Парвариш ва нигоҳдории ғайриқонунии ҳайвонот ва паррандаҳои хонагӣ дар ҳудуди марзию маъмурии пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Раиси суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Сангинзода Ғайрат дар маҷлиси ошкорои судӣ дар толори суд парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмуриро нисбати Хоҷаев Исмоил Хурсанович, 21 июни соли 1981 санаи таваллудаш, зода ва сокини шаҳри Душанбе кӯчаи Саҳбо хонаи № 743, миллаташ тоҷик, таҳсилоташ миёна, маҷрӯҳи гуруҳи 3, муваққатан бекор, оиладор соҳиби 3 (се) нафар фарзанд, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо моддаи 4801— қисми 1-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ намуда, муайян кард, ки  ҳангоми гузаронидани санҷиши иҷроиши Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи статуси пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қарори Раиси шаҳри Душанбе №195-20 аз 24-декабри  соли 2009 «Оид ба тадбирҳои ба танзим дарории нигоҳдошти чорво ва ҳайвонот дар ҳудуди марзию маъмурии шаҳри Душанбе», Қарори Маҷлиси вакилони халқии шаҳри Душанбе таҳти №150-15 аз 16.10.2008 сол «Дар бораи  Қоидаҳои  тартиботи ҷамъиятӣ, ободонӣ ва санитарӣ дар ш.Душанбе ва Амри  раиси ноҳияи И.Сомонии ш.Душанбе №36/1 аз 07.06.2010 сол «Дар бораи ба низом даровардани тартиби нигоҳдории чорво дар қаламрави ноҳия», муайян карда шудааст, ки Хоҷаев Исмоил Хурсанович, дар хонаи истиқоматиаш воқеъ дар суроғаи шаҳри Душанбе кӯчаи Саҳбо хонаи № 743, 1 (адад) чорвои калони шохдор, 1 (адад) асп ва 2 (адад) мурғро парвариш ва нигоҳдорӣ кардааст.

Ҳуқуқвайронкунанда Хоҷаев Исмоил Хурсанович дар суд бо гуноҳаш пурра иқрор шуда, баёнот дод, ки дар ҳақиқат дар хонаи истиқоматиаш як адад чорвои калони  шохдор, як адад асп в аду адад мурғро нигоҳдорӣ кардааст.

Ба ғайр аз ба гуноҳаш иқрор шудани ҳуқуқвайронкунанда Хоҷаев Исмоил Хурсанович гуноҳи ў бо дигар далелҳои ҳуқуқвайронкунӣ, ки дар қабати маводҳо мавҷуд буданд тасдиқи худро ёфт.

Мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи  статуси пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қарори Раиси шаҳри Душанбе №195-20 аз 24-декабри  соли 2009 «Оид ба тадбирҳои ба танзим дарории нигоҳдошти чорво ва ҳайвонот дар ҳудуди марзию маъмурии шаҳри Душанбе», Қарори Маҷлиси вакилони халқии шаҳри Душанбе таҳти №150-15 аз 16.10.2008 сол «Дар бораи  Қоидаҳои  тартиботи ҷамъиятӣ, ободонӣ ва санитарӣ дар ш.Душанбе ва Амри  раиси ноҳияи И.Сомонии ш.Душанбе №36/1 аз 07.06.2010 сол «Дар бораи ба низом даровардани тартиби нигоҳдории чорво дар қаламрави ноҳия», нигоҳ доштан, парвариш ва нигоҳдории ҳайвонот ва паррандаҳои хонагӣ дар ҳудуди марзию маъмурии пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шудааст.

Суд ҳангоми таъини ҷазо хусусияти ҳуқуқвайронкунии маъмурии содирнамуда, шахсияти гунаҳгор, ҳолатҳои сабуккунандаи ҷавобгарии маъмурӣ, вазъи молумулкӣ ва оилавии ҳуқуқвайронкунанда Хоҷаев Исмоил Хурсановичро ба инобат гирифта, нисбати ў дар раводиди моддаи номбурда ҷазо дар намуди ҷаримаи маъмурӣ ба андозаи 10 (даҳ) нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 550 сомонӣ ба фоидаи давлат таъин кард.