадмандонаи абармарди олими сиёсат, чеҳраи намоёну мондагору таърихӣ Эмомалӣ Раҳмон ба оламиён аз мавҷудияти сарзамини соҳибфарҳанге бо номи Тоҷикистон мужда медиҳад.

 

          Ҷурабек Ширинзода – судяи суди ноҳияи Исмоили

  Сомонии шаҳри Душанбе