Рӯзи кормандони мақомоти прокуратура муборак бошад!

Суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе кормандони прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо рӯзи иди касбиашон табрик менамояд.

Сохтори имрӯзаи прокуратура бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳкими густариш ёфтааст. Бо иҷрои вазифаҳои конститутсионии худ фаъолияти дигар рукнҳои ҳокимиятро тақвият бахшида, ба оромию осоиштагӣ, тараққиёти иқтисодиёти мамлакат ва ҳамзамон ба баланд гардидани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мусоидат менамояд.

Дар ин рӯзи ҷашни касбӣ ба Шумоён барои амалӣ кардани ин вазифаи пуршарафу масъулиятнок бурдбориҳо таманно намуда, бароятон тандурустию умри дарози бобаракат, хушбахтиҳои оилавӣ ва дар ҷодаи таъмини адолат комёбиҳои беназирро хоҳонам.

 

Бо эҳтиром,

Раиси суди ноҳияи Исмоили

Сомонии шаҳри Душанбе, Сангинзода Ғайрат